• Статистика

  • Blog Stats

    • 523,781 hits
  • Flag Counter

ФАХРИДДИНИ МАЛИК: БО ЭРОНИҲО, АФРИКОИҲО, ТУРКҲО, РУСҲО ВА АРАБҲО ҲАМКОРИ ДОРАМ!

Фахридини Малик

Фахридини Малик

Саволи бомаврид додед… Хеле душвор аст. Чунки барнома бояд сари ҷалби таваҷҷӯҳи мухлисон қарор доштани ҳунарманд, ҳозирҷавобӣ, зиндасароӣ, ҳунарҳои изофӣ доштани ӯ, аз ҳамаи паҳлӯҳо бохабар будани ҳунармандро инъикос кунад. Вале ман кӯшиш мекунам, ки аз ҳамаи сахтиҳо гузарам ва барои пешрафти ҷомеаву болидагии хотири тамошобинон барномаҳои аз ин ҳам ҷолибро таҳия созам. Ман аз Кумитаи радио ва телевизион изҳори сипос мекунам, ки ба тарзи суханронии ман аҳамият дода роҳнамоӣ карданд, то тавонам дар чунин барномае, ки ҳама паҳлӯҳои ҳунари ҳунармандро тасвир мекунад, баранда бошам.

— Фахриддин, студияи шумо бо ҳама асбобҳои мусиқӣ ва сабт муҷаҳҳаз аст. Чӣ тавр ва аз кадом ҳисоб муваффақ шудед ин ҳамаро ҷамъ кунед?

— Ин кори нанг аст. Пеш дар хонаи серошёна як утоқи хурди корӣ доштам. Дӯстони хориҷиам меомаданд. Баъзан дар сӯҳбатҳояшон ишора мекарданд, ки студияҳои мо заифу ибтидоиянд. Акнун ин тавр намегӯянд.

— Гуфтед, ки бо хориҷиён зиёд кор мекунед. Манзури шумо танҳо сарояндагони эронист?

— На фақат эрониҳо, бо африкоиҳо, туркҳо, русҳо ва арабҳо ҳам ҳамкорӣ мекунам. Саъй мекунам, то хориҷиён бо забони тоҷикӣ суруд иҷро кунанд. Дар ҷараёни ҳамкорӣ эҳсос кардам, ки барои онҳо низ воридшавӣ ба санъати тоҷикӣ ва талаффузи ҳар калима ҷолиб буд. Ба ҳар ҳол, иҷрои суруд бо забони тоҷикӣ барои хориҷиён ба сайқал додани ҳунарашон мусоидат кард.

Пеш аз вохӯрӣ чанд клипатонро, ки дар хориҷа рӯйи сабт омадааст, тамошо кардам. Шумо ба давлатҳои хориҷ танҳо ба нияти сабти клип меравед ё тиҷорат ҳам мекунед?

— Дар шароити имрӯза тоҷир набошӣ ҳам, намешавад.

— Дар хориҷа клип ба навор гирифтан маблағи калон металабад. Агар махфӣ набошад, манбаи даромади шумо кадом аст?

— Ҳунарманд вазифадор аст, ки клипҳояшро дар сатҳи баланд ба навор кашад. Ҳаёт мунтазам дар пешравӣ аст ва мо низ бояд ҳамқадами замона бошему моли созгор ба талаботи бозори имрӯзаи мусиқӣ тавлид созем. Албатта, дар як фазои ноошно маблағ пайдо кардан душвор, аммо имконпазир аст. Яке таронаҳои тоҷикиро шунида, аз ҷаҳонбиниву ҳаёти тоҷикон бохабар шуда, ҳаққи хизматро камтар медиҳад, дигарӣ дасти мадад дароз мекунад.

— Асбобҳои мусиқӣ дар студияатон зиёданд. Кадоме аз онҳоро навохта метавонед?

— Аз ӯҳдаи навозиши асбоби барқӣ – пианино, ки модари ҳамаи созҳост, мебароям. Дигарҳояшро бачаҳо менавозанд.

Шуморо пайрави «сабки муинӣ», яъне услуби сарояндаи маъруф Муин дар Тоҷикистон мегӯянд. Ба ин назар мувофиқ ҳастед?

— Ин ба талаботи ҷомеа вобаста аст. Вақте ки ба эҷодиёти ҳунарманд таваҷҷӯҳ зиёд аст, ӯ вазифадор аст, ки талаботи мардумро ба инобат гирад. На танҳо ман, балки дигар ҷавонон низ тақозои ҳаводорони мусиқиро ба назар мегиранд. Ҳангоми истифодаи сабки Муин  умед надоштам, ки ба як натиҷаи дилхоҳ мерасам. Дар кишварҳои хориҷ тарзи сурудхониамро шунида, садои маро аз садои Муин фарқ намекарданд. Вақте ки мо аудиторияи худро дар дохили кишвар пайдо намудем, мухлисон ба дӯши мо масъулият гузоштанд, ки акнун бояд суруди худро хонем. Аз он мактабе, ки гузаштем, таҷрибаи бузург гирифтем.

Бо иҷрои силсилатаронаҳои ватандӯстӣ ё патриотӣ гумон намекунед, ки шуморо овозхони ҳукуматӣ ном мебаранд? Умуман, сабаби ба ин мавзӯъ рӯй оварданатон чист?

— Имрӯз тамоми савту таронаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва маърифатию фарҳангӣ эҳё шуда истодаанд. Тоҷикистон ба сатҳи давлатҳои ҷаҳонӣ наздик мешавад. Чаро аз ин ҷомеаи ҳунарӣ дар канор бошад?! Ҷомеаи ҳунарӣ низ бояд дар пешрафт саҳмгузор бошад. Имрӯз ҳамаи сарояндагон таронаҳои меҳанпарастӣ замзама мекунанд, маҳсули эҷодашонро дар як шакли мутантан муаррифӣ месозанд ва ин танҳо боиси ифтихор буда метавонад.

Фахриддин, шумо барандаи барномаи «Маҳбуби дилҳо» дар шабакаи аввали тоҷик ҳастед. Чӣ гуна барои омодасозиву сабти барнома вақт меёбед?

— Саволи бомаврид додед… Хеле душвор аст. Чунки барнома бояд сари ҷалби таваҷҷӯҳи мухлисон қарор доштани ҳунарманд, ҳозирҷавобӣ, зиндасароӣ, ҳунарҳои изофӣ доштани ӯ, аз ҳамаи паҳлӯҳо бохабар будани ҳунармандро инъикос кунад. Вале ман кӯшиш мекунам, ки аз ҳамаи сахтиҳо гузарам ва барои пешрафти ҷомеаву болидагии хотири тамошобинон барномаҳои аз ин ҳам ҷолибро таҳия созам. Ман аз Кумитаи радио ва телевизион изҳори сипос мекунам, ки ба тарзи суханронии ман аҳамият дода роҳнамоӣ карданд, то тавонам дар чунин барномае, ки ҳама паҳлӯҳои ҳунари ҳунармандро тасвир мекунад, баранда бошам.

— Аз ҳунармандони тоҷик киро ҳунарманди асил мумкин аст ном бурд ва аз ӯ пайравӣ кард?

— Аз арбобони давлатии тоҷик, аз ҳунармандон, аз шоирону рӯзноманигорон метавон фаровон баҳра гирифт. Ҳамаи ин барои паҳлӯи ҳунарӣ сарчашмаи илҳом аст. Ҳунар ҳамеша навовариро тақозо мекунад. Ба андешаи ман, бояд ҳар як ҳунарманд саъй кунад, то нотакрор бошад.

— Оё бо сиёсат сарукор доред? Аъзои ягон ҳизб ҳастед ва дар интихоботҳо ба ҷонибдории кадом ҳизбҳо овоз медиҳед?

— Ҳизби халқии демократиро ҷонибдорӣ мекунам ва аз фазои сиёсии имрӯза розиам. Аз ваҳдату ягонагӣ ва дӯстӣ бо дигар кишварҳо бисёр хушҳолам. Аз мушоҳидаи шахсиам, сиёсати имрӯзаи кишварамон барои як қатор кишварҳои мутамаддин намуна шудааст.

Фахриддин, бештари ҳунармандон мехоҳанд дар маркази шаҳр ҷой гиранд. Шумо чӣ тавр дар маҳаллаи Ховарон, дур аз маркази шаҳр маскан ихтиёр намудед?

Ошён гар мегузорӣ дар баландиҳо гузор,

Дар баландиҳои кӯҳи сарбаланди мо гузор…

Шахси эҷодкор ба муҳити орому хос ниёз дорад. Дар шароити имрӯза бо ҳамаи техникаву дастгоҳу василае, ки мо сарукор мегирем, дар як утоқи хурд ба корҳои эҷодӣ машғул шудану зиндагӣ кардан мушкил асту табъи касро хира мекунад.

ДИЛКУШО

Хангоми истифода аз маводхои блог истинод ба мачаллаи «Дилкушо» хатми аст

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s