• Статистика

  • Blog Stats

    • 524,359 hits
  • Flag Counter

ПАРВИЗ НАЗАРОВ: МУХЛИСОНРО БА ТАШВИШ ОВАРДААСТ

Парвиз Назаров

Парвиз Назаров

Дербоз аст, ки таронаи «Чарх бизан»-и Парвиз Назаров вирди забонҳост. Шояд ин таронаи тозатарини Парвиз аст, ки бо забони қариб тоҷикӣ рӯи сабт омадааст. Воқеан вақтҳои охир бо тоҷикӣ суруд нахондани Парвиз мухлисонро ба ташвиш овардааст. Тасмим гирифтем, ки дар бораи фаъолияти имрӯзаи ин сароянда барои хонандагон маълумоте пешниҳод созем.

Парвиз  ба Душанбе баргаштан намехоҳед?

— Намедонам… шояд ягон вақт дар дилам хоҳиш пайдо мегардад, ки ба Душанбе баргардам. Ман аллакай ба зиндагӣ дар Алма-Ато одат намудам. Зеро муддати понздаҳ сол боз дар он ҷо зиндагӣ мекунам.

— Кадом гӯшаи дунёро ватани худ меҳисобед? Помир, Душанбе ё Алма-Аторо?

— Ба фикрам Душанберо… Чунки то синни бистсолагӣ дар ин шаҳр зиндагӣ кардам ва аз ҳамин лиҳоз онро дӯст медорам. Агар гап дар бораи ватани дуввум равад, ин Алма-Атост.

— Хоҳиш надоред, ки дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон барномаҳои худро пешниҳод созед?

— Алҳол аз ҷониби касе чунин таклиф нашудааст. Агар даъват кунанд, ҳатман омада баромад мекунам.

— Шумо бештар сурудҳои тоҷикиро дар Қазоқистон рӯйи сабт меоред. Вале шояд ки он ҷо касе забони тоҷикиро намедонад.  Сабаби дар Тоҷикистон сабт накардани таронаҳо чист?

— Аввал ин ки ман тоҷик  ҳастам. Баъдан маротибае дар бораи ин гуфтаҳо андеша нарондаам. Лекин гумон мекунам, ки таронаҳои бо забони форсӣ сабтшуда ба бисёриҳо дар ҳамаҷо писанд меояд.

— Мегӯянд, ки шумо фарзанди ҳаждаҳсола доред. Рост аст?

— Бале, рост аст.

— Ҳангоме ки ба Душанбе омадед, истиқболи мардуми тоҷик ба шумо писанд омад?

— Бале, писанд омад. Мехоҳам, ки мухлисонам донанд, ки ман онҳоро дӯст медорам ва барояшон пайваста эҷод мекунам.

— Кадом хислататон ба худатон маъқул нест?

— Бори аввал дар саҳифаҳои журнал қоил мешавам, ки ман хеле танбал ҳастам. Бояд мубориза барам, то ки минбаъд ба толори варзишӣ рафта тавонам ё албоми нави худро сари вақт сабт кунам… Баъзан мехоҳам, ки дар рӯйи бистар дароз кашам, филм тамошо кунам ва дигар ягон кор накунам. Ногуфта намонад, ки ҳамеша дар нақшаҳои ман танбалӣ ғолиб меояд. Лекин дур ё зуд ман корамро ба анҷом мерасонам.

— Дар бораи ҳаёти гузаронидаи худ чӣ ақида меронед?

— Ҳозир ман ба зиндагӣ ба таври философӣ назар мекунам. Кӯшиш мекунам, ки аз хеш берун набароям. Пештар ба ман чорабинию маъракаҳо, ки маро даъват мекарданд, маъқул набуд. Лекин имрӯз эҳсос мекунам, ки худам низ тағир ёфтааму одамони атрофам низ.

— Шиори шумо…

— Агар хоҳӣ ки одамон ба ту муносибати нағз кунанд, ту низ ҳамон тавр муносибат намо.

Каме дар бораи Ў

Ў метавонист рассоми машҳур шавад, лекин роҳи санъатро интихоб намуд. Зеро чӣ гунае, ки ба суруд дилбастагӣ дорад, ба санъати рассомӣ низ таваҷҷӯҳаш зиёд аст. Вале дар бораи он ки Парвиз истеъдоди рассомӣ дорад, танҳо наздиконаш медонанду халос! Ана, акнун мо низ медонем, ки ҳунарманди дӯстдоштаи мо аз ӯҳдаи рассомӣ низ ба хубӣ мебарояд. Маззаи шӯҳрати ҳақиқиро Парвиз соли 1996, яъне ҳамон лаҳзае эҳсос кард, ки таронаи «Еду на юг»-ро рӯйи сабт овард. Пас аз клип бисёриҳо ӯро ба сифати навозанда шинохтанд. Соли 1997 сароянда ба авҷи қуллаи шӯҳрат қадам ниҳод. Лекин чи  хеле ки худи Парвиз иброз медорад, ӯ ба бемории ситораҳо гирифтор нашуд.

Парвиз Назаров ба толеъномаҳо онқадар бовар надорад. Ақидаи ӯ дар ин бобат ин аст, ки ситораҳо тақдири моро ҳал намекунанд. Шояд чунин бошад, зеро Парвиз худаш ситора аст. Лекин дар гуфтори ӯ оҳанги худро ситора шумурдан шунида намешавад. Баръакс ӯ изҳор медорад, ки вақтҳои охир худам ба худам кам маъқул шуда истодаам. Ман ба он нафарон аҳсант мехонам, ки хислати хоксориву ботамкинӣ доранд. Мумкин барои худам ман хеле хуб ҳастам, вале барои дигар одамон инсони хеле бад…

Овозхони ҷавон тамоми вақтҳои холӣ ва серкориро дар хонаи худ мегузаронад. Зеро дар ин ҷо натанҳо студияи сабт, балки шароит барои истироҳат муҳайё шудааст.  Парвиз ба варзиш машғул шудан ва тамошои филмро дӯст медорад. Дар баробари ин овозхон дар соҳаи тиҷорат таҷрибаи зиёд ба даст овардааст. То имрӯз ӯ ҳашт албоми худро ба дасти мухлисон расонидааст, лекин ин ҳанӯз маънои анҷоми корро надорад. Ба наздикӣ Парвиз бояд бо ҳамдастии Ситора дуэтеро сарояд, ки «Америка — Европа» ном дорад.

Парвиз ба ҳамин зинаҳо расида бошад ҳам, ба қафои худ менигарад. Ба андешаи ӯ бе Худованд, оила, дӯстону пайвандон ҳаргиз ба чунин зинае, ки имрӯз дорад, намерасид. Маълум мешавад, ки наздикони ӯ таронаҳояшро шунида маслиҳатҳои муфид медиҳанд ва идеяҳои навро пешниҳод менамоянд. ӯ маҳз чунин ашхосро ба рӯзҳои шодиву хурсандиаш шарик медонад.

Парвиз дар бораи худ мегӯяд: «Ба назар чунин мерасад, ки ман ҳанӯз мустақил нестам. Чун Парвизи мактабхон ҳамеша ба муҳаббату ғамхорӣ ниёз дорам. То имрӯз гумон мекунам, ки ба он қуллае, ки баромадан мехоҳам, нарасидаам.  Шояд комилиро фатҳ кардан номумкин бошад…

Вақтҳои охир мегӯянд, ки Парвиз сахт харобу лоғарандом шуда, зоҳиран тағир ёфтааст. Шояд ин ба он сабаб бошад, ки ӯ дар болои таронаҳои нави худ заҳмати зиёд мекашад.

Гарчанд ки имрӯз Парвиз дар Тоҷикистон, назди мухлисони тоҷики худ қарор надошта бошад ҳам, ёди ӯ, таронаҳои лабрези муҳаббати ишқу вафои ӯ мо мост. Садои ӯ аз он гувоҳӣ медиҳад, ки ҳамеша бо мухлисонаш аст ва мекӯшад, ки оҳангу матнҳои беҳтаринро дастраси онҳо гардонад. ӯро ҳамчун яке аз сарояндаҳои боқуввати кишвар мешиносанд, ки бо сабку услуб ва интихоби матну оҳангҳои пурмазмуну пурмӯҳтаво ихлоси ҳаводорони савту наво ва мардуми хориҷро ба даст овардааст.

ДИЛКУШО

Хангоми истифода аз маводхои блог истинод ба мачаллаи «Дилкушо» хатми аст.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s