• Статистика

  • Blog Stats

    • 524,359 hits
  • Flag Counter

ҶАМШЕДИ ҲАЛИМ БА МАН ҚАРСАКУ ТАБАССУМ ҲАДЯ КУНЕД

Чамшеди Халим

Чамшеди Халим

Ҷамшеди Ҳалим ба муаррифӣ ҳоҷат надорад. Чаро мегӯед? Барои он ки симо ва гуфтори хандарези ӯ зуд-зуд дар оинаи нилгуни хонадони мо намудор шудаю садо дода дилҳои моро аз фараҳу шодӣ пур мегардонад. Мухлисони Ҷамшед ҳар ҳафта барномаҳои «Лаҳзаҳои гуворо» ва «Шоми шанбе»-ро бесаброна интизор мешаванд, зеро дар он ҳунарманди маҳбубашон ширкат меварзад.

Ҷамшед, мегуфтед, ки оё шумоён бо ҳаҷвнигорони русу ӯзбек ягон робита доред?

— Не, мо онҳоро чун дигарон фақат тариқи телевизион мебинем, ягон робитаи ҳамкорӣ надорем.

— Вақтҳои охир нисбат ба филмҳои ӯзбекӣ ақидаҳои мусбат зиёданд ва мегӯянд, ки филмҳои тоҷикӣ бо онҳо баробар шуда наметавонанд. Ба ин фикр розӣ мешавед?

— Филмҳои ӯзбекӣ бештар фарогири мавзӯъҳои ошиқианд. Дар онҳо ҳаёти Лайливу Маҷнунҳо инъикос меёбад. Доираи тамошобинони ин гуна филмҳоро аксаран ҷавонон ташкил медиҳанд. Гумон мекунам, ки бояд чизе офарид, ки дархури дарди ҳамагон бошад. Ҳунармандону коргардонҳои тоҷик низ барои офаридани филмҳои баландмазмун идеяҳои зиёд доранд ва дар ин самт муваффақият ҳам ёфтаанд. Барои огоҳ шудан бояд ба тамошои филмҳои тоҷикӣ рӯ овард.

— Шумо дар ҷодаи ҳаҷвнигорӣ ягон орзуе доштед, ки онро ба амал расонидед ё алҳол аз паяш ҳастед?

— Ҳамон вақте, ки зиндагии ман ба охир мерасад, орзуҳоям низ доири ҳаҷву санъат мемирад. Ман дар ҳаҷв ба бисёр орзуҳоям муваффақ гаштам, вале ин анҷоми кор нест. Боз орзуҳои нав тавлид мешаванд, ки барои ба онҳо расидан талош меварзам. Бо ҳамин тарз — «Лаҳзаҳои гуворо» давом дорад!

— Ягон кас ба шумо гуфтааст, ки барояш идеал ҳастед?

— Ман барои ҳеҷ кас идеал шуда наметавонам, зеро гумон мекунам, ки то ба он сатҳе нарасидаам, ки дигарон маро идеал ҳисобида пайравӣ кунанд. Идеал маънои олӣ буданро дорад. Ба андешаи ман барои олӣ ва ягона будан заҳмати зиёд бояд кашид, бисёр бояд омӯхт, то тавассути ҳунари воло эътиқоди мардумро ба даст оварӣ.

— Худатон дар симои касе идеали худро мебинед?

— Идеали ман Худои Таъолост!

— Дар моҳи Рамазон рӯза гирифтед?

— Бале.

— Намоз мехонед?

— Алҳамдуллилоҳ!

— Хуб, Ҷамшед, агар дарвозаи имкониятҳои ҳунарманд шудан бароятон баста мебуд, аз пайи кадом шуғл мерафтед?

— Ман фолбин нестам, ки ба ин саволи шумо посух диҳам. Лекин гуфта метавонам, ки Офаридгор бандаашро ҳанӯз дар батни модар ба ин ё он касб мӯҳри абадӣ мезанад. Барои ҳамин ман ҳамчун ҳунарманд аз ҷониби Худо интихоб шудаам ва ӯ ба рӯи ман дарвозаҳои имкониятро кушод.

— Ба ғайри ҳунармандӣ мехостед, ки касби дигар дошта бошед?

— Медонед, дар зиндагӣ инсон бо кӯҳ, дарёҳо ва дигар мушкилиҳо рӯбарӯ мешавад ва маҷбур мегардад, ки барои бартарафсозии онҳо касби иловагие дошта бошад. Ман низ аз ин талабот орӣ нестам.

— Аз ҷониби мухлисон ягон тӯҳфае гирифтаед, ки мавриди истифодаатон бошад?

— Тӯҳфаи қимматтарини мухлисонам ин қарсакҳо мебошанд, ки ман бисёр гирифтаам. Маҳз қарсаку дастгирӣ ва истиқболи онҳо маро ба эҷоди барномаҳои нав роҳнамун месозад.

— Агар имконият медоштед, барои зиндагонии оянда кадом гӯшаи дунёро ихтиёр менамудед?

— Ман дар бисёр давлатҳои ҷаҳон будам, вале нисбат ба зисту зиндагонии оянда ягон фикр дар дилам пайдо нашуд. Агар Худованд умрамро дароз гардонад ва имконияти молиявии зиёд диҳад ҳам, ҷои истиқоматамро иваз намекунам.

— Китоби охирон хондаатон кадом аст?

— Ҳозир китоби Ҷалолиддини Румиро мутолиа  карда истодаам.

— Кадом барномаҳои телевизионро бештар тамошо мекунед?

— Ман ба ҳама барномаҳои телевизион таваҷҷӯҳ дорам. Дар ҳар барнома ҷанбаи тарбиявӣ нуҳуфтааст, аз раванди тамошо барои худ як чизи хуб гирифтан мумкин аст.

— Бисёриҳо мегӯянд, ки ҳаҷвнигорон дар зиндагии воқеӣ низ хандонрӯянд ва ҳама рафторашон бо ҳаҷв пайвандӣ дорад. Оё дар ҳақиқат чунин ҳам ҳаст?

— Ба фикрам, ҳаҷвнигорро набояд дар бораи мушкилоти замона ва дарду ранҷи он сухан ронад. Бе ин ҳам мардум аз вазъияти душвор огоҳанд. Ҳаҷвнигор бояд мушкилотро ба доираи ҳаҷв бикашад.

— Пушаймонии сахттарини шумо аз кадом кори анҷомдода ё анҷомнадода буд?

— Ростӣ, коре накардаам, ки боиси пушаймонии сахт шуда бошад. Вале агар аз сари қаҳру ғазаб ба касе носазо гуфта бошам, узр мепурсам. «Бар н-омадаву гузашта фарёд накун» мегӯянд, ки имрӯз шиори ман шудааст.

— Кадом хотироти ғамангезро наметавонед аз лавҳи хотиратон дур созед?

— Хотири хонандагонро маҳзун кардан намехоҳам…

— Оё шуморо ягон маротиба барои тақлид таъқиб кардаанд?

— Ғараз аз тақлиди мо ин мазоҳу масхара нест. Шахси мавриди тақлид қароргирифта бояд фахр кунад, ки ӯ касе ҳасту нисбаташ бетараф нестанд. Агар ҳаҷвро аз будаш зиёд накунӣ, хандаовар нахоҳад шуд.

Ман боре ҳам мавриди таъқиб қарор нагирифтаам. Бо ҳамон одамони тақлидкардаам борҳо вохӯрда якҷо нишастаем. Миёнамон ягон кинаву адоват ба вуҷуд наомадааст.

ДИЛКУШО

Хангоми истифода аз маводхои блог истинод ба мачаллаи «Дилкушо» хатми аст

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: