• Статистика

  • Blog Stats

    • 524,359 hits
  • Flag Counter

СУБХОН ЧАЛИЛОВ: МАН АЗ БИСЁР КОРХО ПУШАЙМОНАМ

Субхон Чалилов

Субхон Чалилов

Пушаймонам аз он ки дар деҳа чаро ба сабақгирӣ то ба охир нарафтам, чаро хати форсиро хуб аз бар накардам. Ё чаро аз имконияти омӯзиши забони англисӣ истифода набурдам… Вале агар зиндагии ман камакак нокомию пушаймонӣ намедошт, фикр намекунам, ки он гуворою хостанӣ бошад. Дар ҳаёт ҳама чиз аълодараҷа бошаду инсон барои ягон чиз талош накунад, пас зиндагӣ маънии худро куллан гум мекунад.

— Одатан Соли навро дар куҷо мегузаронед?

— Бо аҳли оила, зеро Соли нав ҷашни хонаводагист ва барои оила аст. Танҳо баъзан ба деҳа меравам, агар аз ин ҷо кунанд.

— Шумо то ба имрӯз ба орзуи давраи кӯдакӣ расидаед?

— Ростӣ, дар ёдам нест, ки дар давраи кӯдакӣ чӣ орзу менамудам. Вақте маро мепурсиданд, шояд ронанда ё кайҳонавард мегуфтам. Ҳангоме ки мактаби мусиқӣ таҳсил мекардам, ҳамзамон дар мактаби мусиқӣ таълим мегирифтам ва шояд ҳамон айём яке аз орзуҳои ман ин навохта тавонистани асбобҳои мусиқӣ низ буд. Ҳозир ман метавонам чанд асбоби мусиқиро навозам. Вале журналист шудан умуман дар гӯшаи хотирам ҳам набуд, ҳарчанд ки мисли дигар мардуми деҳа ба радио вобастагии амиқ доштам, барномаҳоро зиёд гӯш мекардам. Ҳангоме ки дар курси сеюм мехондам, чунин таклиф шуд ва ман аввалин бор ҳамкориро бо радиои Тоҷикистон оғоз намудам.

— Номаи ошиқонаро аввалин маротиба ба кӣ ирсол намуда будед?

— Айёме, ки мо бузург шудем, номанависӣ аз мӯд рафта буд.  Баъзан ба тариқи шӯхӣ дар мактаби миёна номае навишта ба дасти кадом як ҳамсинфам дароз мекардем. Ин муҳаббати софу беолоиш шояд ба хотири кулчаҳои бомаззае буд, ки духтар ҳар рӯз дар сумкааш меовард. Он вақт тамоман чунин эҳсос набуд. Аз ин рӯ эҳсосоти давраи кӯдакӣ аз ҳама самимитар буданд, ки дар бораашон ягон хотира надорам.

— Агар дар қаламрави мамлакат дузанагиро қонунӣ кунанд, боз як зани дигар мегирифтед?

— Агар қонунӣ ҳам бошад ва ман имкон ҳам медоштам, шояд ба таври пинҳонӣ мегирифтам… Чунки одамон дар симои кормандони матбуоту радио касеро мебинанд, ки аз ӯ чизеро меомӯзанд. Дузанагӣ шояд маро аз боварии доираи як гурӯҳи калони мухлисон берун кунад. Бигзор ҳар нафаре, ки маро мешунавад, фикр кунад, ки шояд нафари дуюмаш ман бошам.

— Маротибае барои нақшофарӣ даъват намудаанд?

— Ба ёдам ҳаст, ки ба эфир ҳунарпеша Фотима Ғуломова, ки шунавандаи доимии мо ҳастанд, занг зада гуфтанд, ки ту метавонӣ актёр ҳам бошӣ. Дар ҳақиқат ман як андешаи маъруфро шунидаам, ки бештар дар Аврупо машҳур аст. Мегӯянд, ки дидҷей ё ровии радио аввал бояд актёр бошад. Яъне актёр набошӣ, дидҷей ё ровӣ буда наметавонӣ.

Пас агар муаллима дуруст тахмин карда бошанд, шояд аз ӯҳдаи ягон нақш мебаромадам, агар дар он гиря кардан, оҳанги хастагиву бечорагӣ набошад. Гумон мекунам, ки ҳоло тамошои он ба мардум писанд намеояд. Бигзор дар филму клипҳо лаҳзаҳое тасвир шаванд, ки ояндаи дурахшон, рӯзи навро ифода мекунад.

— Пушаймонии сахттарини шумо аз кадом кори анҷомдода ё анҷомнадода буд?

— Ман аз бисёр корҳо пушаймонам. Пушаймонам аз он ки дар деҳа чаро ба сабақгирӣ то ба охир нарафтам, чаро хати форсиро хуб аз бар накардам. Ё чаро аз имконияти омӯзиши забони англисӣ истифода набурдам… Вале агар зиндагии ман камакак нокомию пушаймонӣ намедошт, фикр намекунам, ки он гуворою хостанӣ бошад. Дар ҳаёт ҳама чиз аълодараҷа бошаду инсон барои ягон чиз талош накунад, пас зиндагӣ маънии худро куллан гум мекунад.

— Ба корҳои занона даст задаед?

— Мо дар оила чор нафар писар аввал таваллуд шудему духтар набуд ва тамоми корҳои хона, аз қабили хона рӯфтан, шустани фаршу тиреза, дарзмол ғайри хӯрокпазӣ ҳама корҳоро иҷро мекардем. Чун барои идомаи таҳсил ба донишгоҳ омадем, дар хобгоҳ низ маҷбур будем ҳамин гуна корҳоро ба сомон расонем. Ҳозир баъзан лозим меояд, чизеро шӯям ё омода созам, вале аксаран ҳамсарам анҷом медиҳад.

— Бисёриҳо бар он ақидаанд, ки радиои «Ватан» ба усули барномасозии дигар радиоҳо пайравӣ намуда, барнома омода месозад. Фикри шумо дар ин бора чист?

— То ташкилёбии радиои «Субҳи Ватан» чунин барномасозӣ дар Тоҷикистон набуд. Баръакс ҳозир дигар радиоҳо ба «Субҳи Ватан» пайравӣ менамоянд, бахусус радиоҳои саҳарӣ… Ин хуб аст, вале бояд эътироф намуд, ки асосгузори чунин сабку услуб кист. Як барнома дорем, ки чор соат пахш мешавад ва ҳар боре, ки барнома рӯи пахш меояд, мо хотиррасон менамоем, ки ин барнома бахши  донишҷӯёни факултаи журналистикаи Донишгоҳи миллӣ аст, ҳол он ки он донишҷӯён кайҳо таҳсилро ба итмом расонидаанд.

ДИЛКУШО

Хангоми истифода аз маводхои блог истинод ба мачаллаи «Дилкушо» хатми аст.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s