• Статистика

  • Blog Stats

    • 524,359 hits
  • Flag Counter

ҶУХИ ЧАВЛА: ДАР БОЛЛИВУД БИСЁР ПРОБЛЕМА ҲАСТ…

Чухи Чавла

Чухи Чавла

Ҷухи Чавла 13 сентябри ноябри соли 1967 дар шаҳри Лудхиана таваллуд шудааст. Хатмкардаи мактаби ибтидоии Бомбей, мактаби Исо ва Марям ва коллеҷи Сиденх мебошад. Соли 1984 ӯ унвони «Маликаи Ҳиндустон»-ро соҳиб шуда буд. Инчунин дар озмуни «Зебосанами ҷаҳон» иштирок намуда соҳиби мукофот шудааст. Баъд аз он ки ӯ ба ҳайси модел фаъолият намуд, истеъдоди нақшофариаш низ ошкор шуд. Ширкатҳои филмофарӣ аз Ҷухие, ки ҳанӯз чеҳраи оддӣ буд, шахсияти шинохта сохтанд. Орзуи аз ҳама беҳтарини ин бонуи ҳунарвар ба даст овардани ҷоизаи Оскар мебошад. Оиладор, соҳиби ду фарзанд. Номи шавҳараш Ҷай Мехтой ва фарзандонаш Ҷанвӣ ва Арҷун мебошад.


— Барои нигоҳ доштани қаду қомати зебо аз кадом восита истифода мебаред?

— Ман инсони серҳаракат ҳастам. Бисёр ҷунбуҷӯл карданам ба ҷойи варзиш низ хизмат мекунад. Ин восита барои нигоҳ доштани шакли муқаррарии зоҳирӣ нисбат ба парҳезҳои нофаҳмо бештар кӯмак мерасонад.

Юбкаҳои доманкӯтоҳ ба шумо зиёдтар мезебанд. Чаро чунин намуди пироҳанро кам дар бар мекунед?

— Бисёриҳо мегӯянд, ки ман бо либосҳои миллии ҳиндӣ зеботарам, лекин пӯшидани либос махсусияти худро дорад. Ман ҳамон пироҳанеро дар бар мекунам, ки ба образам мувофиқат мекунад. Либоспӯшӣ ба ихтиёри худам нест, ин масъаларо коргардон ва моделер ҳал мекунанд.

— Ба фикри шумо калиди хушбахтиҳо чист?

— Калиди хушбахтиҳо ин аз зиндагӣ бисёр чиз талаб накардан аст. Мо бояд бо он чизе, ки дорем, қаноат кунем, лекин ҳамеша ба пеш ҳаракат намоем.

— Идеали шумо дар олами ҳунар кист?

— Шармила Тагор.

— Дӯсти наздик доред?

— Ҳоло бо маънои пуррааш дӯсти наздик  пайдо накардаам ва умуман дар ин мавзӯъ гап задан намехоҳам.

— Дар филмҳо шарики кӣ будан мехоҳед?

— Медонам, ки номи киро шумоён шунидан мехоҳед… бале, ин Амир Хон мебошад. Шояд на ҳар ҳунарпеша иқрор шавад, лекин бо ӯ нақш офаридан орзуи ҳамешагии ман аст. Филмҳое, ки бо ҳамдастии мо рӯйи навор омадаанд, шӯҳрати ҷаҳониро соҳиб шудаанд.

— Агар дар олам синамо намебуд, аз пайи кадом касб мерафтед?

— Машшота ё дизайнер мешудам.

— Чӣ гуна мусиқиро меписандед?

— Миллӣ.

— Агар имкон медоштед, дар Болливуд чиро тағйир медодед?

— Дар Болливуд бисёр проблема ҳаст… намехоҳам дар ин бора даҳон кушоям. Ҳозир қариб истеъдод намондааст… ҳатто агар истеъдод бошад ҳам, ба таври кофӣ на…

Агар ба дастатон моҳии тилло меафтод, кадом се хоҳишатонро амалӣ мегардонидед?

— Пули зиёд… хушбахтӣ ва ишқи абадӣ.

— Аз шӯҳрат истифода бурда ба касе кӯмак расонидаед?

— Баъзан хонаи пиронсолонро зиёрат мекунам. Агар дар беморхонаҳо хоҳиши дидорамро кунанд, ҳатман ба диданашон мешитобам. Баъзан онҳоро аз ҷиҳати моддӣ низ дастгирӣ мекунам.

Ба фикри шумо шӯҳрати зиёд инсонро хаста мекунад ё баръакс ифтихор мебахшад?

— Ҳам ину ҳам он, баъзан мехоҳам, ки ба мисли одамони оддӣ дар кӯчаҳо сайругашт кунам, фарзандонамро ба боғчаву мактаб гусел кунам ва дар либоси як зани оддии ҳинд бошам, вале бо сабаби ҳунарманд будан ва шӯҳрати зиёд доштанам аз чунин имкониятҳо маҳдудам. Шӯҳрати зиёд албатта, рӯҳи одамро мебардорад, вале бо обрӯйи баланд маро эҳсосоте фарогир мешавад, ки гӯё аз озодии ҳаёти шахсӣ маҳрумам.

Кадом сол шӯҳрати ҳақиқиро соҳиб шудед?

—  Ҳангоме ки бо Шоҳрух Хон ширкати филмофарӣ таъсис додем.

— Лақаб доред?

— Чунин фикр намекунам, вале расонаҳо маро «Чавлаи хушчақчақ» мегӯянд.

— Дар пиронсолӣ низ нақшофариро идома медиҳед?

— Худо то ҳамон синну сол маро расонад агар… Ман умед дорам, ки бо номи накӯ ба даргоҳи пирӣ мерасам, саломатии хубро нигоҳ медорам ва мӯҳтоҷи нигоҳубини касе намешавам. Пир шавам ҳам, нақши бонуи синну соли худамро иҷро мекунам.

— Аз нигоҳи худатон филми беҳтаринатон кадом аст?

— Ба ман филми аввалинам QSQT («Qayamat se qayamat tak») беҳад писанд аст. Дар ҷараёни наворбардорӣ бо ҳайати гурӯҳи эҷодӣ вақтамро хуш гузаронида будам. Филм муҳаббати зиёди мардумро ба даст оварда тавонист, то ҳол онро одамон дар хотир доранд. Инчунин филми HHRPK («Ham hain rahi pyar ke») низ дӯст медорам. Ҳатто барои нақши беҳтарин дар он соҳиби мукофот гаштам. Шарикони ман дар филми мазкур Амир Хон ва кӯдакони зиёд буданд.

Ҳангоми наворбардорӣ аз грим истифода мебаред?

— Ин талаботи кори наворбардорист, натанҳо ман, балки дигар ҳунармандон саркашӣ кунанд ҳам, ӯҳдадоранд, ки шартномаи бастаашонро вайрон накунанд.

— Таомҳои кадом ошхонаи миллатро дӯст медоред?

— Дар пухтани ғизоҳои ошхонаи ҳиндӣ ба таври кофӣ таҷриба дорам. Бисёр шириниҳоеро мепазам, ки ба аҳли оила писанд меояд. Чун дар Лондон ҳам зиёд истиқомат доштам, ба таомҳои он ҷо низ одат кардам. Ба фикри ман ҳар гуна хӯрокро агар боҳунарона омода карда бошанд, хӯрдан мумкин аст.

— Ба корҳои хона машғул мешавед?

— Агар бекор бошам чаро на? Вазифаи ҳар бонуи соҳиби шавҳар ва кӯдакон аз ҳамин иборат аст.

— Бо мухлисони ашаддиатон, ки ба қавле худро «фанат» ном мебаранд, чӣ гуна муносибат мекунед?

— Ман мухлисони «фанат» надорам ё шояд бо чунин тоифа вонахӯрдаам. Онҳоеро, ки ҳунарамро қадр мекунанд, мухлиси эҷодиётам ҳастанд ва ман мекӯшам, ки ба эътирофи онҳо бо лутф ҷавоб гардонам.

ДИЛКУШО

Хангоми истифода аз маводхои блог истинод ба мачаллаи «Дилкушо» хатми аст

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s