• Статистика

  • Blog Stats

    • 524,359 hits
  • Flag Counter

КАҶОЛ ПИСАРДОР ШУД

КаЧол

КаЧол

Каҷол, номи  ин ситораи пурҷилои олами синамои ҳинд ба кулли ҳаводоронаш маъруфу писанд аст. Аммо мухлисони ӯ шояд бехабаранд, ки ӯ яке аз пуришватарин  ва серталабтарин бонуи ҳунарманд аст. Бо инҷиқиву серталабиаш баъзан ҷони коргардонро ба лаб меорад. Аммо ӯ ҷозиба дорад. Бо ҷаззобиаш дили бинандаро тасхир мекунад. Аз ин рӯ режиссёронро зарур аст, ки  нози ӯро бардошта , талабҳояшро бечунучаро  ба иҷро расонанд. Ба наздикӣ чунин вазифа бар дӯши дӯсти хуби Каҷол коргардон Каран Ҷохар афтод.


Каҷол баъди радкуниҳои дурудароз ниҳоят барои иҷрои нақше дар филми  «My Name is Khan» розигӣ дода  ҳамзамон талаб намуд, ки ӯ на бештар аз 20 рӯз метавонад дар хориҷи кишвар барои наворгирӣ бимонад. Зеро духтарчаи ҳафтсолааш Нисаро танҳо гузоштанӣ нест .  Аҷай низ ҳамеша банди наворгирии филмҳояш аст.   Кӯдакро ҳама вақт   ҳамроҳ  гирифтан ҳам дар кору фаъолияташ душворӣ эҷод мекунад.

…Каҷол  яке аз бонувони серталабгортарини Ҳиндустон ба ҳисоб рафта,  мисли дигарон барои ҳусни зоҳириаш заҳмати зиёд намекашад, зеро худ табиатан ҳусни нотакрору тасхиркунанда дорад.

Хушхабар

Каҷол —  ин ҳунарманди писандидаи мардум ва шавҳари ӯ- актёр ва  коргардон Аҷай Девган , ки соли 1999 издивоҷ карда буданд,  баъди ҳафт соли танаффус  рӯзи 15 сентябр боз соҳиби писар гардиданд.  ӯро бегоҳи рӯзи якшанбе  хоҳараш Таниша то беморхонаи машҳури  Lilavati Bandra ҳамроҳӣ мекард.  Дертар Аҷай Девган низ бо сару либоси ҳамсараш ба беморхона ҳозир гардид. Ниҳоят соати 9.20 дақиқаи бегоҳ  Каҷол писари худро ба дунё овард. Ногуфта намонад, ки ӯро дар утоқи олидараҷаи президентӣ, ки воқеъ дар ошёнаи 11 буда,  барои  ситораҳо  низ муайян  гардидааст,  ҷойгир намуданд.

Ҳангоме, ки  падари хушбахт  Аҷай Девганро барои писардор шуданаш шодбош мегуфтанд, ӯ мамнунона мегуфт: «Ташаккур барои таманноҳои нек. Писарам ва модараш худро сиҳатманд ҳис мекунанд ва оилаи мо хушбахт аст.»

Ҳунарманди машҳури ҳинд ва дӯсти беҳтарини Каҷол дар соҳаи синамо Шоҳрух Хон   чунин табрикотро ба унвони ин хонадони хушбахт ирсол намуд: «Тавлиди  инсон дар рӯи замин беҳтарин тӯҳфаи Худованд  аст. Худо нигаҳбони Каҷол ва Аҷай бошад ҳамеша. Барояшон хушбахтиву сиҳатмандиро таманно дорам».

16 суол ва посухи Каҷол

— Айни замон ҳолати рӯҳии шумо дар кадом вазъият аст?

— Айни замон  беҳад розиам аз хеш, аз зиндагӣ ва худро зиндадилу бардам ҳис мекунам.

— Бо шумо зистан осон аст?

—  Ман фикр мекунам, ки  бо ман зистан душвор нест.  Зеро хеле кам асабӣ мешавам.

— Беҳтарин тӯҳфаи романтикие, ки Аҷай бароятон ҳадя кардааст?

—  Мангалсурта ( як навъ ороишоти ҳиндӣ) , ки ӯ дар дусолагии ҷашни арӯсиамон бароям ҳадя карда буд. Аммо он хеле вазнин буд ва ман ҳамеша  ба ӯ мегуфтам, ки онро овехта гаштан ба ман гаронӣ мекунад.  Аҷай баъди чанде нусхаи сабуки онро тӯҳфа карду бароҳат шудам.

— Метавонед се хислати беҳтарини шавҳаратонро номбар кунед?

— Аҷай ниҳоят марди хушчақчақу шӯх аст.  Маҳорати баланди хандонданро дорад… ӯ пазандаи беҳамтост. Инчунин хеле зиёд ба покизагии  ҷойи нигоҳ доштани сачоқу чӯтка ва хамираи дандоншӯии худ риоя мекунад.

— Кадом қисмати бадани хешро меписандед?

— Тахтапуштамро.

—  Кадом хислати шавҳаратонро мехостед иваз намоед?

— Ҳеҷ кадомашро.  Албатта баъзе хислатҳояш ғаши маро меоранд, аммо он рафторҳояш  ӯро аҷибтар месозанд. Ба андешаи ман, инсони комил   ва ҷиддӣ тез ба дили инсонҳо  мезанад.

— Вақти холии шумо чӣ гуна  сипарӣ мешавад?

— Бо мутолиа.

— Шумо зуд- зуд гиря мекунед?

— Не, албатта! Аммо вақте филми ғамангезеро мебинам ё  саргузашти талхеро мешунавам, ашки чашмонам худ аз худ ҷорӣ мешаванд.

— Воситаи беҳтарин барои лоғарбадан гаштан?

— Ҳамеша дар ҳаракат будан ва заҳмат кашидан.

— Охирин ғайбате, ки шумо шунидаед?

-Ман одатан ғайбат намекунам, танҳо муҳокима мекунам.

— Кадом чиз дар  хислати мардон бароятон муаммо аст?

— Мардон умуман барои ман муаммоянд.

— Хурсандӣ гуфта шумо чиро мефаҳмед?

— Ҳар чизеро, ки тавонад табъи маро болида гардонад. Ин метавонад ягон шӯхӣ бошад ва ё сӯҳбати аблаҳонае.

— Агар аз умри шумо ҳамагӣ як рӯз боқӣ монда бошад, онро чӣ гуна мегузаронидед?

— Айнан мисли  ҳамаи  рӯзҳои муқаррарӣ, ки аз сари ман  мегузаранд.

— Дар кадом мавзӯъ ҳеҷ гоҳ шӯхӣ намекунед?

— Дар кадом мавзӯе, ки мехоҳам, шӯхӣ кардан мегирам.  Аммо ҳеҷ гоҳ  дар маъбад ва дар бораи Худо ҳарфи шӯхиомез намегӯям.

— Носазотарин ҳарфе, ки ба шумо гуфтаанд?

— Ба ман ҳеҷ кас ягон вақт ҳарфи носазо нагуфтааст. Бадтарин ҳарфе, ки бароям гуфтаанд, ин «стерва» аст, ки ман онро мисли комплимент қабул кардам.

— Кадом саволи рӯзноманигорон  ба шумо писанд нест?

— Ҳамаи он саволҳое, ки то имрӯз ба ман додаанд ва ҳамин савол низ ҳамчунин писанди ман нест.

ДИЛКУШО

Хангоми истифода аз маводхои блог истинод ба мачаллаи «Дилкушо» хатми аст.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s