• Статистика

  • Blog Stats

    • 524,359 hits
  • Flag Counter

МАДХУРИ ДИКСИТ: ХАМСАРИ САНЧАЙ ДАТТРО НАКУШТААМ!

Мадхури Диксит

Мадхури Диксит

Ҳунарманди машҳури Болливуд Мадхури 15-уми майи соли 1967 дар Мумбай, дар оилаи ҳиндуҳои табақаи болоӣ таваллуд шудааст. Барои вай забони маратхи модарӣ ҳисоб меёбад. Мадхуриро пас аз Шри Деви дуюмин раққосаи беҳтарин ва Мэрлин Монрои ҳинду мешуморанд.  То имрӯз вай ҳамагӣ дар 69 филм, дар жанрҳои мелодрама, ҷангӣ ва драма нақш офаридааст.

— Мадхури, дар зиндагӣ аз чӣ ҳарос доред?

— Аз гум кардани одамони наздикам.

— Киро пуштибони беминнати худ мешуморед?

— Оила ва дӯстонамро.

— Шояд дар бораи оилаатон маълумот медодед…

— Модарам Снехлата ва падарам Шанкар ном доранд. Мо дар оила як писар ва се духтарем.

— Чӣ гуна ба синамо ворид шудед?

— Бовар кунед, дар синни хурдӣ тамоман орзу надоштам, ки ҳунарпеша ё раққоса мешавам. Мактабро бе ягон фикру хаёли интихоби касб хатм карда, ба факултаи микробиология дохил шудам. Танҳо пас аз гирифтани дипломи бакалавр дар бораи ҳунармандшавӣ фикр кардам. Соли 1986 пешниҳоди студияи «Rajshri Productions» пазируфта, дар филми «Abodh» нақш офаридам. Муттаассифона, филм машҳур нашуд ва маро лозим омад, ки танҳо дар саҳнаҳои рақсиву нақшҳои нонамоён ширкат варзам. Вале бо кӯмаки коргардон Гхаи ман боз дар филмҳои дигар мавқеи мустаҳкам ёфта, шӯҳрат ба даст овардам.

— Боигарии худро дар чӣ мебинед?

— Зани сарватманд нестам, лекин номаҳои пурмеҳри мухлисон маро бой гардонидааст.

— Мард ва зани идеалии шумо кист?

— Марди идеалиам Уинстон Черчилл аст, ки ҷанговар ва суханвари асил буд. Бонуи намунавие, ки дар симояш хислатҳои беҳтарини занони ҳинд муҷассам гаштааст, Индира Ганди мебошад.

— Кадом хислати атрофиёнро қадр мекунед?

— Онҳоеро дӯст медорам, ки дили кушод доранду медонанд, ки бо кӣ чӣ гуна муомила намоянд.

— Дар хурдӣ лақаб доштед?

— Номи ҳақиқиам Мадхури Шанкар Диксит аст, лекин барои наздиконам ман Бабли ҳастам.

— Мадхури, рост аст, ки дар ҳаёти шахсӣ бисёр азобҳоро паси сар намудед?

— Бале, дар ибтидо зиндагиам чандон хуб набуд. Ҳама фикр мекарданд, ки ман бо Санҷай Датт муносибатҳои ошиқона дорам. Вале байнамон он замон ғайри дӯстӣ чизи дигаре вуҷуд надошт. Вале рӯзе Санҷай дарк намуд, ки барои ман шуда метавонад аз зани бемораш ва духтараш Тришала рӯй гардонад. Соли 1992 ҳамсари Санҷай Ричи тариқи мактуби кушод аз ман хоҳиш кард, ки шавҳарашро ба вай баргардонам. Охири ҳамон сол Санҷайро барои ҳамкорӣ намудан бо гурӯҳи террористӣ ба маҳбас кашиданд. Ин воқеаҳоро мардуми ёвагӯ ва ВАО муддати тӯлонӣ барои ғайбати ман ва Санҷай истифода бурдаанд.

— Кай ба пуррагӣ аз ҳангомаҳо халос шудед?

— Тобистони соли 1999 волидонам, ки аз овозаҳои бамиёномада ба ташвиш омада буданд, маро бо духтури дил Шриам Нине, ки тақрибан ҳамаи ҳаёти худро дар Амрико мегузаронид, шинос намуданд. Пас аз чанд моҳ аз журналистон пинҳонӣ издивоҷ кардем.

— Шавҳаратон ба фаъолияти шумо монеъ нашуд?

— Не, пас аз як соли тӯй дар филми «Девдас» нақши зани сабукпойро офаридам. Филм натанҳо аз ҷониби тамошобинон, балки аз ҷониби мунаққидон низ хуб пазируфта шуд. Пас аз ин пешниҳодҳо зиёд шуданд, лекин напазируфтам. Чунки моҳи марти соли 2003 писарчадор шудам. Барои ман аз оила дида чизи муҳимтаре нест ва маҳз ҳамин андеша водорам кард, то муқими Амрико гардам.

— Агар шавҳаратон байни оила ва карйера шарт мегузошт, кадомеро интихоб менамудед?

— Боре ба чунин савол рӯбарӯ нашудаам, аз ин лиҳоз дар ҷавоб душворӣ мекашам. Ман ҳанӯз дар даврони  духтариам дар зинаҳои касбӣ ба дараҷае расида будам. Фаҳмидам, ки шӯҳрат ба инсон натанҳо рӯҳбаландӣ, балки бадномӣ низ меовардааст. Бовар кунед, ҳамаи овозаҳои манфие, ки нисбати ман сари ҳар қадам мешунидед, пас аз барпо кардани оилаам хотима ёфтанд. Шавҳарам ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, маро ҳамчун як бонуи оддии ҳиндӣ қабул кард. Агар ӯ хоҳиш кунад, ки тарки синамо кунам, розиам суханашро гӯш кунам.

— Медонед, ки мухлисонатон ҳамеша пазмони шумоянд?

— Ростӣ, соли 2005 ба Мумбай ба меҳмонӣ омада, муҳаббати фаромӯшнашавандаи ҳаводоронамро эҳсос кардам. Хостам боз вориди синамо шавам, лекин тавлиди фарзанди дуюмам садди роҳ шуд. Соли 2007 дар филми дигаре нақш офарида боварӣ ҳосил намудам, ки ғайри модару ҳамсари меҳрубон будан хоҳиши «суперситора» шудан аз дилам нарафтааст.

— Мадхури, оё мухлисонатон ба шумо изҳори муҳаббат мекунанд?

— Ман вобаста ба мухлисонам ҳар гуна ҳиссиётро аз сар гузаронидам. Баъзеи онҳо худро ошиқи зор нишон медоданду гурӯҳи дигар насиҳатгар буданд. Дигарон ба сӯям санги маломат мепартофтанд, ки ман сабабгори марги ҳамсари бемори Санҷай Датт ва ятим мондани духтари кӯчакаш гаштам. Вале ҳамаи ин паси сар шуданд. Гуфта наметавонам имрӯз касе нисбатам муносибати ошиқона дорад, чунки ҳама медонанд, ки соҳиби оилаи хушбахтам ва кӯшиши онҳо натиҷа намеорад.

— Агар қаҳратон ояд, чӣ кор мекунед?

— Ба ҳуҷраи хобам даромада дарро қулф намуда, хомӯширо ихтиёр месозам.

— Худро кадбонуи хуб меҳисобед?

— Дар зиндагие, ки дар хонаи волидон гузаронидам, хеле кам ба корҳои хона машғул мешудам. Реҷаи кории номуайян, сафарҳои ҳунарӣ ва иштирок дар барномаҳои фарҳангӣ имкон намедоданд, ки дастёри модарам бошам. Ҳангоме ки ба шавҳар баромадам, онқадар аз нозукиҳои оиладорӣ хабар надоштам. Вале бо мадади шавҳари меҳрубонам соҳибхоназани хуб шудам. Имрӯзҳо ҳама таомҳои миллии ҳиндуёнаро бо маҳорати том мепазам. Дар омода сохтани ғизои аврупоӣ низ таҷриба дорам.

ДИЛКУШО

Хангоми истифода аз маводхои блог истинод ба мачаллаи «Дилкушо» хатми аст.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s