• Статистика

  • Blog Stats

    • 524,359 hits
  • Flag Counter

СОГДИАНА БУНАФША ВА БАҲРОМ: СЕ СИТОРА ДАР КОХИ БОРБАД

Бахром ва Согдиана

Бахром ва Согдиана

Согдиана 17 феврали соли 1984  (Оксана Нечитайло) дар шаҳри бостонии Тошкент таваллуд шудааст. Муҳаббати мусиқӣ ӯро аз хурдӣ ҳамроҳӣ мекард. Согдианаи нозуктабиат ҳар шом барои аҳли хонаводааш консерт барпо менамуд: суруд хонда арғушт мерафт ва бо садои бурро шеър мехонд. Фаъолияти расмиаш соли 1999 оғоз шудааст. Он замон ӯ дар телевизиони маҳаллӣ бо таронаи англисӣ, ки оҳангашро худ эҷод карда буд, баромад кард.

— Согдиана, шумо зодаи ӯзбекистон ҳастед. Оё ошхонаи шарқиро дӯст медоред?

 

— Беҳад! Хӯрокҳои ӯзбекиеро, ки дар алангаи оташ омода мешаванд, бо таомҳои дигар давлатҳо муқоиса кардан тамоман номумкин аст. Оши палав дар иду ҷашнҳо ҳамеша дар сари дастурхони оилаи мо аст ва нисбати ин намуди ғизо бо ҳисси эҳтиром менигарам. Барои ҳамин вақте ки дар баъзе ресторанҳо кашаи биринҷиро бо гӯшт пухта оши палав ном мебаранд, дар ғазаб мешавам. Шахсан ман оши палавро пухта наметавонам, ба гумонам палавро танҳо бояд мардон пазанд, чунки дар ҳақиқат ҳам аз ӯҳдаи пухтанаш мебароянд.

 

Ҷисми нафису нозук доред. Парҳез риоя мекунед?

 

— Росташро агар гӯям, парҳезеро ҷустуҷӯ дорам, ки барои фарбеҳшавӣ кӯмак мерасонад. Ман ба гурӯҳи одамоне дохил мешавам, ки бо камтар ҳолати асабоният 1 кг вазнамро мепартоям. Ҳангоми ҳомиладориам духтурон аз вазни кофӣ надоштанам ташвиш мекашиданд. Лекин пас аз таваллути кӯдак 20 кг фарбеҳ шудам. Ҳоло боз ба ҳамон вазни пештара баргаштам, аммо волидонам ҳамеша маро маҷбур мекунанд, ки хӯрок хӯрам.

 

— Маъруфияти ҳақиқиро дар Русия кай ба даст овардед?

 

— Соли 2007 клипи «Синее небо»  рӯйи навор омад ва баъди маҳбуб шудани тарона фаъолиятро болои албоми аввали русиягиам оғоз намудам. Пас аз се ҳафтаи таваллуди писарам Арҷун ман дар  «Золотой граммофон» ширкат карда, статуси баландтарро ба даст овардам. Худи ҳамон сол барои саҳм гузоштан дар ишкишофи мусиқии Русия ба ҷоизаи роҳбари шаҳри Москав «Пилар» сазовор шудам. 14-уми феврали соли 2008 нахусталбоми русиягиам бо номи «Сердце-магнит» ба фурӯш баромад.

 

— Ғайри шумо дар оила касе санъаткор ҳаст?

 

— Медонед, ман дар оилае ба воя расидам, ки касе ба мусиқӣ сарукор надошт. Модарам Лариса Федоринская корманди тиб ва падарам Владимир Нечитайло муҳандис ҳастанд. Новобаста аз норасоии фазои санъат дар хона ман аз хурдӣ расм мекашидам, шеърҳоро бо шавқи зиёд аз ёд мекардам ва бо ҳамин рафторҳои кӯдакона волидонамро хушҳол менамудам. Онҳо истеъдодамро эҳсос карда, маро ба мактаби мусиқие доданд, ки он ҷо тӯли ёздаҳ сол навозиши фортепианнаро омӯхтам.

 

— Муваффақият ёратон!

 

БУНАФША:

 

Бунафша Раҷабова хатмкардаи факултаи журналистикаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон бошад ҳам, имрӯз дар пайраҳаи санъат қадам мезанад. Ҳанӯз овони кӯдакӣ нисбат ба мусиқӣ муҳаббати зиёд дошт, вале шояд тарсу ҳарос, нобоварӣ ва эътирози наздикон буд, ки ӯ орзуҳои баландпарвозашро дар пайраҳаи санъат то дергоҳ амалӣ карда натавонист. Танҳо чанд соли охир муҳаббати сурудхонӣ дар дилаш ғалаба намуду ӯ рӯйи саҳнаи бузург баромад. Ба наздикӣ дар барномаи шахсии Согдиана дар меҳмонӣ қарор дошт.

 

— Бунафша, барнома чӣ гуна гузашт?

 

— Олӣ! Аз он шодам, ки мардум нисбати фарҳангу мусиқии давлатҳои гуногун таваҷҷӯҳи зиёд доранд ва ҳар консерти барномаи овозхонони онҷоро аз мадди назар дур намемонанд. Ҳамдастӣ бо Согдианаву Баҳром дар як саҳнае, ки дӯстиву фарҳанги моро устувор мегардонад, бароям беҳад гуворо буд. Согдиана ҳунарманди асил аст, ман ҳунару муносибати ӯро қадр мекунам.

 

— Мехоҳед, ки бо сарояндагони хориҷа ҳамеша чунин робита дошта бошед?

 

— Чаро не! Имрӯз бо ҳунармандони дигар давлатҳо ҳамкорӣ кардану ба сатҳи ҷаҳонӣ баромадан орзуи ҳар сароянда аст. Чун аз дигар давлатҳо сарояндаҳо меҳмони Тоҷикистон меоянд, мо низ набояд аз ин падида дар канор бошем.

 

— Бо кадом ҳунарманди машҳури дунё орзуи дуэтсароӣ доред?

 

— Тамоман завқи дуэтсароӣ надорам!

 

— Саломат бошед бонуи азиз!

 

БАҲРОМ:

 

— Баҳром, суруди «Умри ман мераваду ёди ту ҳаргиз наравад»-ро ба кӣ бахшидаед?

 

— Тавлиди ин тарона таърихи бисёр аҷиб дорад. Боре ман дар шаҳри Қӯрғонтеппа барномаи ҳунарӣ доштам. Дар ҷараёни барнома зане китобчаеро тақдим намуд, ки маҳсули эҷоди худаш буд. Китобро оварда, чун тӯҳфаи хотиравӣ аз мухлис дар хона гузоштам. Пас аз ин аз пайи коре шудаму ду рӯз ба хона омада натавонистам. Дар ҳамин байн ҳамсарам китобчаро варақ мезанаду чашмаш ба ҳамин мисраҳо меафтад ва пасон ба телефони ман хат равона мекунад:

 

Умри ман мераваду ёди ту ҳаргиз наравад,

Аз дили ғамзадаам меҳри ту берун нашавад.

 

Мисраҳои боло ба ман низ беҳад писанд омаданд ва тасмим гирифтам, ки онро рӯйи сабт орам. Агар гӯям, ки ба тавлиди ин тарона ҳамсарам сабаб шудааст, хато намекунам. Ман ин таронаро ҳамчун рамзи муҳаббат ба ҳамсарам тӯҳфа кардаам.

 

— Оилаи шумо дар асоси муҳаббат бино ёфтааст?

 

— Ман ҳамсарамро дӯст доштам, вале ӯ намедонист, ки нисбаташ муҳаббат дорам. Ҳамсарам дар ҳамсоягии бародарам истиқомат мекард ва тавассути рафтуомад ба хонаи онҳо ман бахти худро вохӯрдам.

 

— Баҳром, соҳиби чӣ гуна мошин шудан мехоҳед?

 

— Ба интихоби мошинҳо завқу ҳавас надорам. Мошин ба ман танҳо як кӯмак мерасонад, ки корамро зудтар ба анҷом расонам.

— Мегӯянд, ки дар интихоби матну оҳанг бештар ба шумо Фахриддини Холбек кӯмак мерасонад ва бар замми ин соҳиби садои хуб аст. Барои чӣ ҳамроҳи шумо ба саҳна намеояд?

 

— Шумо хато накардед, ки Фахриддин дар рушди эҷодиёти ман саҳм гузоштааст. Ман низ медонам, ки ӯ садои боқувват дорад ва барои ҳамин чанд маротиба таклиф карда будам, ки дар саҳнаи калон қуввати худро санҷад. Аммо Фахриддин барои гузоштани қадами аввал дудилагӣ мекунад. Умед дорам, ки ин нақша рӯзҳои наздик амалӣ мегардад.

 

ДИЛКУШО

 

Хангоми истифода аз маводхои блог истинод ба мачаллаи «Дилкушо» хатми аст

 

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s