• Статистика

  • Blog Stats

    • 524,359 hits
  • Flag Counter

КАРИШМА КАПУР- ЗАНИ АҶАЙ, АБХИШЕК ВА САНҶАЙ

Каришма Капур

Каришма Капур

Каришма 25-уми июни соли 1975 таваллуд шудааст. Падараш Рандхир Капур, модараш ҳунарпеша Баббита, хоҳараш Карина Капур ва бобояш ситораи дурахшони синамои ҳинд Раҷ Капур мебошанд. Каришма дар оилааш аввалин шуда новобаста аз эътирозҳо ба олами кино ворид шуд. Аз пайи вай Карина омад. Волидони ин ду хоҳарро ҳунармандони беҳтарини солҳои шастуми асри гузашта мешуморанд.


— Каришма, орзуи бузургтарини шумо чист?

— Мехоҳам, ки дар зиндагӣ аз касе ва чизе вобастагӣ надошта бошам. Орзу дорам тиҷорате ташкил намоям, ки ба санъати кино алоқаманд бошад.

— Вақтҳои фориғ аз корро ба чӣ мебахшед?

— Ба шунидани мусиқӣ ва рақс… Мусиқии ман чунон баланд садо медиҳад, ки ҳатто занги дарро баъзан базӯр мешунавам.

— Дар зиндагӣ аз чӣ метарсед?

— Аз нонхӯрак (механдад). Агар ба ман як нонхӯракро нишон дода фишор оварданӣ шавед, аз тарс ҳамаи сирро ошкор мекунам…

— Бо кадом ҳунарманди маъруф ошноӣ пайдо кардан мехоҳед?

— Бо Леонардо Ди Каприо.

— Каме дар бораи худ маълумот дода метавонед?

— Росташро мегӯям, китоб намехонам, ранги дӯстдоштаам гулобист, барои истироҳат ба Лондон ва Италия меравам… Идеалам дар кино модарам аст.

— Барои чӣ дар Болливуд имрӯзҳо наменамоед?

— Ман аз ҷониби мухлисон ва ҳамкасбонам бисёр эҳтиром дидам. Вале ҳаргиз афсӯс намехӯрам, ки тарки синамо кардам. Рӯҳи ман ҳамчун ҳунарманд ва аъзои хонадони машҳури Капурҳо ҳамеша бо Болливуд пайванд аст. Ҳоло ман ба таъмири манзилам, ки дар Мумбай аст, машғулам. Баъдан бояд духтарчаам Самира ба мактаб дохил шавад, ки ин ҳам ташвиши зиёд дорад. Боз писарчаи навзод дорам. Модар будан марҳилаи беҳтарини умрам аст. Лекин агар лоиҳаи филми мувофиқе пеш ояд, ҳатман қабул мекунам.

— Яъне сабаби хомӯширо танҳо дар тарбияи духтарчаатон мебинед…

— Медонед, бо ду издивоҷи нобарори хеш ( соли 1994 бо Аҷай Девган ва соли 2000 бо Абхишек Баччан) муддати тӯлонӣ ба худ омада натавонистам. Хушбахтии оилавиро дар издивоҷ бо Санҷай Капур эҳсос намудам. Шояд ба хотири мустаҳкам намудани оила буд, ки ман аз кинематограф дур шудам. Вале чӣ хеле ки дар боло гуфтам, интизори сенарияи хуб ҳастам.

— Шояд коргардонҳо шуморо аллакай аз хотир бароварданд…

— Не, дар ду соли охир дар ду филм ҳунарнамоӣ кардам, дар наворбардории реклама иштирок доштам. Ба наздикӣ чор коргардон сенарияҳои худро барои аз мадди назар гузаронидан ирсол карданд. Бо ду коргардон пештар ҳамкорӣ доштам, бо ду нафари дигар ҳоло ҳамкориро шурӯъ карданиам. Коргардонҳо гуфтанд, ки ба ҳаёти оилавиам кордор нестанд, муҳим он аст, ки ман ҳунарманди дилбохтаи касби хешам.

— Аз чандсолагӣ дар рӯйи саҳна ҳастед?

— Аз синни понздаҳсолагӣ, то имрӯз дар умум дар 82 филм нақш офаридаам.

— Ба ҳунари хоҳаратон чӣ гуна баҳо медиҳед?

— Байни ману Карина муносибати дӯстона вуҷуд дорад. Дар сӯҳбати ҳамдигар мо бисёр чизҳоро меомӯзем. Айни замон корҳои эҷодии Карина хеле зиёд аст. Ҳоло барои наворбардорӣ дар Амрико қарор дорад.

— Бисёриҳо шумову хоҳаратонро ба дугоникҳо монанд мекунанд…

— Монандии тарҳи чеҳраамонро намедонам, аммо андозаи либосу пойафзоламон якхела аст. Ҳардуямон ба варзиш ҷиддӣ машғул мешавем ва баданамонро дар вазни муайян нигоҳ медорем. Баъзан либосҳои якдигарро мепӯшем…

— Оё бо хоҳаратон ҷанг мешавед?

— Натанҳо дар оилаи мо, балки дар дигар хонаводаҳо низ фарзандон ба ҳамдигар тезу тунд меоянд. Баъзан ман аз хоҳарам ба он хотир норозӣ мешавам, ки ӯ либосҳоямро нопурсида мепӯшад. Агар ӯ иҷозат пурсад, монеъ намешавам, вале пурсиш бароям аввалиндараҷа аст.

— Шумо аз хоҳаратон дида пештар нақшофариро оғоз намудед. Гуфта метавонед, ки дар муқоиса бо Карина фаъолтар ҳастед?

— Бале, дар байни духтарон ман аввалин шуда ҷуръат намуда, касби бобоиро дунболагирӣ кардам. Нахуст пайвандонам муқобили хоҳишам баромада мегуфтанд, ки ман куҷову синамо куҷо, беҳтараш ягон касби осонтареро интихоб кунам, то шарманда нашавам. Вале чун бобоям ҳунарманди маъруф буданд, бовар доштам, ки аз истеъдоди нақшофарӣ бенасиб нестам. Пас аз иштирок дар ду-се филм диққати коргардонҳои машҳур ба ман равона шуд. Онҳо маро ба сӯҳбати инфиродиву вохӯриҳои ҳунармандони машҳур даъват мекарданд. Ширкатҳои рекламавӣ маблағи калон пешниҳод менамуданд, ки дар тарғиби маҳсулоташон саҳм гузорам. Чӣ хеле ки имрӯз мебинед, ман хато накардаам.

— Худро кадбонуи моҳир меҳисобед?

— Моҳир нестам, вале таомам бисёр вақт сазовори таърифи шавҳарам қарор мегирад. Айёми балоғатрасӣ аз кори ошхона мегурехтам, пухтани шириниҳо барои ҷашну зодрӯзҳо ҳамеша ба дӯши модараму Карина буд. Фикр мекардам, ки дар сурати мустақил шудан ошпазеро ба хона даъват мекунам, вале чӣ хеле ки мебинед зиндагӣ қонунҳои нонавиштаи худро дорад. Имрӯз ман модари меҳрубону ҳамсари хуб ва кадбонуи ҷаққонам.

— Ба фикри шумо бонуи санъаткор дар зиндагӣ хушбахтиро бо тамоми паҳлӯҳояш эҳсос карда метавонад?

— Аз рӯйи мушоҳидаҳо бештар ҳунармандон дар ҳаёти шахсӣ номуваффақанд, зеро реҷаи корӣ ва муносибатҳои ошиқона дар экран ба иззати нафси ҳамсар мерасанд ва дар натиҷа дар оила ҷангу ҷанҷол зуҳур мекунад. Ҳамсаре, ки нозукиҳою талаботҳои касбӣ актёриро мефаҳмаду қабул мекунад, хеле кам аст. Маҳз ба ҳамин хотир бисёр ҳунармандони шинохтаи синамо хушбахтии оилавиро аз рушди карйера боло шуморида, аз фаъолияти касбӣ даст кашиданд.

— Оё аз фаъолияти синамои ҳинд розӣ ҳастед?

— Ман эътироф мекунам, ки бисёр филмҳои мо дар сатҳи ҷаҳонӣ маъруф шуда бошанд ҳам, вале аз камбудиҳо ва интихоби нодурусти симоҳои мувофиқ орӣ набуданд. Орзуи ман пешрафти филм дар Ҳиндустон ва зиёд шудани сафи ҳунармандони соҳибистеъдод аст. Боз мехоҳам, ки филми навбатиам бо сенарияи беҳтарин рӯйи навор ояд.

ДИЛКУШО

Хангоми истифода аз маводхои блог истинод ба мачаллаи «Дилкушо» хатми аст.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: