• Статистика

  • Blog Stats

    • 523,781 hits
  • Flag Counter

СУҲБАТИ САМИМИ БО ГУЛРУ ТАБАРОВА

Гулру Табарова

Гулру Табарова

— Вақте ки одамон маро дар кӯча дида мешиносанд, барои вохӯриву пурсупос наздам меоянд, кӯдакон барои гирифтани дастнавис кӯшиш мекунанд. Дар роҳҳо низ кормандони Бозрасии автомобилӣ муносибати хуб доранд. Ман ба ихлоси ҳаводоронам эҳтиром мегузорам ва барои дастгириашон ташаккур мегӯям.

— Гулрӯ, аз хизмати продюсер истифода мебаред?

— Модарамро, ки аз рӯзи ба саҳна баромаданам ҳамроҳам ҳастанд, продюсери беҳтарини худ мешуморам. Тавассути кӯмаку дастгирии он кас ба ин мақом расидам ва аз модарам барои чунин ғамхориашон миннатдорам.

— Боре дар консерти «Гулдухтарони тоҷик» таронаи ҳиндӣ хондед. Тарона интихоби кӣ буд?

— Тарона, ки маъқулам гардид, аз як кинофилми ҳиндӣ гирифта шудааст. Асосан матн на ба забони ҳиндӣ, балки ба забони банғолист. Маънии тарона муроҷиат ба дилбар буда, аз ибораҳои «ба назди ман биё, сӯям назаре кун» иборат аст.

— Дар ин самт роҳнамое доштед, ки тарзи дурусти талаффузи калимаҳоро ёд диҳад?

— Ман худам ду рӯзи расо нишаста сурудро такрор бо такрор гӯш карда матнашро навишта гирифтам. Пасон бо кӯшиши пайваста ба талаффузи дурусти шеър ноил шудам.

— Дар ҷашни Истиқлолият сурудеро дар васфи Ватан иҷро кардед. Оё иҷрои таронаҳои патриотӣ ба шумо хос ҳаст?

— Албатта, сурудҳое, ки ба Модару Ватан ё дигар муқаддасот бахшида шудаанд, одамонро, бахусус ҷавононро дар рӯҳияи ватандӯстӣ тарбия мекунанд. Ман ҳангоми баромад аз чеҳраи тамошобинон дарёфтам, ки тарона писандашон омад ва инро онҳо баъдан тасдиқ карданд.

— Моли кӣ буд?

— Матну оҳанги тарона моли сарояндаи хушсалиқа Манижа Давлатова аст. Аз Манижа миннатдорам, ки матну оҳанги ҷолиб офарида онро муносиби ман донист. Ҳатто ҳангоми сабти тарона Манижа ҳамроҳам нишаста, дар кадом лаҳза чӣ гуна авҷ гирифтани овозро фаҳмонид.

— Бо Манижа рафтуомад доред?

— Бале, мо дӯстони хубем, бо хоҳаронаш низ робитаи наздик дорем.

— Хуб, Гулрӯ, пас аз бист сол худатонро дар кадом сатҳ тасаввур мекунед?

— Тақдири мо дар дасти Худованди бузург аст. Лекин бо вуҷуди ин ҳар инсон дар дилаш орзуву мақсад мепарварад, ки бо хости Офаридгор амалӣ мегардад. Ман орзу дорам, ки санъатамро ба сатҳи аъло бардорам. Оилаи солим барпо намуда, соҳиби як духтарчаи солеҳаву ширинрӯ гардам ва ӯро низ аз хурдиаш ба ҷодаи санъат раҳнамун созам.

— Танҳо соҳиби як духтар будан мехоҳед? Чаро?

— Модарам мехост, ки ман санъаткор шавам ва орзую ниятҳои ӯро амалӣ созам. Ман низ мехоҳам, ки духтарча ба дунё оварда, армону ҳавасҳоямро дар ӯ шиканам.

— Оё барои таваллуди духтар домоди арзандае пайдо шудааст?

— Ҳоло не, лекин агар ҷавонмарди сазоворе, ки санъатро мефаҳмаду ба қадри ҳунарам мерасад, пайдо шавад, чаро қабул накунам? Ба ҳаёти мустақилона қадам гузоштан орзуи ҳар бонуст, вале боз мегӯям, ки риштаи қисмати мо аз Офаридгор вобаста аст.

— Ба рӯйи саҳна омаданатонро хеле вақт шуд. Оё ба ягон кишвари хориҷ сафари ҳунарӣ анҷом додед?

— То имрӯз на, лекин нақша дорам, ки ба кишвари афсонавии Ҳиндустон сафари ҳунарӣ анҷом диҳам. Санъати баланд ва маданияту фарҳанги ин кишвар дер боз аст, ки диққатамро ҷалб кардааст. Пасон, сайри дигар давлатҳо ҳам аз манфиат холӣ нест.

— Дар консертҳо бо ҳунармандони маъруф баромадҳои фаъол доред. Оё бо нафаре аз онҳо ҳамкории зич надоред?

— Мо дар тӯю маъракаҳо якдигарро дида аҳволурсӣ мекунем, лекин ҳанӯз барои ҳамкории дуҷониба касе иқдом нагузоштааст.

— Айни замон дар ягон ҷо таҳсил доред?

— Бале, дар бахши аввали факултаи коргардонии Донишгоҳи санъати Тоҷикистон таҳсил мекунам.

— Симои телевизионӣ доред. Оё барои иштирок дар филм пешниҳод гирифтаед?

— Боре ба як филм таклиф намуданд, ки нақш офарам, лекин ба ростӣ, сенария маъқул нашуд.

— Баробари шӯҳрат пайдо намудан мухлисон низ зиёд мешаванд. Имрӯз муносибати мардуми оддӣ бо шумо чӣ гуна ҷараён мегирад?

— Вақте ки одамон маро дар кӯча дида мешиносанд, барои вохӯриву пурсупос наздам меоянд, кӯдакон барои гирифтани дастнавис кӯшиш мекунанд. Дар роҳҳо низ кормандони Бозрасии автомобилӣ муносибати хуб доранд. Ман ба ихлоси ҳаводоронам эҳтиром мегузорам ва барои дастгириашон ташаккур мегӯям.

-Агар имкони кушодани ансамбл ё студия медоштед, номашро чӣ мегузоштед?

— Номашро «Зебо» мемондам, чунки модарам Зебо ном доранд.

— Шумо дар ягон ҷо кор намекунед, лекин бо пироҳану ороишоти зебо ба саҳна мебароед ва соҳиби мошин ҳастед. Махфӣ набошад, мегуфтед, ки манбаи даромади шумо кадом аст?

— Шукри Худо, дар барам ёру дӯстоне дорам, ки дастгириам мекунанд. Ҳамзамон бо ҳамдастии дигар сарояндагон бо гирифтани ҳаққи хизмат ба тӯю маъракаҳо меравам. Ман кӯшиш мекунам, ки бародару хоҳар ва модари заҳматкашам дар зиндагӣ аз чизе камӣ надошта бошанд ва мӯҳтоҷи касе нагарданд.

— Метавонед як тӯйро худатон саришта кунед?

— Шояд наметавонам, то имрӯз насанҷидаам.

-Чанд маротиба шуморо сари чанбараки мошинҳои гуногун дидам. Мегуфтед, ки то ин муддат чанд маротиба мошин иваз кардед?

— Қариб якуним сол мешавад, ки соҳиби мошини шахсӣ шудам. То ин замон се маротиба мошин иваз кардам ва ҳозир савори мошини тамғаи дӯстдоштаам «Лексус» мебошам. Ранги мошин кабуди торик аст, лекин ба ман ранги сафед писанд аст.

— Ба маҳсулотҳои ороишии кадом ширкати косметикӣ таваҷҷӯҳ доред?

— Аз ширкати «Орифлейм» ва «Мери Кей» истифода мебарам, зеро чун ҳунармандон мавриди диққати одамони зиёд қарор мегиранд, ҳатман бояд ба ҷисму пӯсти рӯйи хеш нигоҳубин кунанд. Барои барқарор намудани таровати рӯй аз ниқоби табиӣ истифода мебарам. Барои чунин ниқоб як зардии тухмро бо як қошуқча асал омехта карда ба рӯй мемоланд. Пас аз хушк шудани ниқоб рӯйро бо оби хунук мешӯянд.

ДИЛКУШО

Хангоми истифода аз маводхои блог истинод ба мачаллаи «Дилкушо» хатми аст

Один ответ

  1. мисли худ таронахой зебо дори

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s