• Статистика

  • Blog Stats

    • 523,781 hits
  • Flag Counter

САРВИНОЗ ЮСУФИ: АЗ САРПАРАСТ МЕТАРСАМ!

Сарвинози Юсуфи

Сарвинози Юсуфи

Ў ҳанӯз ҷавон аст, лекин дар ҷодаи санъат қадамҳои устуворона мегузорад. Муҳаббати мусиқӣ ӯро аз даврони кӯдакиаш дунболагирӣ мекунад. Сарвиноз аввал ба Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон дохил шудааст, вале пас аз ду соли таҳсил роҳи худро тағйир дода, ҳуҷҷатҳояшро ба Донишгоҳи давлатии тиҷоратии Тоҷикистон месупорад. Соли равон соҳиби дипломи маълумоти олӣ гардид. Аммо Сарвиноз ба ин қаноат накард, зеро ақида дорад, ки санъаткори асил бояд ҳатман аз нозукиҳои илми мусиқӣ бархурдор бошад. Аз ин рӯ ният дорад ба Донишкадаи санъат дохил шавад. Сарвиноз ба замми садои хуб доштанаш қобилияти шеърнависӣ низ дорад.


— Сарвиноз, баъзеҳо мегӯянд, ки сарояндагӣ воситаи даромад аст. Ба ин андеша розӣ мешавед?

— Ҳаргиз! Шояд барои бархе ҳунар воситаи пулкоркунӣ бошад, аммо барои ман санъат воситаи баён намудани ҳама рози ниҳонам аст. Ман дарди диламро ба қолаби шеъру оҳанг рехта тавассути он оромии рӯҳӣ меёбам. Бовар кунед, то имрӯз аз фаъолиятам фоидае ба даст наовардаам, балки аз ҳисоби худам таронаҳоямро сабт мекунам.

— Сарпараст доред?

— Надорам ва доштан ҳам намехоҳам!

— Сабаб?

— Медонед, аз сарпараст метарсам, чунки таънаву маломати касеро шунидан ва миннатеро бардоштан намехоҳам. Лекин, шукри Худо, дӯстоне дорам, ки маро дастгирӣ мекунанд. Агар бинанд, ки матну оҳанг ба овозам мувофиқат мекунад, ҳатман пешниҳод мекунанд, ки рӯйи сабт орам. Баъзан ба тӯю маъракаҳо рафта ҳаққи хизматамро сарфи таронаи пурмаънӣ мекунам.

— Ба тӯйҳо низ мерафтаед?

-Гузаронидани маърака барои мукаммал шудани ҳунари сароянда мусоидат мекунад, зеро баромад на тариқи телевизон, балки рӯбарӯ бо аудиторияи зинда мегузарад. Дар шароити мо маҳз дар маъракаҳо қобилияти овозхон ошкор мешавад.

— Бовар доред, ки як худатон маъракаро обод намуда метавонед?

— Чаро не? Ман ҳозир ҳам бе ҳамдастии ҳунармандони дигар ба чорабиниҳо меравам…

— Медонем, ки дар ансамбли овозадори «Сипар» фаъолият мекунед. Аз кӯмаки кадом устодон баҳраманд ҳастед?

— Вазири корҳои дохилӣ Қаҳҳоров А. моро зиёд дастгирӣ мекунанд. Устод Умар Зиёев низ хеле инсони заминӣ ҳастанд, моро хуб мефаҳманд. Роҳбари мусиқиамон Ҳафиз Саидов, овозхонони ансамбл Хосият Қаҳҳорова, Шабнами Тоҷиддин, Элена Гардиева, Зайнура Пӯлодова, Ҷамшед Низомов, Муродалӣ Умаров ва дигаронанд. Ман аз фазои ороми корӣ, дастгириву муносибати бародаронаву хоҳаронаи ҳамкоронам розиам. Пушаймон нестам, ки ба оғӯши «Сипар» омадам. Ҳамдигарфаҳмӣ боис гардидааст, ки аъзоёни даста ҳунари худро равнақ дода дар ҷашну чорабиниҳои давлатӣ фаъол бошанд.

— Сарвиноз, субҳи шумо одатан бо кадом корҳо оғоз меёбад?

— Субҳи ман бо садои гиряи кӯдак оғоз мешавад. Як духтарчаи чорсола дорам ва ӯро саҳар ба боғча бурда, пасон ҷониби коргоҳ мешитобам. Санъаткор будан қонуниятҳои худро дорад, вале ман новобаста аз ин мехоҳам, ки мисли бонувони дигар барои фарзандам модари ғамхор ва дар ошхона низ кадбонуи моҳир бошам. Зан ба касбаш нигоҳ накарда бояд ҳаматарафа бошад, зеро зиндагӣ метавонад инсонро бо ҳар гуна маҷро рӯбарӯ созад.

— Хуб, сухан дар бораи духтарчаатон рафт. Оё мехоҳед, ки ӯ низ сароянда шавад?

— Намехоҳам.

— Чаро? Шояд волидони Шумо низ дар аввал ба ҳунаратон зид буданд?

— Аҳли оилаи мо дар интихоби касб озоданд ва ҳамин озодӣ боис шуд, ки ман саҳнаи эстрадаро ихтиёр кунам. Волидонам маслиҳат доданд, ки агар аз ӯҳдаи сурудхонӣ бароям, метавонам санъаткор шавам. Ҳама гап дар сари истеъдод буд. Касе намехост, ки истеъдоди ман дар қалбам хомӯш шавад. Аз пайвандонам миннатдорам, ки хоҳиши маро ҷонибдорӣ намуданд.

— Ба андешаи Шумо хушбахтии оила садди роҳи карйера шуда метавонад?

— Агар шавҳар нахоҳад, ки завҷааш рӯйи саҳна барояд, хушбахтии оила бечуну чаро халалдор мешавад. Бисёр бонувони болаёқати мо бо мақсади пойдор нигоҳ доштани издивоҷ аз ояндаи худ чашм пӯшиданд. Шахсан худам низ ба хотири ҳунар оилавайрон шудам. Ҳарчанд дар ҷомеаи имрӯз аз баробарҳуқуқии зану мард ҳарф зананд ҳам, дар хонаводаҳои тоҷик интихоби озодонаи тарафайн вуҷуд надорад.

— Агар ҷавонмарде бо мақсади оиладорӣ пайдо шуда, дар санъат Шуморо дастгирӣ кардан хоҳад, қабул мекунед?

— Ҳоло не!

— Сарвиноз, ҳамроҳи кӣ зиндагӣ мекунед?

— Ҳамроҳи волидонам.

— Оё аз мухлисе тӯҳфаи қимматбаҳое гирифтаед?

— Ман аз мухлисонам тӯҳфаи қиммат интизор нестам, тӯҳфаи беҳтарин бароям ин сухани нек, таваҷҷӯҳи гарм ва гулдастаҳо мебошанд, ки бо диданашон ҳар лаҳза шод мегардам.

— Дар кӯча аз таваҷҷӯҳи одамон хаста намешавед?

— Сароянда шуда бошам ҳам, инсони озоду оддӣ боқӣ мондаам. Аз касе намегурезам ва аз ҷойҳои ҷамъятӣ худамро дур намегирам. Инсон бояд заминӣ бошад, зиндагиву атрофиёнашро дӯст дорад.

— Агар гирди номатон овозаҳои манфӣ пайдо шаванд, чӣ гуна ҷавоб медиҳед?

— Медонед, агар ба ҳама гапи мардум аҳамият диҳед, набояд зиндагиро идома диҳед…

— Мошин доред?

— Замоне доштам…

— Тамғаи писандидаатон…

— Ҳар мошине, ки Худованд лоиқам бинад, ҳамон писандам аст.

— Дар зиндагӣ аз чӣ ҳарос доред?

— Аз танҳоӣ… Танҳоӣ дарди гарон аст…

ДИЛКУШО

Хангоми истифода аз маводхои блог истинод ба мачаллаи «Дилкушо» хатми аст

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s