• Статистика

  • Blog Stats

    • 524,309 hits
  • Flag Counter

ШРИ ДЕВИ ОШИҚИ МИТХУН ЧАКРАБОРТИ БУДАМ

Шри Деви

Шри Деви

Шри Деви 13-уми августи соли 1963 дар Сивакаси ба дунё омадааст. ӯ аз хурдиаш ба санъат таваҷҷӯҳ дошт. Ҳанӯз дар синни панҷсолагиаш Шри дар филми  «Kandhan Karunai» нақш офаридааст. Аз соли 1978 сар карда Шри нақшҳои калонро ба ӯҳда мегирад. То имрӯз ӯ дар зиёда аз 250 филм образ офаридааст. Солҳои ҳаштодум Шриро ҳамчун ҳунарманди рақами 1 мешинохтанд. Айни замон ҳунарманд ҳамсари Бони Капур мебошад, ки дар бисёр филмҳо продюсери Шри буд. Онҳо соҳиби ду духтарча: Ҷанви ва Кхуши мебошанд.

— Шри, ягон кас барои ҳунарманд шудани шумо монеа зоҳир карда буд?

— Медонед, ҳар як падару модар мехоҳад, ки фарзандаш соҳиби касбе шавад, ки дар оянда ӯро таъмин кунад. Падари ман низ шояд бо ҳамин андеша буд, ки муқобили актриса шудани ман буд. Чун худ ҳимоятчӣ буд, мехост, ки ман низ баъди таҳсил дар додгоҳ фаъолиятамро идома диҳам.

— Шумо ба андешаи вай розӣ мешудед?

— Дар хотирам нест, ба ростӣ… дар синни хурдӣ ман як духтарчаи ҳассоси тарсончак будам. Ҳатто аз ғавғои хурдтарин ба ларза медаромадам. Ҳамеша аз қафои модарам кашола шуда домани куртаашро бо дастонам маҳкам медоштам. Лекин дар ёд надорам, ки чӣ гуна ҳамааш тағйир ёфт.

— Кадом хотироти кӯдакиро то ҳол фаромӯш карда наметавонед?

— Ман зуд-зуд ба хотир меорам, ки чӣ тавр аҳли оилаи мо боре дар ресторан хӯроки нисфирӯзӣ мехӯрданд. Ногаҳон аз хӯрдан бозистода аз курсӣ бошаст бархоста ман ба тарафи саҳнае, ки мусиқачиён менишастанд, давида ба рақс даромадам. То он даме ки падарам маро аз саҳна берун накард, рақсидам.

— Чӣ гуна шумо ба майдони наворбардорӣ афтодед?

— Дар як рӯзи тақдирсоз ба хонаи мо одамони бегона омада ба ман таклиф намуданд, ки дар филм ба ҳайси қаҳрамони хурдакак иштирок кунам. Вале аз пешниҳоди меҳмонон падарам ба хашм омада онҳоро аз дар берун кард. Аммо шахсони бегона боз рӯзи дигар ба назди модарам омада илтиҷо намуданд, ки дили падарамро ёбад. Модарам тавонист, ки андеша ва қарори падарамро дигаргун созад. Дар майдони наворгирӣ ман бо ҳунармандони машҳур вохӯрдам. Таваҷҷӯҳи маро либос ва ҷавоҳироти гаронбаҳои онҳо ҷалб намуд.

— Ба духтарчаи панҷсола кадом нақшро сазовор донистанд?

— Филми аввалини ман дар ибодатхона сабт гардид. Ман образи Худои Муруганро иҷро кардам. Пеш аз навор коргардон ду пойро дар як мӯза андохта маҷбур карда буд, ки сарамро покиза тарошам.

— Чӣ, шумо розӣ шудед?

— Аз ин қарор модарам ба фиғон омад, ки ман ба мактаб мераваму чӣ гуна аз мӯям осонакак маҳрум мешудаам. Гуфтугузори зиёде шуда гузашт ва дар охир ба қароре омаданд, ки парик бояд пӯшам. Ногуфта намонам, ки парик ба ман зебида буд.

— Наворбардорӣ ба таҳсили шумо халал намерасонид?

— Не, дар давраи мактабхонӣ бисёр нақшҳои хурду калон офаридам. Пасон барои он ки ҳунарамро сайқал диҳам, аз синфи ҳафт мактабро тарк кардам. Дар синни ёздаҳсолагиам аввалин маротиба нақши муқаррарии занонаро бозидам. Дар синни чаҳордаҳсолагӣ нақшҳои ошиқонаро бар ӯҳда доштам. Аллакай дар он замонҳо ҳамчун зан ҷолиб будани маро эътироф мекарданд.

— Аз нигоҳи худатон кадом филм шахсияти шуморо муаррифӣ намуд?

— Филми «Solva Sawan», ки соли 1978 дастраси одамон гардид.

— Мегӯянд, ки шумо ба карера дода шуда ба ҳаёти оилавиатон бепарвоӣ зоҳир кардед…

— Бале, солҳои дароз аз шӯҳрат ҳаёти шахсиам озори зиёд дид.

— Вобаста ба муносибатҳои ошиқӣ?

— Не, ғайр аз муносибати ошиқонаи кӯтоҳе, ки бо Митхун Чакраборти доштам, касе дигар ҷуръати изҳори муҳаббатро накардааст.

— Мегӯянд, ки Анил Капур барои иҷрои саҳнаи ошиқӣ бо шумо ҳамеша аз шавҳаратон иҷозат мепурсад. Рост аст?

— Не, ин тавр нест, ҳамсарам касби маро мефаҳмад. ӯ медонад, ки ин тақозои касбам аст.

— Аз роҳи интихобкардаи худ розӣ ҳастед?

— Роҳи ман дар зиндагӣ ғайриоддӣ буд. Тавассути ҳамкорӣ бо одамони соҳибистеъдоду аҷоиб бисёр чизҳоро барои худ кашф кардам.

— Шуморо то ҳол бонуи зебо меҳисобанд. Ба ин андеша розӣ мешавед?

— Гумон мекунам, ки Рекха ва Хема Малини дар ҳусну латофат мақоми аввалро ишғол мекунанд. Касе дар услуби либоспӯшӣ ва назокат ба онҳо баробар шуда наметавонад. Онҳо бароям намунаи ибратанд ва ман ва ман дар муқоиса худамро хеҷ кас намеҳисобам.

— Ба варзиш машғул мешавед?

— Медонед, бе варзиш ҳам ман вақти зиёдамро ба нигоҳубини фарзандону шавҳар мебахшам. Аз ин дида барои ман варзиши беҳтаре нест.

— Либосҳои миллии ҳиндиро меписандед ё аврупоиро?

— Агар пӯшидани либос бароям қулаю шинам бошад, ман аз он худдорӣ намекунам. Ҳатто агар мӯдро низ пайгирӣ созам ҳам, аввал то кадом андоза ба худам муносиб буданашро ба инобат мегирам.

— Тарроҳони дӯстдоштаи шумо киҳоянд?

— Либосҳои дӯхтаи Маниша Малхотраро беҳад дӯст медорам. ӯ тарроҳи ботаҷриба аст, зеро медонад, ки барои худро хуб эҳсос намудани зан чӣ лозим аст ва пироҳанро хуб ороиш медиҳад.

— Барои нигоҳ доштани намуди зоҳирӣ парҳез риоя мекунед?

— Ман танҳо аз хӯрокҳои ресторану ошхонаҳо парҳез мекунам, зеро метарсам, ки касал нашавам. Таомҳоеро, ки дар оилаам омода карда мешавад, бо майли тамом мехӯрам. Намегузорам, ки меъдаам эҳсосоти гуруснагӣ дошта бошад.

— Субҳи шумо одатан бо кадом корҳо оғоз мешавад?

— Дар хона чун одат ман аввалин шуда мехезам. Дарҳол аз пайи тайёр намудани наҳорӣ шуда пасон дигар узви оиламонро бедор мекунам.

— Дар ҳолати хастагӣ чи кор мекунед?

— Ба ҳуҷраи худам даромада зуд хоб меравам.

— Саломат бошед!

ДИЛКУШО

Хангоми истифода аз маводхои блог истинод ба мачаллаи «Дилкушо» хатми аст

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: