• Статистика

  • Blog Stats

    • 524,359 hits
  • Flag Counter

НИГИНА АМОНКУЛОВА: «БИГЗОР ЧАВОНОН ХУРМАТИ КАЛОНСОЛОНРО БА ЧО ОРАНД»

Нигина Амонкулова 1

Нигина Амонкулова 1

Нигина Амонқулова. Номи ин духтараки зебои маҳинпайкар кайҳост, ки вирди забони хурду калон гаштаву тарзи либоспӯшиаш  намунаи ибрати кулли тоҷикдухтарон гаштааст. Бисёриҳо  дубора эҳё гардидани либоси шинами миллии мо атласро  бо тоқии гулдӯзӣ маҳз ба Нигина марбут медонанд. Вақте ки ӯ бо либоси миллии ба худаш шинаму зебанда ба саҳна мебарояд, бинандаро мафтуни худ мегардонад. Имрӯзҳо ба кулли ҳаводоронаш маълум аст ки Нигина модар шудааст. ӯро низ Худованд аз марҳаматаш баҳраманд гардонида барояш писарчаи нозанинеро ҳадя бинмудааст. Мо тасмим гирифтем бо ин бонуи ҳунараманд ҳамсӯҳбат гардида, онро  пешкаши шумо хонандагони азизи ҳафтаномаамон гардонем.

-Модар будан бароятон мояи  ифтихор аст?  Ё худ шумо худро хушбахт меҳисобед?

-Ман имрӯзҳо ниҳоят хушбахтаму ба муроди дили хеш расидам. Бигзор ҳар як бону аз боғи зиндагӣ бебаҳра намонад.  Модар будан албатта кори осон нест. Ман акнун ба қадри шабзиндадориҳои модарон расидам. Аммо бахти бузург аст соҳиби тифл гардидан. Дунёи касро рангину зиндагиашро ҷилои тоза мебахшидааст фарзанд. Фарзандро меваи умри инсон мегӯянд, ҳақ асту рост. Ин мева ниҳоят ширин будааст. Ман хело хушбахтам, ки Худованд бароям чунин рӯзро насиб гардонид.

Тифлию домони модар хуш биҳиште будааст.

То ба пои худ равон гаштем, саргардон шудем.

-Номи зеборо ними ҳусн мегӯянд, шумо низ барои интихоби номи арзандаву зебое  барои тифлатон хеле фикр кардагистед?

-Асосан номгузорӣ кори одамони бузургу рӯзгордида аст. Ба тифлаки ман низ бибиву бобоҳояш бо умеди инсони бузургу комил гардиданаш Аъзамҷон ном гузоштанд. Ба ману шавҳарам  ҳам чунин ном писанд афтод.

-Субҳи шумо бо чӣ оғоз мегардад?

-Соати чори ҳар субҳ аз хоб бедор мешаваму ба  чеҳраи беғубори тифлакам менигарам.  Ман ба нигоҳи меҳрбори ӯ менигараму ҷаҳон-ҷаҳон шодию нишот  фаро мегирадам. Дар тасвири он манзара сухане намеёбам, ки бароятон гӯям. ӯ дунёи орзуҳои ман, тамоми буду набудам аст. Субҳи ман бо нигоҳи ӯ оғоз гардида, тамоми рӯзам бо  фараҳу нишот мегузарад.  Ба зиндагии якмароми шахс фараҳу шодӣ меовардааст тифл.

— Дар репертуари шумо суруди «Алла» низ пайдо шудааст?

— Пештар низ  гаҳвораи додараконамро бо суруди «Алла» меҷунбондам.   Аммо махсус суруди «Алла» ҳоло омода нагаштааст.

-Ман, ки худ донишҷӯ ҳастам , мехостам таманниёти Шуморо  ба кулли донишҷӯёни Тоҷикистон бирасонам.

— Таманнои онро дорам, ки ҳамаи донишҷӯён ва кулли мардуми Тоҷикистон чӣ мақсаду мароме, ки дар зиндагӣ пеши худ гузоштаанд, ба он бирасанд ва тамоми бурдбориву пирӯзиҳо ёрашон бошад.

— Ягон лаҳзаи нотакрорро аз давраи донишҷӯиятон ёд доред?

— Албатта лаҳзаҳои нотакрор хеле зиёданд ва фикр мекунам тамоми лаҳзаҳои донишҷӯӣ барои инсон нотакрору хотирмон аст. Дар тамоми лаҳзаҳои зиндагиам пандҳои устодон роҳнамои мананд.

— Кадом рафторро барои ҷавонон нодуруст меҳисобед?

— Беҳурматӣ нисбати калонсолон, устодон хеле як рафтори номатлуб аст. Вақтҳои охир аз тарафи ҷавонон чунин рафтор зиёд ба назар мерасад, ки он яке аз камбудиҳои ҷомеаи мо мебошад.

— Мехоҳед дар оянда Аъзамҷон кадом касбро интихоб кунад?

— Намедонам, ростӣ дар ин бора ҳоло фикр накардаам. ӯ ниҳоят хурд аст. Пеш аз ҳама  мехоҳам сараш саломат бошад.   Акнун фикр мекунам, ки худаш , ки ба воя расид, ягон касбро соҳиб мешудагист. Ман орзу дорам, ки ба орзуи дилаш расад. Номбардору давомдиҳандаи умри падару бобоёни бузургаш гардад.

Инчунин мисли ҳамаи модарон орзу дорам, ки ӯ фарзанди неку баинсоф ба воя расад ва он замон расад албатта кӯшиш мекунам, ки соҳиби касби хубе, ки ба ҷомеа нафъаш расад,  гардад.

— Намехоҳед, ки ҳунарманд гардад?

— Не, намехоҳам.

— Барои тарбияи ӯ кадом воситаро истифода мебаред?

-Тамоми қувваю нерӯи худро истифода мебарам, ки фарзандам инсони нек ба воя расида боиси ифтихорамон гардад. Аз ҳама муҳимаш Аъзамҷон эрка нашавад.

— Баҳри зебоии худ аз кадом маводҳо истифода мекунед?

— Бештар аз маводҳои табиӣ мисли усмаву сурмаи тоҷикӣ. Аз косметика хеле кам истифода мекунам.

-Барои нигоҳ доштани лоғарбаданӣ парҳез мекунед албатта?

— Не, ягон маротиба парҳез накардаам ва барои он заруратро намебинам.

-Барои либоси донишҷӯдухтарон дар мактабҳои олӣ чӣ пешниҳод доред?

— Донишҷӯён ба андешаи ман бояд аз одамони касбу кори гуногун бо либоси худ фарқ намоянд. Имрӯзҳо барои бо либоси миллӣ ҳам ба дарс рафтан иҷозат дода шудааст. Барои духтарон беҳтарин либос дар фасли баҳору тирамоҳ ин атлас аст. Метавонанд онро ба таври замонавӣ ва шинаму зебо дӯхта ба бар намоянд.

— Тозатарин таронае, ки дар арафаи ҷашни Истиқлол омода намудаед?

— Барои ин ҷашни муборак як суруде бо номи «Тоҷикистон», бо оҳанги устод Саидқул Билолов омода кардем ва  пешкаши мухлисони азизам гардонидам.

— Барои сӯҳбати самимӣ миннатпазирам.

— Ба шумо низ дар корҳои эҷодӣ барору комёбиро таманно мекунам. Ба донишҷӯён муроҷиат карда гуфтаниам, ки ояндаи мамлакатамон аз донишу  маҳорати шумоён вобастагӣ дорад ва падару модарон низ бо сад орзуву ҳавас шуморо ба сӯи  мактабҳои олӣ равон карда умедворанд, ки инсонҳои сазовор ва ба ҷамъият нафърасон хоҳед шуд. Фардо бо нерӯи рустамонаи шумо обод хоҳад буд.  Роҳатон сафеду бахтатон пирӯз бошад ҷавонони азиз!

ДИЛКУШО

Хангоми истифода аз маводхои блог истинод ба мачаллаи «Дилкушо» хатми аст.

Один ответ

  1. Salom Nigina bonu, shumoro shaxsan az nomi xudam va az nomi tamomi Samarkandiyon tabrik mekunam ki shumo pisardor shuded. Azamjon nagz kalon shuda ba voya rasad. shumoro hamai mo dust medorem. Xudovandi karim ejodi shumoro ziyoda kunad. Ovozi shirini shumo dar Tojikiston yakta.
    Mo hamesha az shumo surudhoi navba nav intizor hastem.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s