• Статистика

  • Blog Stats

    • 524,359 hits
  • Flag Counter

БАХТИЁР РАХИМОВ: ХАЙРИЯТ КАРЗДОР НАШУДЕМ

Бахтиёр Рахимов

Бахтиёр Рахимов

Дар замони Шӯравӣ ман хурд будам ва қариб чизеро намефаҳмидам. Вале ҳис менамудам, ки муҳит орому осоишта ва нархи ҳама чиз арзон буд. Ин хусусиятҳоро ба инобат гирем ҳам, барои одамон баъзе чизҳо бо маҳдудият дода мешуд. Масалан, дар энергетикаи тоҷик бисёр навовариҳое ба вуҷуд омаданд, ки ҳафтод соли Шӯравӣ набуд. Имрӯз мо озодии комил дорем, ки дар замони Шӯравӣ маҳдуд буд. Барои ҳамин фикр мекунам, ки мо дар замони истиқлолият бештар ба дастовардҳои назаррас, ки қобили зикранд, ноил шудем. Вале аз рӯйи мушоҳидаи ман мардум ба қадри ин озодӣ нарасида истодаанд.

— Бахтиёр, аз барномае, ки рӯзи 1-уми апрел баргузор кардед, бисёриҳо чизи аз ин ҳам зиёдтарро интизор буданд. Худатон розӣ будед?

— Ростӣ, худам низ розӣ набудам.

— Сабаб?

— Фикр мекунам, ки барномаҳои солҳои пешинаам дар муқоиса бо консерти имсола дар сатҳи баландтар гузаштаанд. Консерти охиринамро аз он лиҳоз хуб намегӯям, ки тамошобин тарзи даромадану тарзи нишастанашро намедонад. Барои вориди толор шудан нафаре омада даъво мекунад, ки намояндаи ким-кадом кадом идора ҳасту бояд ба ӯ понздаҳ билет диҳем, дигарӣ номи раису вазирро ба забон оварда мехоҳад бепул билет гирад. Ба ҳамин восита ҳунармандоне, ки консерт барпо мекунанд, қарздор шуда аз андозу дигар хароҷотҳо гурехта мегарданд. Агар ҳунармандро ба суд диҳанд, ӯ ҳатман аз ягон ҷо қарз гирифта пули талабшударо медиҳад, лекин баъд хоҳиши барнома таҳия кардан аз дилаш гум мешавад. Вале касе каси дигарро намепурсад, ки барои чӣ понздаҳ билет гирифтӣ? Консерт гузаронидан маънои онро дорад, ки ҳам мухлисон роҳат кунанду ҳам масъулин манфиате ба даст оранд.

— Худатон қарздор шудед?

— Хайрият, ки мо қарздор нашудем… Вой бар ҳоли ҳунармандоне, ки консерт мемонанд…

— Шояд дилатон аз барнома гузаронидан хунук шуд?

— Намедонам, лекин шояд дар ин солҳои охир консерт надиҳам.

— Ба фикри шумо дар маҳбасхона консерт мондан зарур аст?

— Ҳама гуноҳу иштибоҳ мекунанд, вале ин маънои онро надорад, ки инсони гунаҳкорро бояд аз ягон чиз маҳрум намуд. Ҳама гуна барнома, хоҳ ҳаҷвӣ, хоҳ варзишию суруд бошад, ҷанбаи тарбиявӣ дорад ва ба ин васила маҳбусон метавонанд аз хатои дубора даст кашанд.

— Шумо ба маҳбасхона рафта будед?

— Бале, мо ғайри маҳбасхонаи занонаи Норак дар ҳамаи маҳбасхонаҳо барнома доштем. Ҳоло орзу дорам, ки дар Норак ҳам бошем. Сафари мо ба маҳбасхонаҳо одатан аз рӯйи пешниҳоди ману таклифи маъмурияти маҳбасхонаҳо ба амал меояд.

— Нуқтаи назари шумо ба тақлид чӣ гуна аст? Оё барои тақлид карданатон маротибае ҷазо гирифтаед?

— Боре ҳамкори мо Саидаҳмад Холов Поччохонро тақлид карду касе ба ӯ хабар расонидааст. Он шахс рӯзи намоиши дигар омада, Саидаҳмадро барои тақлид карданаш ду-се шаппотӣ зад. Боз ҳамон лаҳза аз кирдораш пушаймон шуда, омада хоҳиш намуд, ки ҳозир як маротибаи дигар ба саҳна баромада маро тақлид намо. Саидаҳмад розӣ нашуд. Поччохон барои тақлиди дубора панҷсад доллар пешниҳод кард. Мо ба Саидаҳмад ташаккур мегӯем, ки ба пул ҳам розӣ нашуд. Зеро он солҳо айёми гушнагӣ долларро кам одамон дида буданд.

Боз як воқеаи дигар: боре ба чорабиние омодагӣ мегирифтем, ки дар он сарвари давлат иштирок меварзид. Як ҳунарманд аз мо хоҳиш намуд, ки маро дар назди ҷаноби олӣ тақлид кун, он кас маро дӯст медоранд. Мо сухани он ҳунарманди ба қавле «хеле маҳбуб»-ро ба замин намонда, ба хотири он ки хафа нашавад, дар назди президент тақлид кардем. Маротибаи дигар дар набуданаш он ҳунармандро тақлид кардему ӯ аз куҷое дарак ёфта дӯғу пӯписа кард, суханҳои дағал гуфт. Ин гуна ашхос як мақсади муайян надоранд.

Боре дар рӯзномаи «Фараж» мақолаи «Ғарибшо дар Хуҷанд ғариб шуд» чоп гардида буд. Пас аз ин ба таҳдид дучор нашудед?

— Ба мо зарбаи ҷавобӣ расониданд. Ҳангоми сафари хидматӣ ҳуқуқҳои моро сад дар сад поймол карданд. Ман боз як маротибаи дигар мегӯям, ки ман писари вазир не, ягон мансабдори давлатӣ не, танҳо ҳунарманде, ки дар ватани худаш хору залил аст. Ман дигар аз қафои гап нагаштам, ҳол он ки тайёр будам ҳар як ҷузъиётро кушода фаҳмонида диҳам. Онҳое, ки худро соф бароварданд, бояд дар назди имону инсофи худ ҷавоб гӯянд. Ман ҳама чизро ба дасти Худо месупорам, ӯ довари ягона аст.

Хуб, ба фикри шумо мо дар даврони истиқлолият ба дастовардҳо бештар ноил шудем ё дар даврони Шӯравӣ?

— Дар замони Шӯравӣ ман хурд будам ва қариб чизеро намефаҳмидам. Вале ҳис менамудам, ки муҳит орому осоишта ва нархи ҳама чиз арзон буд. Ин хусусиятҳоро ба инобат гирем ҳам, барои одамон баъзе чизҳо бо маҳдудият дода мешуд. Масалан, дар энергетикаи тоҷик бисёр навовариҳое ба вуҷуд омаданд, ки ҳафтод соли Шӯравӣ набуд. Имрӯз мо озодии комил дорем, ки дар замони Шӯравӣ маҳдуд буд. Барои ҳамин фикр мекунам, ки мо дар замони истиқлолият бештар ба дастовардҳои назаррас, ки қобили зикранд, ноил шудем. Вале аз рӯйи мушоҳидаи ман мардум ба қадри ин озодӣ нарасида истодаанд.

— Шумо чиро дар назар доред?

— Як мисоли оддӣ ҳамин, ки пештар барои масҷидравии мардум монеа вуҷуд дошт. Дар хотир дорам, ки одамон пинҳонӣ ба ибодат мерафтанд. Имрӯз одамон метавонанд озодона ба масҷид раванд, вале онҳо аз меъёр зиёдтар чиз мехоҳанд. Хубии даврони Иттиҳоди Шӯравӣ дар он буд, ки кӯдакро аз яксолагӣ ба боғча қабул мекарданд.

Пас аз шаш-ҳафт сол ӯ ба мактаб мерафт. Дар онҷо аз талабагони синфҳои ибтидоӣ октябрбачагон тайёр мекарданд. Баъдтар онҳо пионер мешуданд. Давраи ниҳоии мактабӣ комсомол буд, ки барои ба ин ном сазовор шудан имтиҳону кӯшиши зиёд лозим буд. Пас аз хатми мактаб ҷавонон ба ҳизб дохил мешуданд. Хулоса, гуфтаниам, ки барои мактаббачагон як барномаи махсусе буд, ки аз онҳо ғайрат талаб мекард.

ДИЛКУШО

Хангоми истифода аз маводхои блог истинод ба мачаллаи «Дилкушо» хатми аст.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s