• Статистика

  • Blog Stats

    • 524,359 hits
  • Flag Counter

ФАЙЗАЛИ ФОЗИЛОВ: САРОЯНДА САРВАТМАНД НАМЕШАВАД

Файзали Фозилов

Файзали Фозилов

Фикр мекунам, ки ҳамаи ҳунармандоне, ки имрӯз ба як сатҳи олӣ расидаанд, дар хурдӣ ба касе тақлид мекарданд ва ҳамин муҳаббати ин ё он сароянда онҳоро ба ояндаи нек дилгарм намудааст. Ман низ дар кӯдакӣ ба Кароматуллоҳи Қурбон тақлид менамудам, вале имрӯз бо услуби дигар месароям. Таронаҳои эронӣ ҳамдами розҳоям буданд. Тақлид ёрӣ медиҳад, ки ҳунарманд роҳи худро ёбад.

— Файзалӣ, гуфта метавонед, ки дар санъат ба кадом сатҳ расидаед?

 

— Ҳаргиз! Танҳо шунавандагони таронаҳоям ё умуман ҳаводорони савту наво метавонанд мақоми маро дар ҷодаи ҳунар беғаразона муайян кунанд. Аз ҷониби ман лозим меояд, ки барои ба даст овардани муҳаббати устувор ва мавқеи баланд дар ҷомеа кӯшиш намоям.

 

— Имрӯз барои ба Аврупову Амрико рафтан ягон монеае нест. Боре ҳам бо мақсади санъат дар хориҷа будед?

 

— Алҳол набудам, вале ният дорам. Пешниҳодҳои аҷиб ҳастанд. Мехоҳам, ки барои сафари хориҷа омодагии ҳамаҷониба дошта бошам. Саҳнаи баланд ҳунари волою таҷрибаи зиёд мехоҳад. Ба хориҷа бо мақсади пешбурди санъат сафар намудан орзуи ҳар ҳунарманди ҷавон аст. Вале сафари ман ба давлати ҳамсояи Афғонистон хеле хотирмону ҷолиб гузашта буд.

 

— Хуб, бо даъвати кӣ дар он ҷо будед?

 

— Ростӣ, маро барои обод намудани маросими издивоҷе даъват намуда буданд.

 

— Аҷиб…

 

-Бале, аз иштирок дар тӯй ҳис кардам, ки мардуми афғон меҳмоннавозанд ва ба мусиқӣ таваҷҷӯҳи хоса доранд. Барои ман боиси ифтихор буд, ки тавассути маъракае бо бародарони афғон риштаи ошноӣ пайдо кардам ва  ҳам ҳунарамро муаррифӣ намудам. Ман ҳамеша омодаам, ки ба сафарҳои ҳунарӣ равам.

 

— Файзалӣ, ба фикри Шумо оё ҳунар метавонад ба инсон сарват бахшад?

 

— Агар гуфтанӣ бошед, ки овозхон аз ҳисоби сарояндагӣ маблағи калон ба даст меорад, пас иштибоҳ мекунед. Зеро агар чунин мебуд, ҳама одамон сароянда мешуданд.

 

— Бовар кунед, имрӯз қариб ҳамаи одамон майли сарояндагӣ доранд…

 

— Ҳатто агар чунин ҳам бошад, дар Тоҷикистон сарватманд шудани овозхон ба мисли афсона аст. Худатон бояд аз ҳоли шоу-бизнеси имрӯза бохабар бошед. Бисёр ҳунармандон садои фораму қобилияти нотакрор доранд, лекин рӯзгори фақирона ба сар мебаранд ва аз чунин зиндагӣ ҳатто пай бурдан мушкил аст, ки онҳо бо санъат сарукор доранд. Шояд шумо надонед, ки сабти суруду сохтани клип чӣ қадар маблағ металабад. Барои ҳамин агар овозхон пули калон ёбад ҳам, он боз сарфи эҷод мешавад.

 

— Шумо ақида доред, ки дар ҳамаҷо чунин вазъият ҳаст?

 

— Албатта не! Агар саволи аз ҳунар бойшавиро дар хориҷа медодед, ба ҳақиқат мувофиқтар буд. Дур нарафта Русияро пеши назар меорем, ки ҳунармандон чӣ гуна зиндагии шоҳона доранду фаъолияти худро озодона пеш мебаранд. Агар дар Тоҷикистон низ ҳунармандон сарпарастони қавӣ медоштанду барои иҷрои ин суруд ё офаридани ягон саҳнаи ҳаҷвӣ касе фишороварӣ намекард, аҳли санъат дар фикри ҳеҷу пуч нашуда ҳунари худро сайқал медоданд ва ба дастовардҳои аз ин ҳам бузургтар ноил мегаштанд.

 

— Пас чаро Шумо роҳеро интихоб намудед, ки манфиате аз он намебинед?

 

— Суруду оҳанг ғайри манфиат овардан боз хусусияте дорад, ки дарди дили инсонро сабук мекунад. Барои ман низ тарона воситаи холикунандаи андӯҳи дил аст. Тамоми шодию ғами ман дар ҷомаи тарона таҷассум меёбад. Мақсадам аз саҳна пулу мол ба даст овардан нест.

 

— Ғайри ҳунар бо ягон соҳаи дигар пайвастагӣ доред?

 

— Не, санъат ҳаёти маро инъкос мекунад.

 

— Сарпараст доред?

 

— Не!

 

— Шояд пинҳон медоред?

 

— Ин ҳам не. Шукронаи волидон ва бародарон, ки бо ёрдами онҳо ҳунарамро пеш мебарам.

 

— Тақлидкориро дастгирӣ мекунед?

 

— Фикр мекунам, ки ҳамаи ҳунармандоне, ки имрӯз ба як сатҳи олӣ расидаанд, дар хурдӣ ба касе тақлид мекарданд ва ҳамин муҳаббати ин ё он сароянда онҳоро ба ояндаи нек дилгарм намудааст. Ман низ дар кӯдакӣ ба Кароматуллоҳи Қурбон тақлид менамудам, вале имрӯз бо услуби дигар месароям. Таронаҳои эронӣ ҳамдами розҳоям буданд. Тақлид ёрӣ медиҳад, ки ҳунарманд роҳи худро ёбад.

 

— Бо кадом ҳунарманди машҳур орзуи дуэтсароӣ доред?

 

— Мехоҳам, ки бо Гугуш — бонуи соҳибистеъдоде, ки дили миллионҳо нафар одамонро тасхир кардааст, дуэт сароям, аз сӯҳбаташ баҳравар шавам.

 

— Бо кадом ҳунармандон робитаи дӯстии мустаҳкам доред?

 

— Бо Остони Азиз, Садриддини Наҷмиддин, Меҳрубону Баҳроми Ғафурӣ муносибати бародарона ва рафтуомад дорам.

 

— Киро устоди худ мешуморед?

 

— Сироҷиддини Фозилро.

 

— Муносибататон бо журналистон чӣ гуна аст?

 

— Бо аҳли қалам муносибати хеле хуб дорам. Орзу Исоев, апаи Сангиной, Фаррух дӯстони беҳтарини мананд.

 

— Оё маротибае аз мухлисе тӯҳфаи қиммате гирифтаед?

 

— Ростӣ, ман аз касе чизе тамаъ надорам. Худи мухлисонам ва муҳаббати онҳо бароям тӯҳфаи гаронбаҳоянд.

 

— Боре ҳам аз офаридани суруд ё албоме пушаймон шудаед?

 

— Ҳар оҳангу суруд дар дилам ҷойи худашро дорад. Пушаймон шудан одати ман нест.

 

— Мошини дӯстдоштаатон кадом аст?

 

— Ҳамонаш, ки маро ба ҷойи даркорӣ расонида тавонад…

 

— Чанд фарзанд доред?

 

— Соҳиби як духтарчаву ду писарчаам. Номҳояшон Меҳрнигор, Муҳаммадалӣ ва Яқуб аст.

 

— Муҳассили кадом мактаби олиед?

 

— Донишгоҳи мусиқиро дар риштаи мусиқии омӯзгорӣ хатм намудаам.

 

ДИЛКУШО

Хангоми истифода аз маводхои блог истинод ба мачаллаи «Дилкушо» хатми аст.