• Статистика

  • Blog Stats

    • 524,359 hits
  • Flag Counter

ДИЛИ САЛМАН АЗ КАТРИНА САРД ШУДААСТ?

Салман ва Катрина

Салман ва Катрина

Дар бораи сард шудани муносибатҳои Салман Хон ва Катрина Кайф сару садоҳо зиёд буданд. Вале Салман ҳамаи овозаҳоро рад намуда гуфт, ки робитаи ошиқонаи онҳо то ҳол идома дорад. Катрина низ хомӯш наистода илова мекунад, ки мехоҳад пас аз ду сол бо Салман оиладор шавад. Вале аён аст, ки ҷавонони ошиқ аз изҳори баъзе андешаҳо худдорӣ мекунанд.

— Салман, мегӯянд, ки шумо дар бораи ҳаёти шахсиатон гап заданро дӯст намедоред…

Салман: — Ман аз расонаҳо ба он хотир ранҷидаам, ки журналистон дар муқоиса бо фаъолияти эҷодиам ба ҳаёти шахсиам бештар таваҷҷӯҳ доранд. Донистани он, ки ман бо кӣ ҳамсӯҳбат мешавам, бо кӣ зиндагӣ мекунам ва бо кӣ ҳамбистар мешавам, барояшон шавқовартар аст. Берун аз майдони наворбардорӣ ман ба инсони оддие мисли дигарон табдил меёбам. Дар бораи муносибатҳои ошиқона танҳо ҳаминро гуфта метавонам, ки ману Катрина бо ҳам хеле наздикем ва тасмими хонадоршавӣ дорем.

— Мо метавонем шуморо бо Айшвария Рай дар як филм бубинем?

Салман: — Замоне Айшвария гуфта буд, ки дар ҳаёти вай барои ман ҷой нест. Он замон ӯ бехуд буд, аз ин рӯ аз ӯ ягон хафагӣ дар дил надорам. Имрӯз мо робитаи дӯстона дорем ва барои дар як филм нақш офариданамон ягон мушкилие вуҷуд надорад. Ман хурсандам, ки Айш ба шавҳар баромад. Барояш хушбахтӣ мехоҳам.

— Катрина, аз нигоҳи Шумо Салман романтик аст?

Катрина: — Не, ӯ романтик нест. Лаҳзаҳои романтикиро танҳо дар экран нишон медиҳаду халос. Ҳозир ман мехоҳам, ки якҷоя ба истироҳат равем, Салман бошад мегӯяд, ки дар истироҳат ду нафар дилгир мешавем. Боз ӯ хӯрдани хӯрокро дар равшании шамъҳо дӯст намедорад. Фикр мекунам, ки ба Салман дар иҳотаи одамон будан писанд аст.

— Катринаро духтари сергап мешуморанд. Ба ин ақида розӣ ҳастед?

Салман: — Ман ахиран нафареро ёфтам, ки бо ӯ боқимондаи умрамро дар оромиву хурсандӣ гузаронида метавонам. Ба гумонам образҳои ба зиммагузошта аз ӯ талаб мекунанд, ки серғалоғула ва сергап бошад. Дар асл Катрина бонуи нармтабиат аст.

— Ба қобилияти нақшофариаш чӣ гуна баҳо медиҳед?

Салман: — Фаъолияти Катрина барои ман намунаи ибрат аст. ӯ фикр мекунад, ки ҳар қадаре зиёд заҳмат кашед, ҳамон қадар натиҷаи беҳтар мегиред. Катрина метавонад бисёр меҳнат кунад.

— Катрина, саволи мо ба шумо чунин аст: ҳамчун шахсият ба Салман чӣ гуна баҳо медиҳед?

Катрина: — Салман ҷавони умедбахш аст. Ман намедонам, ки рӯзи фардо нисбати мо то кадом андоза лутфу меҳрубонӣ мекунад, лекин медонам, ки Салман умрбод аз они ман хоҳад монд.

— Салманро шоҳзодаи орзуҳои хеш мешуморед?

Катрина: — Ман ба афсонаҳои шоҳзодаи савори аспи сафед бовар надорам. Аллакай барои пазируфтани камбудиҳои одамон тайёрам ва мехоҳам, ки ҳамсафари ҳаётиам дар зиндагӣ имконияти хандонидани маро дошта бошад. Ман бояд дар ҳама самтҳои зиндагӣ ба ӯ бовар кунам. Лекин дар чунин шароит танҳо ба боварӣ такя намудан нашояд, мо бояд ба ҳиссиёт ҳам такя кунем.

— Катрина, бо Салман чӣ гуна шинос шудед?

Катрина: — Ман аз Лондон ба Мумбай кӯчида, хостам Болливудро тасхир кунам. Дар Мумбай мо риштаи ошноӣ пайдо намудем. Маҳз тавассути дастгирии

Салман ман дар филми «Sarkar» ҳуқуқи иштирокро пайдо кардам.

— Салман, чӣ чизи беҳтаринеро мухлисонатон барои Шумо кардаанд?

Салман: — Медонед, ҳангоме мефаҳмед, ки дар бораи Шумо одамони бисёр ғамхорӣ мекунанд, ботинатонро ҳиссиёти гуворо фаро мегирад. Меҳри мухлисонам боиси он мегарадад, ки ман аз воқеаҳои ногувор ҳар қадаре метавонам, мегурезам. Боре як писарча ба ман нақл кард, ки бибиаш аз як лаҳзаи душвори ҳаётам хабар ёфта, се рӯз бароям дуо кардааст. Лекин ман намедонам, ки оё ба чунин муҳаббату ихлос арзанда ҳастам ё не? Вале агар рӯзе касе ин муҳаббатро аз ман гирифтанӣ шавад, барояш мубориза мебарам.

— Катрина, рост аст, ки бо Салман ҷанҷол доштед?

— Катрина: — Бале, ҳангоми вохӯрӣ дар яке аз ҷойҳои истироҳатии берун аз шаҳр Салман аз ман хоҳиш намуд, ки дар филми як дӯсташ бирақсам. ӯ маро маҷбур мекард. Чанд маротиба аз ӯ хоҳиш намудам, ки ба ман бо дағалӣ фармон надиҳад, вале Салман якравиашро идома медод. Баъдан Салман ба хашм омаду мани оромтабиат низ оҳанги гуфторамро баланд кардам. Дар охир таклифи Салманро напазируфтам.

— Салман, пас аз бист ё сӣ сол худро дар кадом сатҳ тасаввур мекунед?

Салман: — Агар пурсед, ки пас аз панҷ дақиқа чӣ кор мекунам, ҷавоб дода наметавонам. Як масал ҳаст: «Агар хоҳед, ки Худоро хандонед, ба ӯ нақшаҳои худро гӯед».

— Мегӯянд, ки ҳангоми наворбардорӣ сенарияро мувофиқи табъи дилатон тағйир медиҳед. Оё ин рост аст?

Салман: — Ман ин корро танҳо ба хотири он мекунам, ки муколамаҳо реалӣ бароянд ва тамошобинон ба ҳаяҷон оянд.

— Аз бонувон ба ҳунари кӣ таваҷҷӯҳ доред?

Салман: — Мадхури Дикшитро ҳамчун актёр ва ҳамчун инсони заминӣ дӯст медорам. Инчунин Шри Деви, Шилпа Шетти ва Катринаро меписандам.

— Катрина, Шуморо имсол ҳам бонуи ҷаззобтарин эътироф карданд. Фикратонро дар ин маврид донистан мехостем…

Катрина: — Соли гузашта чунин унвон насибам гашта буд. Алҳол натиҷаи пурсиш нашр нашудааст, лекин расонаҳо ишора бар он доранд, ки боз ғолиби озмун шудаам. Соли гузашта ғолиб омадан бароям гуворо буд ва соли равон низ ҳамчунин мешавад, агар овозаҳо рост бароянд, албатта. Хайр… Биёед натиҷаи озмунро интизор мешавем.

— Бароятон хушбахтӣ мехоҳам!

ДИЛКУШО

Хангоми истифода аз маводхои блог истинод ба мачаллаи «Дилкушо» хатми аст.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s