• Статистика

  • Blog Stats

    • 524,359 hits
  • Flag Counter

ТИМАТИ ЧАРО МАҲЗ ШАБНАМ?

Шабнам ва Тимати

Шабнам ва Тимати

Натиҷаҳои Истиқлолияти миллӣ аст, ки робитаи фарҳангии кишварҳои хориҷ бо Тоҷикистон рушду нумӯъ мекунад. Тавассути баромадҳои пайиҳами сарояндагони тоҷик дар қитъаҳои Амрикову Аврупо ҳунармандони хориҷа низ ба бозори кишвари мо роҳ ёфтанд. Боиси хушнудист, ки ҷавонон барномаҳои Максиму Дима Билан ё овозхонони Эронро хуб истиқбол мегиранд. Ин навбат дар толори мо Тимати ҳунарнамоӣ мекунад. Аз рӯй одат репсаро Тиматиро дар нахустконсерташ дар Тоҷикистон ҳунарманди хушзавқ Шабнами Сурайё ҳамроҳӣ менамояд.

Шабнами Сурайё чанд сол муқаддам рӯйи саҳна омада дар муддати кӯтоҳ шӯҳрати ҷаҳонӣ ёфт. Бисёриҳо шӯҳрати ногаҳонии ӯро аз рӯйи маъруфияти модараш Сурайё Қосимова мешумориданд. Вале силсилаконсертҳо дар Амрикову Аврупо ва баромадҳои пайдарҳам дар саҳнаҳои бузург исбот намуд, ки Шабнамро ба кӯйи ҳунар на ҳавову ҳавас, балки истеъдоду роҳнамоии модар овардааст. Аз рӯйи гуфтаи ташкилкунандагон, барномаи Тимати тӯли як соат омода шудааст, ки ин хеле вақти кам аст ва Шабнам эҳтимол, ягона нафаре аст, ки холигии бавуҷудояндаро дар консерти ситораи бонуфузи хориҷӣ пур карда метавонад.

***

— Гуфта метавонед, кӣ ба фаъолияти шумо таъсир мерасонад?

— Чизҳое ҳастанд, ки барои истифодаи оянда ба худам мегирам, лекин нафаре нест, ки дар умум маро ба пешравӣ ҳидоят мекунад. Ман худам ба худам баъзан таъсири манфӣ ва баъзан мусбат мерасонам.

— Дар зиндагӣ аз чӣ ифтихор мекунед?

— Бо рушди фарҳангу маданият дар кишвар, бо одамоне, ки маро иҳота кардаанд, бо худам ва ҳама корҳое, ки анҷом медиҳам, ифтихор мекунам.

— Худатонро маслиҳатчии хуб мешуморед?

— Росташро гӯям, маслиҳат доданро дӯст намедорам. Ҳар кас бояд ба садои дили худ гӯш дода, соҳиби нони худ шавад. Маслиҳатро аслан бояд ҳамон вақт дод, ки аз ту мепурсанд.

— Аз нигоҳи шумо чӣ дар зиндагӣ беинсофона аст?

— Ҷанг, куштори одамони бегуноҳ, майпарастиву ҳамхобагии ҷинсҳои якхела…

— Аз оила кӣ дӯсти беҳтаринатон аст?

— Модарам, дар ҳаёт аз ӯ чизи пинҳоне надорам. Мо муносибати дӯстона дорем.

— Оё либоспӯшии духтарони имрӯз шуморо ба ташвиш намеорад?

— Не, баръакс, ба ман истеҳсоли мӯди охир хеле писанд аст. Аслан бароям фарқе надорад, ки бонувон чӣ гуна либос мепӯшанд, лекин ба чашми ман онҳо бо юбкаҳои кӯтоҳдоман зеботар менамоянд.

— Дар чӣ гуна манзил зиндагӣ ба Шумо писанд аст?

— Ду сол пеш дар ҷануби Маскав манзили бетаъмире харидам. Бовар кунед, барои ба тартиб даровардани хона фақат ним сол тарзи ороишро интихоб намудам, то орзуям ҷомаи ҳақиқӣ пӯшад. Якуним соли дигарро устоҳои гулдаст ба таъмир гузарониданд. Чанд моҳ пеш устоҳо калиди манзиламро ботантана ба дастам супориданд. Имрӯз ман дар ҷое зиндагӣ мекунам, ки илҳоми эҷод карданам меояд.

— Дар маҳаллаи Шумо ҳунармандони машҳур Ксения Собчак, Дана Борисова, Владимир Пресняков зиндагӣ мекунанд. Меҳмони якдигар мешавед?

— Мебинем… Орзу дорам, ки майдони тобистона созам, минбаъд онҳо барои сӯҳбатҳои дӯстонаву эҷодӣ ба хонаи ман ташриф меоранд.

Падаратон тиҷораткори машҳуранд ва мегӯянд, ки тарафи модаратон ба санъат дилбастагӣ доранд. Дар ботини шумо кадом истеъдод зиёдтар нуҳуфтааст?

— Бобои модариам оҳангсоз ва дирижёр буд. Модарам се маълумоти олӣ: иқтисодӣ, психологӣ ва мусиқӣ дорад. Вале тамоми ҳаёташро ба ману бародарам Артём бахшидааст. ӯ аз кор рафта танҳо ба тарбияи фарзандон машғул шуд. Ману падарам барои модарам ҳама шароитҳоро фароҳам месозем, то ӯ аз маблағ танқисӣ надошта бошад. Падарам бо тақозои касбу кор доимо дар Швейсария зиндагӣ мекунад.

— Аз таваҷҷӯҳи мухлисон хаста намешавед?

— Дар Маскав баромадҳоямро оромона қабул мекунанд. Вале дар ноҳияҳо мухлисонам омодаанд ҳатто худро зери мошин партоянд, либоси танашонро дарронанд. Боре пас аз консерт ба меҳмонхона баргашта дидам, ки дар рӯйи катам духтараке нишастааст. Албатта, мақсади ӯро ба зудӣ пай бурдам. Дар аввал мулоим гуфтугӯ карда, хостам ба хубӣ ӯро гусел кунам. Лекин якравии духтараки ношинос маҷбурам намуд, ки муҳофизатгаронро фарёд кунам.

— Ишқи аввалини худро дар ёд доред?

— То оғози фаъолият ман нисбат ба касе муҳаббати ҳақиқӣ надоштам. Одатан духтарон ба ман ошиқ мешаванд. Вале чанд сол пеш бо духтараке бо номи Алекс вохӯрдам, ки дар ҳақиқат ҳушу хаёламро рабуд. Бори аввал ба ӯ изҳори ишқ намудам. Айни замон мо ҷудоем, ман инсони озодам.

— Дар бораи тӯй фикр кардан намехоҳед?

— Ман танҳо ҳамон вақт дар бораи зангирӣ мекунам, ки ҳамаи пулҳои то имрӯз коркардаам барои ман хизмат кунанд. Он лаҳза ман фақат дар хона нишаста супориш медиҳам ва ба ҳамин васила сармоя ҷамъ меорам.

— Дар баданатон татуировкаи бисёрро мебинем. Сабабаш чист?

— Холкӯбии аввалинро дар шакли аждаҳои оташфишон дар синни сенздаҳсолагиам гузошта будам, чунки мучали ман аждаҳо аст. Дар болои шикамам ҳатто шиорамро холкӯбӣ кардаам. Ба хотири он ки дар баданам бисёр навиштаҷотҳо дорам, ба хизмати ҳарбӣ қабул накарданд.

— Дар кадом мавзӯъ суруд хонданро дӯст медоред?

— Мусиқӣ бояд фараҳафзо бошад. Аз шунидани таронаҳое, ки таъсири манфӣ доранд, одамонро ҳолати бад фаро мегирад. Ман касеро таълим доданӣ нестам, фақат он чизеро, ки фикр мекунам, мегӯям. Бе ин ҳам дар зиндагии мо чизҳои бад зиёданд, ман намехоҳам, ки дар саҳнаи калон истода боз шунавандаҳоро дилтанг кунам.

ДИЛКУШО

Хангоми истифода аз маводхои блог истинод ба мачаллаи «Дилкушо» хатми аст

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s