• Статистика

  • Blog Stats

    • 524,359 hits
  • Flag Counter

ҶОНИБЕК МУРОДОВ МАН БОЯД РАНҶАМ, ШАБНАМ НЕ

Чонибек Муродов 2

Чонибек Муродов 2

Агар Шабнам аз сухани гуфтаи худаш бовар дошта бошад, пас видеоро, ки гӯё ман дар он нисбати ӯ суханҳои нолоиқ гуфтаам, бароварда ба халқ нишон диҳад. Аз сухани Шабнам баръакс ман ранҷидам, чунки ҳангоми ҳамкорӣ ман бештар барои суруду оҳанг даводавӣ мекардам, вале ягон маротиба даъво накардаам, ки ин ё он корро ман анҷом додам.

Ҷонибек, дар маҷаллаи « VIPzonе» Шабнами Сурайё гуфтааст, ки аз шумо ранҷидааст. Оё дар ҳақиқат ҳам ӯро ранҷонидаед?

— Ҳангоме ки дар маҷалла мусоҳибаи Шабнамро хондам, ҳайратам афзун шуд. Дар байни ду сол пас аз қатъ намудани ҳамкориамон ягон гапу хабаре набуд, вале акнун аз чӣ бошад, ки чунин ҳангома пайдо шудааст. Дар давоми ҳамкорӣ ҳамаи корҳои ташкилотчигиро ширкати «JM» созмон медод, зеро барои ташкили консерт дар хориҷа ҳуқуқшинос, менеджер ва продюсер лозим аст. Агар Шабнам аз сухани гуфтаи худаш бовар дошта бошад, пас видеоро, ки гӯё ман дар он нисбати ӯ суханҳои нолоиқ гуфтаам, бароварда ба халқ нишон диҳад. Аз сухани Шабнам баръакс ман ранҷидам, чунки ҳангоми ҳамкорӣ худам бештар барои суруду оҳанг даводав мекардам, вале ягон маротиба даъво накардаам, ки ин ё он корро ман анҷом додам. Мегӯянд, ки иҷрои дуэт барои ба даст овардани шӯҳрат бештар мусоидат мекунад. Оё ба ҳамин хотир бо сарояндаи ҷавон Мадина ҳамкориро оғоз кардед? — Муваффақияти ҳунарманд аз кӯшишу ҳаракаташ вобаста аст. Ҳамкории ман бо Мадина ба хотири дастгирӣ намудани ӯ аст. Консертҳои мо аз рӯйи лоиҳаи «JM-Madina»-и ширкати «JM» барпо шуда истодаанд. Дар барномае, ки ба наздикӣ дар Амрико гузашт, моро ҳунармандон Ғазал, Адибу Самин ҳамроҳӣ намуданд. Бо ҳамдастии Зикруллоҳ суруд хондаед. Оё бо ӯ ҳамкориро зичтар ба роҳ гузоштан намехоҳед? — Барои ман фарқ надорад, ки бо кӣ суруд месароям, муҳим он аст, ки ҳамкори ман санъати воло дошта бошад. Ҳамкории наздики моро вақт муайян мекунад. Рӯзе дар нишасте Зикруллоҳ изҳор дошт, ки як таронаи хуб ҳаст ва мо метавонем онро дар шакли дуэт ба мардум пешкаш кунем. Ҳамкории мо аз таронаи мазкур оғоз шудааст ва шояд идома меёбад. Клипи суруд дар куҷо сабт шудааст? — Берун аз Тоҷикистон аст. Бигзор махфӣ бошад. Оё дили шумо аз студияҳои ватанӣ мондааст, ки корбасти таронаҳоро ба дӯши студияҳои хориҷа мегузоред? — Медонед, ин саволро бисёр ба ман медиҳанд. Чанд маротиба клипҳоямро дар хориҷа дида мепурсанд, ки ин ё он ҷо Тоҷикистон аст? Чун ман ҷавоби рад медиҳам, савол медиҳанд, ки онҳо манзараҳои Тоҷикистонро дидан мехоҳанду барои чӣ дар клипҳои ман осоре аз он нест? Барои ҳамин гуфтаҳо тасмим гирифтам, ки баъди анҷоми сафар ҳатман дар манзараҳои табиати ватан клип ба навор мегирам. Аллакай ин нақша амалӣ шуд, худо хоҳад, пас аз даҳ рӯз ба дасти  мухлисон   мерасад. Ҳамкорӣ бо ин ҳунармандони хориҷ бароятон чӣ гуна таассурот мебахшад? — Бале, мо бо бисёр сарояндаҳои ҳамзабон ва ҳамсарҳад, аз қабили Ҳангома, Фаттона, Наҷиб Навобӣ ва боз бо бисёр нафарони дигар робитаи наздик дорем. Сараввал ин ҳамкорӣ метавонад дӯстии байни кишварҳоро густариш диҳад, маданияту фарҳанг инкишоф ёбад. Тавассути ҳамкорӣ мо метавонем аз якдигар чизҳои нав омӯзем, ба ҳам кӯмак расонем. Мо дар консертҳо якҷоя баромад намудем, ки ин аллакай муносибати наздики моро нишон медиҳад. Алҳол нақша дорем, ки бо онҳо дуэт сароем. Вале муттаассифона фурсат даст надода истодааст. Ҳоло нақша дорам, ки аз гӯшаву канори ҷаҳон сарояндагони машҳурро даъват намуда, як шоу-барномае дар сатҳи олӣ баргузор созам. — Оё маротибае консерти ройгон барпо кардаед? — Ҳанӯз дар арафаи Наврӯз дар Сан-Франсиско дар яке аз боғҳои фарҳангӣ барномаи ройгон доштам. — Барномаҳои навбатиатон дар кадом зина гузаштанд? — Дар сатҳи олӣ! Таассуроти бештарро дар иёлоти Небраска бардоштам, чунки он ҷо донишҷӯёни тоҷик бештаранд ва вохӯрӣ бо онҳо бароям гуворо буд. — Ба сафари хориҷа зиёд меравед, намехоҳед, ки ба забони англисӣ суруд хонед? — Ман ҳанӯз дар озмуни «Панҷ ситора. Интервидение» ба англисӣ суруд хондам, чунки яке аз шартҳои озмун чунин буд. Нақша дорам, ки дар консертҳои калон низ бо матни англисӣ бароям. Вале ҳоло не, зеро намехоҳам, ки баромадам ғайри-касбӣ  барояд ё дар талаффузи калимаҳо хато кунам. Ният дорам, ки сурудҳои англисиамро дар Лос-Анҷелес сабт кунам, мо дар ин бора аллакай гуфтушунид гузаронидаем. — Дар мусоҳибаҳои пешин гуфта будед, ки барои таҳсил ба Русия меравед. Метавонем шуморо ба ин муносибат табрик кунем? — Ростӣ, ҳуҷҷатҳоямро супо-ридам, лекин нарафтам. Фикр мекунам, ки барои мане, ки аллакай донишгоҳро хатм карда, ба фаъолияти эҷодӣ банд шуда мондаам, боз паси парта нишас-тан душвор аст. — Хуб, оё бо шабакаҳои Русия барои пахши сурудҳои русиатон шартнома бастаед? — Айни замон омодагӣ ба чунин қарор дорем. Мехоҳам, ки рӯзҳои наздик ба Маскав рафта шартнома бандам, ҳузури ман ҳангоми ҳаллу фасли масъалаҳо зарур аст. Ҳоло роҳбари ширкати «JM» Парвизбек Муродов, продюсерам Беҳрӯз Зеваров ва ман бисёр кор карда истодаем. Бисёриҳо бар он ақидаанд, ки роҳи сарояндагӣ сарвати бисёр меорад ва ба қавле гӯё ҳунармандон ба як тӯй бо дусе ҳазор доллар мераванд. Санъат барои шумо чиро ифода мекунад? — Мумкин одамон андеша ронанд, ки маблағи аз тӯю консертҳо ба даст овардаамонро мо барои маишату ҳаёти серу пур сарф кунем. Вале  бовар кунед, дар корбасти як клип маблағи хеле зиёд масраф мешавад. Ҷонибек, моҳи Рамазон фаро расид. Оё шумо намозу рӯза мегиред? — Хондани намозу гирифтани рӯза барои ҳар фарди мусулмон фарз аст. Ман ҳам ҳамеша барои иҷрои фарзҳои мусулмонӣ кӯшиш мекунам, вале ростӣ, баъзан сафарҳои пайдарпай имкон намедиҳад ва тағйири вақту соат низ садди роҳ мегардад. Шуморо ба фарорасии ин моҳи муқаддас табрик мегӯям.   ДИЛКУШО

Хангоми истифода аз маводхои блог истинод ба мачаллаи «Дилкушо» хатми аст

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s