• Статистика

  • Blog Stats

    • 524,359 hits
  • Flag Counter

ВАЛИҶОН АЗИЗОВ: ҲАМА ЗАН РАШК МЕКУНАД

Валичон Азизов 1

Валичон Азизов 1

Ин ном барои хурду калон ошност ва ҳоҷат ба тарҷумаи ҳол ҳам нест. ӯ тавассути таронаҳояш, ки саршори ишқу муҳаббат ва доғи ҷудоист, ба дили ҳаводорони санъат роҳ кушод. Мусоҳиба бо Валиҷон дар маҷаллаи мо бори аввал нест, ӯ аллакай чанд маротиба ба саволҳои хонандагони нашрия посухҳои дақиқ додааст. Чун ин маротиба бо Валиҷон сӯҳбат кардан хостам, телефони дастиашро хомӯш дарёфтам. Танҳо пас аз ҷустуҷӯҳои зиёд имкон даст дод, ки аз он тарафи гӯшӣ садои хуши сарояндаи маҳбуби ҷавононро шунавам.

— Валиҷон, зуд-зуд рақами телефонатонро иваз карда меистед. Иваз кардани телефон тақозои касбатон аст ё машғулияти дӯстдошта?

— Рақамҳоямро иваз карда истам ҳам, боз коре карда мухлисону рӯзноманигорон аз он огоҳ мешаванд. Иваз намудани телефон тақозои санъат нест, балки тақозои баъзе зангҳои бемаврид аст.

— Хуб, продюсератон гуфт, ки дар Душанбе ҳастед. Чӣ шуморо ба пойтахт овард?

— Айни замон дар қаламрави вилояти Хатлон, дар минтақаҳои Ҷилликӯл, Вахш, Қабодиён ва ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ барнома ташкил карда истодаем. Умед дорам, ки силсилаконсертҳои мо ба хубӣ анҷом меёбанд.

— Худо хоҳад! Оё шумо тасмим надоред, ки дар қатори ин ноҳияҳо ба шаҳри Кӯлоб рафта, ба мусибати ба сарашон омада мадад расонед?

— Албатта! Ман низ хабари офати табииеро, ки шумораи зиёди қурбониёнро ба коми марг бурд, шунида ғамгин шудам. Тасаввур кунед, ки чӣ қадар ҷонҳои бегуноҳу тифлакони кӯчак дунёи равшанро серӣ надида, ба хоби абад рафтанд. Нисбат ба чунин мусибатҳои бародарон касе бетафовут буда наметавонад. Ман ҳатман имкон ёфта ба Кӯлоб меравам ва бо мардуми офатдида ҳамдардӣ изҳор мекунам.

— Дар мавриди кӯмаки молиявӣ чӣ гуфта метавонед?

— Ҳар инсоне, ки имкони молиявиаш хуб аст, бечуну чаро дасти фитодаеро мегирад. Шояд пас аз муддате ман низ консерте ташкил намуда, маблағи онро пурра ба суратҳисоби мардуми мусибатзадаи Кӯлоб мегузаронам.

— Ба наздикӣ Рӯзи муҳофизати кӯдакон аст. Оё дар эҷодиётатон таронаҳои кӯдакона ба чашм мерасанд?

— Барои кӯдакон суруди махсус алҳол нахондаам, вале дар бораи фарзанд суруде бахшидаам.

— Хуб, ба сафарҳои дохила шурӯъ намудед, оё доираи фаъолиятро ҷониби хориҷа густариш намедиҳед?

— Дар ниятамон сафари хориҷа ҳаст, вале он албатта, бо хости Худованд амалӣ мегардад. Ҳар сароянда орзу дорад, ки ба саҳнаи калон барояд.

— Бисёр ҳунармандони хориҷ ба Тоҷикистон меоянд. Оё бо нафаре аз онҳо муносибати дӯстӣ пайдо кардед?

— Не, чун онҳо вориди Тоҷикистон мешаванд, ҳар дақиқаашон аз рӯйи нақшаи тартибдодаи муассис меравад. Аз ин лиҳоз ҳатто имкони бо сароянда вохӯрдан намешавад.

— Мухлиси кадом сарояндаҳои хориҷ ҳастед?

— Аз мусиқии попи рус Филипп Киркоровро меписандам ва аз ҳунармандони англисзабон ба эҷодиёти Энрике Иглесиас шавқ дорам.

— Хислати гӯш кардани сурудҳои худро доред?

— Медонед, ҳангоме ки дар ҳузурам сурудамро пахш мекунам, хиҷолат мекашам.

Сабабашро намедонам, лекин баъзан ин ҳиссиётро фурӯ бурда таронаамро гӯш мекунам. Ман агар худам таронаи худамро қабул карда натавонам, мухлисон онро чӣ гуна қабул мекунанд?!

— Ба назар чунин мерасад, ки бештар таронаҳои ғамгин мехонед. Оё ин сабаб дорад?

— Дар дунё касе беғам нест. Ҳатто сарватмандону мансабдорон низ ҷояш ояд, мегирянду меноланд. Чун инсонро ҳолати маҳзунӣ фарогир гардид, ӯ ба мусиқии ороме, ки ифшогари ҳолати ботиниаш аст, рӯй меоварад. Ман на танҳо таронаҳои ғамгин, балки дар рӯзи хурсандӣ низ оҳангҳои шӯх мехонам.

— То имрӯз ба орзуҳоятон расидаед?

— Бале, расидам, вале мегӯянд, ки:

Зиндагӣ бе орзу ширин набуд.

Зиндагирон орзу ширин намуд.

Дили беорзу маънои охири зиндагиро дорад. Чун илму техника, умуман дар дунё бисёр кашфиётҳои ҷолиб рух дода истодаанд, дар дили одамон низ бояд орзуву хоҳишҳои нав тавлид ёбанд. Орзу ин роҳнамои беҳтарини инсон ба сӯйи фардо аст.

— Валиҷон, аз таваҷҷӯҳи мухлисдухтарон хаста намешавед?

— Аз замоне, ки ман санъаткор шудам, бисёр духтарон ҳам тариқи телефон ва ҳам дар мактубҳо муҳаббаташонро изҳор медоранд. Ростӣ, баъзан намедонам, ки ба онҳо чӣ посух диҳам. Мухлисонам набояд фаромӯш кунанд, ки ман соҳиби оилаи обод ҳастам. Духтарчаам Мадинахон сесола ва писарчаам Самирҷон алҳол панҷмоҳа аст.

— Бо ҳамсаратон аз рӯйи муҳаббат оиладор шудед ё бо хоҳиши волидон?

— Байни ману ҳамсарам ҳанӯз дар давраи мактабхонӣ муҳаббат пайдо шуда буд. Мо якдигарро ҳаррӯз медидем, вале дар аввал ҳамгап набудем. Танҳо чашмҳоямон аз ошиқ буданамон гувоҳӣ медоданд. Ҳангоме ки якдигарро дар кӯча медидем, дасту пойҳоямон меларзид. Хости Худованд будааст, ки мо имрӯз оилаи солим дорем. Номи ҳамсарам Маҳина аст.

— Табиист ки зиндагӣ бо ҳамсари санъаткор мушкил аст. Раҳпоӣ, шабҳо ба хона дер омадан ва дар таваҷҷӯҳи омма қарор доштан… Ҳамсаратон ба ин  чӣ гуна менигарад?

— Ҳама зан рашк мекунад. Бонуи ман низ рашки зиёд дорад, лекин ин тақозои ҳунар аст, ки санъаткор дар хизмати халқ бошад. Барои ман низ ба хона дер омадан ва аз аҳли оила дур будан осон нест.

— Валиҷон, саломат бошед!

ДИЛКУШО

Хангоми истифода аз маводхои блог истинод ба мачаллаи «Дилкушо» хатми аст.

Один ответ

  1. Салом Валичон Азизов, мехохам,ки фахмам барои чи шумо чудо шудетон бо Голибчон Юсупов? Сабабаш чи? Бо як суол? Худжандба туйба заказ кунем чанд пулба мебид?

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: