• Статистика

  • Blog Stats

    • 524,359 hits
  • Flag Counter

Баҳрои ҒАФУРИ: МАН СИТОРА НЕСТАМ

Бахром Гафури 1

Бахром Гафури 1

Ман фикр намекунам, ки садои ман аз садои дигар сарояндаҳо дида хубтар аст. Агар шумо чунин шуморед, пас ташаккур барои ин. Кӯшиш мекунам, барои шумо барин мухлисон боз беҳтар сароям. Дар фаъолияти эҷодӣ ба ман Фарҳоди Милод кӯмак мекунад. Албоми навам бо номи «Бало» ба фурӯш мебарояд. Ду суруди ин албомам «Бало» ва «Нозанин»-ро шумо аллакай шунидаед. Сурудҳои «Зебо тулӯъи ман», «Лайливу Маҷнун агар мешуд дар даврони ту» дар Тошканд бандубаст шуда, аллакай тайёр ҳастанд. Умед дорам, албоми навам шуморо натанҳо шод мегардонад, балки бароятон як сюрприз ҳам мешавад.

— Мавзӯи сурудҳое, ки имрӯз месароед, аз мавзӯи сурудҳои пештараатон фарқ мекунанд, аниқтараш имрӯзҳо бештар дар мавзӯи ҳаёти иҷтимоии мардуми тоҷик суруд мехонед. Мегуфтед, ки чӣ шуморо водор сохт, ки мавзӯи таронаҳоятонро тағйир диҳед? Фикри шумо дар бораи бо фонограмма суруд хондан чист? Сабаби пеш нарафтани шоу-бизнеси тоҷик дар чӣ аст?

 

— Чун ман ҳам шаҳрванди ҳамин кишвар ҳастам, кӯшиш мекунам, дарди ҷомеа ва мардуми худро дар сурудҳоям инъикос намоям. Ба саволи вобаста ба фонограмма ҳаминро бояд қайд кунам, ки дар баъзе консертҳо маҷбур ҳастем аз фонограмма истифода барем, зеро дар Тоҷикистон техникаи лозима барои бо овози зинда сароидан ҳанӯз ҳам нест. Сабабҳои пеш нарафтани шоу-бизнеси тоҷик зиёданд. Якумаш ин ки бозори фурӯши дискҳо назора карда намешавад. Хоҳ бовар кунед, хоҳ не, аз фурӯши он албомҳое, ки мо сабт мекунем, ягон фоида намерасад, дар ҳоле ки барои сабти як суруд аз 1 то 3 ҳазор доллари амрикоӣ сарф мешавад. Нафароне, ки дискҳоямонро мефурӯшанд, ҷипсавор мешаванду мо бошем пойи пиёда мемонем. Омили дигари рушд накардани шоу-бизнеси тоҷик набудани студияҳои замонавист.

 

— Баҳром, борҳо шунида будам, ки миёни ситораҳои эстрадаи тоҷик шумо ягона нафаре мебошед, ки ҳавобаландӣ надоред. Умедворам, ки ин ҳақиқат аст. Ба фикратон чаро имрӯзҳо ҳар як сарояндаи ҷавоне, ки бо як ё ду суруд рӯйи саҳна мебарояд, зуд худро ситора меҳисобад?

 

— Ташаккур, барои суханҳои гарм. Бояд қайд кунам, ки боре ҳам худро ситора наҳисобидаам, ин аз рӯйи хоксорӣ нест, балки ҳақиқатро мегӯям. Ситора танҳо дар осмон мешавад. Ман бошам, инсони заминӣ ҳастаму мемонам. Дар санъати мусиқӣ ситора вуҷуд надорад, он ҷо танҳо сарояндае ҳаст, ки тавассути сурудҳояш мардумро хушнуд мегардонад. Ман ҳам аз он, ки баъзе сарояндаҳо аз худ ситора месозанд, дар ҳайрат мемонам.

 

— Оё сароянда будан мушкил аст? Рост, ки сарояндаҳо пул ва маъшуқаҳои зиёд доранд?

 

— Албатта, сароянда будан мушкил аст, зеро сарояндаи асил бояд ҳамеша пайи эҷод бошад ва сурудҳои навро пешкаши мухлисонаш гардонад, вагарна зуд фаромӯш мешавад. Дар масъалаи он, ки сарояндаҳо маблағ ва маъшуқаҳои зиёд доранд, касе ба шумо дурӯғ гуфтааст. Хусусан дар бораи маблағ. Бале, мо пули зиёд кор мекунем, вале харҷамон аз даромадамон дида зиёдтар аст. Зеро барои пардохт намудани хизмати студияҳои сабти овоз, банду басти суруд ва ба навор гирифтани клип маблағи калон лозим аст. Бар замми ин, ман бояд хӯрам, пӯшам, оилаамро хӯронам, ба падару модар кӯмак расонам, яъне сарояндаҳо хам зиндагӣ доранд ва пеш бурдани он кори осон нест.

 

— Баҳромҷон, касби сарояндагӣ то кай ҳамроҳи ту мемонад, яъне то кадом синну сол? (Фақат илтимос, мисли баъзеҳо ҷавоби ҳавоӣ надеҳ, ки то зинда ҳастам, ман суруд мехонам ё то мухлисонам инро мехоҳанд… ва ғайра.) Боре ҳам фикр кардӣ, ки дар саҳна вақте ки сурудҳои ҷаззоб месароӣ, рӯ ба рӯят чӣ манзараеро мебинӣ (доду фарёди мухлисонат, хусусан духтарон)? Оё ин манзараи ибратомӯз аст? Агар сарояндае мисли ту дар саҳна суруд хонад, пайвандонатро (ту хуб фаҳмидӣ, ки ман киҳоро дар назар дорам) иҷозаи рафтан ба чунин консертҳо медиҳӣ? Агар ҷавоб додан нахоҳӣ, ихтиёрат, аммо бидон, ки ин суханҳо хар рӯз туро думболагирӣ хоҳанд кард. Ин дунё, дунёи фонӣ аст…

 

— То лаҳзае, ки Худованд розӣ аст, мехонам. Қабл аз ҳама, барои худам. Ҳангоме дар саҳнаам, ҳеҷ чизро намебинам. Ҳолате, ки дар саҳна бо инсон рух медиҳад, тасвирнашаванда аст. Баъд аз баромадан аз саҳна тасаввур мекунӣ, ки чӣ шуду чӣ гузашт. Дар консертҳо духтарон чӣ гуна рафтор мекунанд, кори онҳост. Ман онҳоро маҷбур накардаам, онҳо ҳам маҷбур нестанд. Пайвандонам фақат ба консертҳои худам мераванд. Фонӣ будани дунё кашфиёти ману шумо нест. Муҳим ин аст, ки инсон самимӣ бошад. Агар самимӣ ҳастед, шуморо ягон сухан дунболагирӣ ҳам намекунад.

 

— Акаи Баҳром, ман мухлиси ашаддии шумо ҳастам ва фикр мекунам, миёни сарояндаҳо садои шумо беҳтарин аст. Чун матн ва оҳангҳоятон пурмазмун ҳастанд, мехостам донам, ки дар интихоби онҳо ба шумо кӣ кӯмак мерасонад? Албоми нави сурудҳоятонро кай ва бо кадом ном дастрас кардан мумкин мешавад?

 

— Ман фикр намекунам, ки садои ман аз садои дигар сарояндаҳо дида хубтар аст. Агар шумо чунин шуморед, пас ташаккур барои ин. Кӯшиш мекунам, барои шумо барин мухлисон боз беҳтар сароям. Дар фаъолияти эҷодӣ ба ман Фарҳоди Милод кӯмак мекунад. Албоми навам бо номи «Бало» ба фурӯш мебарояд. Ду суруди ин албомам «Бало» ва «Нозанин»-ро шумо аллакай шунидаед. Сурудҳои «Зебо тулӯъи ман», «Лайливу Маҷнун агар мешуд дар даврони ту» дар Тошканд бандубаст шуда, аллакай тайёр ҳастанд. Умед дорам, албоми навам шуморо натанҳо шод мегардонад, балки бароятон як сюрприз ҳам мешавад.

 

— Бисёриҳо мегӯянд, ки сарояндаҳо пулро ба осонӣ ба даст меоранд ва зиндагии шоҳона доранд. Оё ин рост аст? Имрӯзҳо қисми зиёди сарояндаҳои ҷавон фарзандони сарояндаҳои машҳури гузашта ҳастанд. Магар дар оилаи сароянда ба дунё омадан барои ба саҳна баромадан аҳамият дорад? Чаро имрӯзҳо қисми зиёди ҷавонон кӯшиш сароянда шуданро доранд?

 

— Фикр намекунам, ки бе танаффус се соат дар консерт ё тӯе суруд хондан кори осон бошад. Худоро шукр мегӯям, ки мо сарояндаҳо бо ин роҳи мушкил ва меҳнати ҳалол нони худро меёбем. Шахсан, ман худро инсони сарватманд намеҳисобам. Барои сароянда дар оилаи санъаткор ба дунё омадан нақш мебозад, вале нақши муҳимро не. Зеро сарояндагӣ пеш аз ҳама истеъдод аст ва истеъдод доди Худо мебошад.

Ҷавонони зиёд талоши ба саҳна баромадан дошта бошанд ҳам, вале қисми зиёдашон дар муддати кӯтоҳ онро тарк мекунанд, зеро ба мушкилоти ҳунар тоб намеоранд.

 

— Баҳром, рост аст, ки аввалин консертҳои шумо ва дигар сароядагони ҷавон, ба монанди Садриддин, Манижа ва дигаронро нашъаҷаллоби машҳури Тоҷикистон, ки бо номи Боим машҳур асту дар шаҳри Маскав дастгир шуда буд, сарпарастӣ кардааст?

 

— Агар Боим сарпарастӣ карда бошад, пас ӯ саҳми худро дар рушди мусиқии тоҷик гузоштааст. Хуб мешуд, агар мисли Боим одамони хайрхоҳ зиёд мешуданд, зеро эстрадаи тоҷик ба чунин шахсиятҳо ниёз дорад. Шахсан ман хеле шод мешудам, агар чунин нафаре дар Тоҷикистон студияи замонавӣ мекушод, мо сарояндагон барои бандубасти сурудҳои худ ба хориҷи кишвар намерафтем.

 

— Хоҳиш мекунам, каме дар бораи муҳаббати аввалинатон нақл кунед…

 

— Муҳаббати аввал бароям як хобе буд ва он мисли хоб зуд фаромӯш шуд. Муҳаббати давраи мактабиро ҳама паси сар мекунанд, аз ҷумла ман ҳам кардаам.

 

ДИЛКУШО

 

Хангоми истифода аз маводхои блог истинод ба мачаллаи «Дилкушо» хатми аст.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: