• Статистика

  • Blog Stats

    • 523,781 hits
  • Flag Counter

САИДАИ СИРОҶИДДИН БИГЗОР ИН МАХФИ МОНАД…

 

Саидаи Сирочиддин 1

Саидаи Сирочиддин 1

 

Ў ҳамонест, ки таронаҳояшро бо иштиёқ мешунаванд ва баромадҳояшро чашм наканда тамошо мекунанд. ӯ ҳамонест, ки бо як суруд маъруфият ёфт… ӯ ҳамонест, ки дили ҳазорон ҷавонро тасхир кардааст…


— Саидабону, ба чанд рақами телефонат занг задаму базӯр туро аз яктоаш пайдо кардам. Рақамҳоятро зуд-зуд иваз карда меистӣ?

— Баъзан лозим меояд, ки рақамро иваз кунам, баъзан маҷбур мешавам, ки тамоман телефонамро хомӯш кунам. Аз ҷониби мухлисон бисёр зангҳо қабул мекунам. Аз занги онҳо баъзан хурсанд мешаваму баъзан рӯҳафтода, чунки нотавонбиноне ҳастанд, ки нисбати ҳунари ман эътирозҳои сард доранд.

— Субҳи ту одатан бо кадом корҳо оғоз меёбад?

— Баробари аз бистар баланд шудан дар сарам фикри таҳсил меояд. Чунки алҳол донишҷӯйи Консерваторияи миллӣ ҳастаму намехоҳам, ки ягон машғулиятро аз даст диҳам. Ҳоло ки имкониятҳои донишҷӯйӣ насибам гаштааст, бояд онро босамарона истифода барам.

— Намоз мехонӣ?

— Баъзан бо сабаби банди ташвишҳои эҷодӣ будан вақт намеёбам ва ҳам саломатиам он қадар хуб нест. Вале ба ҳар ҳол кӯшиш мекунам, ки намози асрро хонам.

— Барои иҷрои корҳои хона вақт меёбӣ?

— На ҳамавақт, зеро барои омӯзиш банди машқи суруди навбатӣ, овораи сабт ва дар чорабиниҳои мардум иштирок мекунам, лекин кӯшиш мекунам, ки аз нозукиҳои кадбонугиву оиладорӣ бохабар бошам. Донистани тарзи дурусти пухтану дӯхтан барои ҳар бону ҳатмист.

— Ба фикри ту шӯҳрати зиёд доштан хуб аст ё бад?

— Ман аз шӯҳрати зиёд мегурезам, чунки баъзан инсонро хаста мекунад. Ё масалан ҳунарманд якбора дар авҷи шӯҳрат қарор мегираду муддате шӯълапӯшӣ карда, зуд нопадид мешавад. Дар чунин ҳолат ё худи овозхон аз обрӯйи зиёд аз табақ меғелад ё худи шӯҳрат хусусияте дорад, ки шахсро баланд намуда, пасон ба замин мезанад. Ман мехоҳам, ки ҳар қадами ман ба сӯйи шӯҳрат устуворона бошад, обрӯйи хасакӣ далели ҳунари асил нест.

— Оё орзу дорӣ, ки бо ягон ҳунарманди машҳури эстрада дуэт сароӣ?

— Чунин нақша надорам, вале орзу мекунам, ки бо Энрике Иглесиас дуэт хонам. Албатта, ин танҳо орзуи ман аст, вале агар чунин имкони мусоид даст диҳад, ҳатман бо ин овозхони ҷаҳонии инглис рӯйи саҳна мебароям.

— Агар имконият намеёфтӣ, ки санъаткор шавӣ, аз пайи кадом пеша мерафтӣ?

— Чунин ҳолатро тасаввур карда наметавонам, ки ҳунар дораму вале имконияти молиявӣ не. Аз ҳамон рӯзе, ки ба санъат сарукор гирифтам, ҳамеша барои сабти таронаву клипи нав маблағ меёфтам. Худованд намегузорад, ки истеъдод хор шавад. Барои ҳамин ҳатто ман имкони молиявӣ намедоштам ҳам, Офаридгор дошт.

— Тани танҳо маъракаи касеро обод намуда метавонӣ?

— Бале, метавонам!

— Баромадҳоятро тариқи телевизиону клипҳо тамошо мекунӣ?

— Не, беҳад шарм медорам…

— Шарм? Аҷиб…

— Охир замоне, ки таронаи аввалинам сабт шуд, рақсу ҳаракатҳоямро одамон бисёр танқид карданд, баъзеҳо хандиданду гурӯҳи дигаре ҷонибдориам намуданд. Пас аз ҳамон лаҳзаҳо хоҳиши тамошои баромадҳоям аз дилам гум шудааст.

— Соли равон кадом нақшаи бузургатро амалӣ намудан мехостӣ?

— Мехостам барномаи шахсиамро пешкаши одамон гардонам, вале ин нақша амалӣ нагардид.

— Мухлисоне буданд, ки ба ту тӯҳфаи қиммат кардаанд?

— Бигзор ин махфӣ монад…

— Хонандагон мепурсанд, ки оё Саида тасмими оилабарпокунӣ надорад?

— Ман ҳоло ҷавонам ва дар пешорӯям нақшаҳои аз шавҳар ҳам калонтар истодаанд.

— Давлат қонуне баровард, ки тибқи он духтарон бояд аз синни 18 шавҳар кунанд. Оё ба ин қарор иловае дорӣ?

— Аввал гуфтаанд, ки ихтиёр дар дасти бахтиёр аст. Яъне агар духтар хоҳад, метавонад дар давраи мактабхонӣ низ шавҳар кунад, вале саволе ба миён меояд, ки ӯ аз маърифати оиладорӣ бохабар аст? Медонад, ки чӣ гуна иззати аҳли оилаи шавҳарро ба ҷой овард? Медонад, ки давраи ҳомиладорӣ чӣ тавр паси сар гардад? Маҳз ҳамин надонистанҳо боис гардидааст, ки оилаҳои ҷавон вайрон гарданд. Чунки шавҳару зан якдигарро дар зиндагӣ дигар хел тасаввур мекунанду пасон тамоман дигар хел меёбанд. Шавҳаркунӣ ба ҳеҷ куҷо гурехта намеравад.

— Аз кадом атр истифода мебарӣ?

— Атрҳои фаронсавиро дӯст медорам.

— Хӯроки дӯстдоштаат кадом аст?

— Шакароб… ин хӯроки тобистонаест, ки зуд-зуд бо камоли майл мехӯрам.

— Шояд барои ҳунари кадбонугиатро исбот менамудӣ

— Ба бонувоне, ки маҷаллаи «Дилкушо»-ро мехонанд, пухтани торти сангпуштро пешниҳод мекунам. Барои 6-7 одам тухмро ҳамроҳи шакар то пайдо шудани кафки сафед лат мезанем. Пасон моддаи ковоккунанда, 2 стакон орд ва 250 грам равғани рама илова карда, хамир мешӯрем. Хамир бояд суст бошад. Пас омода шудани хамир як қошуқӣ ба тафтони равғанмолида рехта мепазем. Кулчаҳоро болои ҳам мегузорем. Ҳар қабат бояд олудаи крем бошад. Кремро аз ширқиём ва равғани рама тайёр мекунем. Агар ба болои торт чормағз ё шоколад пошем, бомаззатар мешавад.

— Саида, мегӯянд, ки бе падар зиндагӣ мегузарад, вале бе модар ҳаёт сангин меояд. Фикри ту ба ин ақида чист?

— Бале, тифл дар батни модар нӯҳ моҳ зиндагӣ карда аз вуҷуди ӯ ғизо мегирад. Дар ин муддат модар қобилияти дарк кардан пайдо менамояд, ки кӯдакаш чӣ мехоҳаду чӣ намехоҳад. Дар муқоиса бо падар тифл бештар дар оғӯши модар аст. Ана, ҳамин гармӣ метавонад фарзандро як умр мӯҳтоҷи навозишу меҳрубонӣ ва дастгирии модар гардонад. Ман ба фикри боло сад фоиз розиам!

— Саломат бош Саида!

ДИЛКУШО

Хангоми истифода аз маводхои блог истинод ба мачаллаи «Дилкушо» хатми аст.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: