• Статистика

  • Blog Stats

    • 524,359 hits
  • Flag Counter

ҶОН АБРАҲАМ МАНУ БИПАША ХУШБАХТЕМ

Чон Абрахам

Чон Абрахам

Яке аз ситораҳои дурахшони синамои ҳинд Ҷон Абраҳам 17-уми декабри соли 1972 дар шаҳри Мумбай таваллуд шудааст. Падараш аз иёлоти Кирол аст, риштаи насли модараш ба Эрон мепайвандад. ӯ дар оғози карйераи худ дар агентии моделӣ фаъолият мекард ва ҳатто замоне тренери бодибилдинг буд.

Ҷон, мегӯянд, ки замоне ба ҷони шумо қасд карда буданд…

— Бале, ин воқеа дар Афғонистон рӯй дода буд. Ҳамон замон барои наворгирии филми «Кобул-экспресс», ки коргардонаш Кабир Хон буд, ба ин кишвар рафтем. Дар кишвари ноором кор ба ҳадде расид, ки маҷбур шудем барои ҳимоя ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муроҷиат намоем…

— Рост аст, ки чанд забони бегонаро медонед?

— Бале, медонам, пештар ҳамаи филмҳоям бо забони ҳиндӣ садо медоданд, вале ба забони ҳиндӣ бо лаҳни англисӣ гап мезадам. Ҳоло сатҳи забондониам беҳтар шудааст ва бо ҳиндӣ озодона фикр мекунам.

— Агар аз имконияти ба синамо омадан маҳрум мебудед, кӣ мешудед?

— Дар давраи мактабиам футболбозиро беҳад меписандидам. Мо, бачаҳо, дастаи футбол доштем ва ман тренери он будам. Дар вақти таҳсил дар коллеҷ ният мекардам, ки футболбози номӣ мешавам, вале баъдан аз андешаам гаштам.

— Барои чӣ?

— Идеяи футболбоз шудан пас аз шунидани он, ки футболбозони ҳиндӣ маоши кам мегиранд, ба ман хуш наомад. Ба ҳар ҳол, ҳамаи машғулиятҳоям барои нақшофарӣ лозим шуданд, масалан, дар филме ман нақши мотосиклронро ва дар филми дигар футболбозро офаридаам. Замоне роҳбари дастаи футболи Мумбай будам. Футболро дӯст медорам ва дӯст хоҳам дошт. Чӣ кунам, ки нақшаҳои ман дар зиндагӣ дигару нақшаҳои Худо дигар будаанд? Вале новобаста аз ин аз зиндагиам розиам.

— Кадом намуди нақлиётро дӯст медоред?

— Мотосиклро меписандам. Барои солиму бардам нигоҳ доштани бадан ҳар рӯз ду соатро дар толори варзиш мегузаронам. Машғулияти дӯстдоштаам бозиҳои компютерӣ ва шоҳмот аст. Ман метавонам соатҳои дароз дар сари компютер нишинам, дар бораи бозии шоҳмот китобҳои илмӣ хонам ва филмҳо тамошо кунам.

— Ҳангоми сафар чиро ҳамеша ҳамроҳ мегиред?

— Тахтаи шоҳмотро.

— Каме дар бораи мӯҳтавои филми «Кобул-экспресс» нақл мекардед…

— Дар филми мазкур ҳамроҳам Аршад Варси ва як бонуи ҳунарманди амрикоӣ, ки нақши суратгирро ба ӯҳда дорад, нақш офаридаанд. Ҳамзамон ҳунармандони афғону Покистон низ дар филм саҳм гузоштаанд. Аз мӯҳтавои филм тавассути телевизион огоҳ мегардед, танҳо ҳаминро мегӯям, ки дар он саргузашти басо зебо тасвир ёфтааст.

— Боре овоза карданд, ки дар ким-кадом филме шумо урён нақш офаридаед…

— Тамоман дурӯғ аст. Танҳо дар оғози як филм нақши маро дар симои навраси ёздаҳсолаи луч нишон медиҳанду халос.

— Умуман, ба худ чунин лаҳзаҳоро раво дида метавонед?

— Дар кино не.

— Рост аст, ки бо Салман қаҳрӣ ҳастед?

— Дар байни мо ягон мушкилӣ нест. Салман Хон ҳамон ҳунарманде аст, ки эҳтиромаш мекунам. Ин танҳо як овозаи беасос аст.

— Дар бораи Карина чӣ гуфта метавонед?

— Ҳунарманди олист, аз ҳамкорӣ бо ӯ ҳаргиз даст намекашам.

— Шунидем, ки Малика Шерават муносибатҳои ошиқонаи шумо ва Бипашаро халалдор мекунад…

— Суханони аблаҳона, ману Бипаша якҷоя ва хушбахтем.

— Шуморо дар Болливуд марди дар ишқ устувор мегӯянд…

— Ман ба муҳаббати абадӣ ва покиза бовар дорам. Ману Бипаша аз соли 2002 инҷониб дар аҳдамон устуворем, лекин ҳанӯз барои издивоҷ саросема намешавем. Бештари зиндагии ман дар Мумбай гузаштааст. То имрӯз сазовори эҳтироми дӯстон ва муҳаббати чанд бону шудаам.

— Ғайри актёрӣ ба чӣ кор боз машғулед?

— Боз дар ҳайати гурӯҳи ҷамъиятии «Habitat for Humanity» ба корҳои хайр машғулам. Ин ташкилоти Ҷими Хартер мебошад. Ман ҳунарманде нестам, ки фақат тавассути экран пеши мардум оям, балки бо онҳо рӯбарӯ сӯҳбат мекунам ва то ҳадди имкон ёрдам мерасонам. Вақте ки дар синни хурдсолӣ аҳволи одамони камбағалро медидам, дар дилам нисбаташон ҳиссиёти раҳм пайдо мешуд ва бо орзуҳои кӯдакона аҳд мекардам, ки калон шавам, ҳатман ба онҳо кӯмак мекунам.

— Имкон доред, ки дар кӯчаву ҷойҳои ҷамъиятӣ озодона сайругашт кунед?

— Аз байни одамони оддӣ ҷӯраҳои зиёд дорам, ки ҳамроҳам футбол бозӣ мекунанд, мо ба каҳвахонаву ресторанҳо ҳам якҷоя меравем. Дар толорҳои варзишӣ тӯдаи калони одамонро вомехӯрам, ки чашмонашонро аз ҳайрат калон кушода ба ман нигоҳ мекунанд…

— Барои чӣ ҳайрон мешаванд?

— Шояд фикр мекунанд, чӣ гуна ман бе муҳофиз ва бо либосҳои оддӣ мегардам… (механдад) Вале ростӣ, намехоҳам, ки дар ҷойҳои ҷамъятӣ одамон маро шиносанд.

— Пас аз бист сол худро дар кадом сатҳ тасаввур мекунед?

-Албатта, соҳиби филмҳои зиёд, таҷрибадор, соҳиби ҳамсар ва фарзандони ботарбия…

— Субҳи шумо бо иҷрои кадом кор оғоз меёбад?

— Бо варзиши бадан…

— Таомҳои дӯстдоштаатон…

— Ғизоҳои аврупоӣ…

— Мафҳуми ишқ аз нигоҳи шумо…

— Ҳангоме дилу ҳиссиёти ду нафар ба ҳамдигар моил мешавад, ин ишқ аст.

— Лаҳзаи фаромӯшнашавандаи ҳаётатон…

— Ҳангоме ки филми аввалинамро ба навор мегирифтам…

ДИЛКУШО

Хангоми истифода аз маводхои блог истинод ба мачаллаи «Дилкушо» хатми аст.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: