• Статистика

  • Blog Stats

    • 524,359 hits
  • Flag Counter

Ташриф ХАЛИЛОВ МОШИНИ МАН «ТОЙОТА-НЕКСИ» АСТ

Ташриф Халилов

Ташриф Халилов

Хоҳиши хонандагони «Дилкушо»-ро ба инобат гирифта, хостем бо ҳаҷвнигори шинохта Ташриф Халилов сӯҳбате анҷом диҳем. Вале чанд муддат телефони дастии ҳунарманд ҷавоб намедод. Ниҳоят рӯзе имкон даст дод, ки бо Ташриф дар тамос шавем. Ҳангоми занги телефонӣ Ташриф дар сари чанбараки мошини шахсӣ қарор дошт. Вале ба ин нигоҳ накарда ӯ таваққуф намуд ва бо камоли майл ба суолҳои мо посух дод.

— Ташриф, бӯҳрони иқтисодӣ ба шумо чӣ гуна таъсир расонид?

— Кризис на танҳо ба ман, балки ба ҳамаи одамон таъсири манфии худро расонидааст. Барои ҳамин ман чӣ гуна таъсир расонданашро қайд намекунам. Новобаста аз бӯҳрони иқтисодӣ Худованд ба мо ризқу рӯзӣ мефиристонад.

— Фикр накардаед, ки ба хотири дарёфти маблағ ба Русия равед?

— Ҳаргиз!

— Ҳатто ягон маротиба?

— Медонед, ман як шиор дорам, ки ҳеҷ вақт аз лавҳи хотирам дур намешавад. Зуд-зуд ба худ такрор мекунам, ки бимирам ҳам, бигзор дар хоки ватанам бимирам.

— Дар Русия будаед?

— Бале, аллакай чанд маротиба аст, ки мо – яъне ҳайати дастаи ҳунарӣ ба минтақаҳои гуногуни ин кишвар сафар карда, аз ҳоли бародарони тоҷик хабардор мешавем. Чанд моҳ пеш низ ба Русия рафта барномаҳои ҷолиб таҳия намудем. Ҳини сафар маро як чиз ба ташвиш овард, ки ин ҳам ҳоли зори муҳоҷирони тоҷик аст. Корхонаҳои Русия аз беҳуқуқии мардикорон истифода бурда, маошашонро намедиҳанд ва бо ҳамин минвол онҳоро аз ҷойи кор пеш мекунанд. Ба гуфти баъзеҳо «кидат» мекунанд.

— Ҳамроҳи гурӯҳи «Ғарибшо-компания» боз ягон дастаи дигар буд?

— Ҳамроҳи мо сарояндаҳои маъруф Дилноза Каримова ва Баҳром Ғафурӣ рафта буданд.

— Мушоҳида намудед, ки дар сафар ягон мухлиси рус ё миллати ғайр даромад?

— Бале, дар барномаи мо меҳмонон аз кишварҳои Қазоқистон, Қирғизистон, ӯзбекистон ҳузур доштанд. Аз васоити ахбори оммаи рус низ омада бо мо мусоҳиба гузаронданд. Хеле вақти хуб доштем.

— Ба Русия сафар кардед. Боз дар кадом давлати дунё будан мехоҳед?

— Як айём сахт мехостам, ки ба Арабистони Саудӣ сафар кунам. Хушбахтона, имконият фароҳам омад, ки на танҳо як, балки ду маротиба сафар анҷом диҳам. Боз мехоҳам, ки ба Ҳиндустон равам. Табиати нотакрору нақлҳои аҷиб дар бораи ин кишвар диққати маро ба худ ҷалб намудааст.

— Аз афташ шумо саёҳатро дӯст медоред…

— Бале, ҷаҳонгардӣ кори хуб аст. Ман на танҳо ду-се давлати ҷаҳон, балки тамоми кишварҳои рӯйи оламро сайр карданӣ ҳастам.

— Хона хариданӣ будед. Ба орзуятон расидед ё на?

— Бале, хонаи панҷҳуҷрадор харидам. Дӯстонам мегӯянд, ки ту тамоман хона надоштӣ, боз омада-омада манзили ду-се не, балки панҷҳуҷрадор харидӣ. Иброз медоранд, ки дар таърих кам касоне ёфт мешаванд, ки яку-якбора соҳиби манзили истиқоматии панҷҳуҷрадор мегарданд. Қариб ки танҳо фарзандони шахсони мансабдор ба чунин харид қодир ҳастанд.

— Мабодо шумо ҳоҷатхона, ванна, роҳраву балконро ҳисоб накарда бошед…

— Не, не, агар онҳоро ҳисоб кунам, манзили ман ба даҳҳуҷрагӣ табдил меёбад.

— Ин тавр бошад, хона муборак шавад! Нархаш чанд сӯм аст?

— Инаш махфӣ!!!

— Ташриф, муносибати ҳамсаратон ба ҳунари шумо чӣ гуна аст?

—  Хоҳед нахоҳед, ҳар як зан дар ботини худ рашк дорад. Ҳамсари ман рашк мекунад. Баъзан худаш мегӯяд, ки баромади ман ба саҳна ҳисси рашкашро бедор мекунад. ӯ хонашин аст. Мо бо хости волидон хонадор шудем ва то ҳол зиндагии хуррамона дорем.

— Кӯдакдор шудед?

— Не алҳол. Худо хоҳад мешавад.

— Ҳангоми ба ғазаб омаданатон кадом суханро зиёд истифода мебаред?

— Агар қаҳрам ояд ё бо касе баҳс карда истода бошам, бештар ибораи «Ҳой бача» ё «Ҳой бача, биё, ин тавр накун»-ро истифода мебарам.

— Бо Бахтиёр бисёр ҷанг мекунед?

— Акнун мо ҷанг намекунему лекин баъзан-баъзан нофаҳмиҳо мешавад. Хоҳед нахоҳад, дар байни ҳамкасбу ҳамкор чунин ҳодисаҳо рух медиҳад.

— Аз чӣ метарсед?

— Аз дурӯғ…

— Наход? Пас барои чӣ акои Бахтиёр шуморо «Шайтонча» ном мебарад?

— Не, ин худи акои Бахтиёр ҳозир лақаби «Шайтонча»-ро бомуваффақият қабул карда истодааст.

— Мошини дӯстоштаатон кадом аст?

— «Тойота-Карола». Лекин ҳозир бо мошини тамғаи «Некси» мегардам. Агар касе ки пурсад, ки мошинат чи хел аст, ҷавоб медиҳам, ки «Тойота-Некси» аст.

— Мо метавонем ба ин наздикиҳо барномаи нави шуморо интизор шавем?

— Ростӣ, чунин нақша дорему вале дар ин маврид чизе гуфта наметавонам. Ба гуфти худатон, ҳозир даври бӯҳрони иқтисодист… Хайр, ҳоло акаи Бахтиёр пас аз сафари Маскав рост ба шаҳри Хуҷанд парид, биёяд, боз фикр мекунем. Ногуфта намонад, ки ба шаҳри Самараи Русия даъватием, бояд ба он ҷо низ сафар кунем.

— Шудааст, ки ягон маротиба шахсе обрӯмандеро тақлид кардаеду таъқиб дидаед?

— Аз шахсиятҳои илму фарҳанг чанд нафар, аз ҷумла Лутфулло Давлатов, Файзалӣ Ҳасановро тақлид кардам, вале онҳо баромади маро қабул карданд. Танҳо як маротиба як шахси олиҷоҳ аз мо хоҳиш намуд, ки маро дар пеши ҷаноби олӣ тақлид кун, он кас маро эътироф мекунанд. Мо хоҳиши ӯро ба инобат гирифта гуфтаашро иҷро кардем, вале пас аз чанд вақт боз ба сарамон омада дӯғу пӯписа кард, ки барои чӣ ӯро тақлид мекунем.

— Ташриф, ба шумо барори кор мехоҳем. Орзу дорем, ки Худованд ҳамин сол бароятон тифлакеро ато кунад.

ДИЛКУШО

Хангоми истифода аз маводхои блог истинод ба мачаллаи «Дилкушо» хатми аст.

Один ответ

  1. Salom Tashrif aka, shumo yakbor Samarkandba omada barnoma moned. hamai Samarkandiyon xursand meshudand. agar doned Samarkandba yagala muxlis dored. shumoro yakruz davat mekunem bo hamrohii Dilovar aka🙂
    salomho az London

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s