• Статистика

  • Blog Stats

    • 523,781 hits
  • Flag Counter

ФИРУЗА ХАФИЗОВА: АЗ РАКС ШАРМ МЕДОШТАМ

Фируза Хафизова 1

Фируза Хафизова 1

Ўро ҳамон таронаи «Бачаи фархорӣ» машҳур намуда, азизи дили ихлосмандони санъат гардонд. Шояд пас аз шунидани тарона бисёриҳо гумон карданд, ки ӯ зодаи Фархор аст, вале ҳаргиз ин тавр нест. Фирӯза Ҳафизова дар шаҳри Қӯрғонтеппа таваллуд шудааст.

— Фирӯза, баъзеҳо тасаввур мекунанд, ки санъаткорон ҳаёти шоҳона доранд. Шумо ба ин чӣ мегӯед?

— Шояд ҳаёти овозхонон барои мардуми оддӣ чунин тобад, вале мо чунин тарзи зиндагиро барои худ раво дида наметавонем.

— Ба хислатҳои худатон чӣ гуна баҳо медиҳед?

— Ман аз аввал духтари хоксору заминӣ будам, чизу чорапараст нестам ва мекӯшам, ки ҳамин тавр боқӣ монам. Мехоҳам, ки ҳар инсон хислатҳои некӯи одамгариашро истифода барад.

— Чаро инқадар дер ба саҳнаи бузург ворид шудед?

— Соли 2000 оиладор шудам, лекин ростӣ зиндагиам онқадар хуб ҷараён нагирифт. Баъди аз шавҳарам ҷудо шудан озими пойтахт шуда, шомили ансамбли рақсии «Ҷаҳоноро» гардидам. Соли 2003 тақдир риштаи ҳаётамро бо ҷавони дигаре пайваст. Аз ӯ духтарчае бо номи Шаҳзода дорам. Албоми нахустинам ба духтарчаам бахшида шудааст. Соли 2007 қарор баровардам, ки аз рақс даст кашам. Аз чӣ буд, ки синну солам калон набошад ҳам, аз рақс шарм медоштам. Пасон як-ду маротиба суруд хондам, ки мардум хуб пазируфта гуфтанд, ки садои хуб дорӣ. Акнун аз соли 2008 инҷониб сарояндагӣ мекунам.

— Ба фикратон ду никоҳе, ки бебарор анҷом ёфтанд, иштибоҳ буд ё амри тақдир?

— Ҳар инсон дар зиндагӣ хатоҳои зиёд дорад. Ман аз Худо талаб дорам, ки ягон инсонро бебахт накунад.

— Оё омода ҳастед, ки бори дигар ба шавҳар бароед?

— Ҳама мехоҳад, ки соҳиби оилаи солим бошад. Ман ҳам ноумед будан намехоҳам. Бигзор Офаридгор маро бо ҳамон нафаре рӯбарӯ созад, ки ӯ маро хушбахт гардонда метавонад. Шукр мегӯям, ки истеъдоду санъат дорам, зеро дилам озурда бошад ҳам, метавонам андӯҳамро ба қолаби таронаҳо фурӯ рехта диламро сабук созам.

— Агар нафаре маблағи кифоя надошта бошад, метавонед ҳаққи хизмататонро дар маърака тағйир диҳед?

— Медонед, ҳамаи он кӯшишу заҳматҳои мо ҳунармандон барои болидахотир шудани ҳаводоронамон аст. Ҳар таронае, ки хоҳ маҳзуну хоҳ хурсандиовар бошад, ба хотири таваҷҷӯҳи онҳо рӯйи навор меояд. Ҳангоми дар тӯю сури мардум иштирок кардан ҳатман имконияти одамонро ба назар мегирам, зеро рӯзе Худованд ҳаққи онро аз дигар ҷо дучанд бармегардонад. Назари Худо ҳамеша аввал дар пастӣ, пасон дар баландист.

— Андоз месупоред? Умуман андозсупории ҳунармандонро чӣ гуна шарҳ медиҳед?

— Ман тарафдори андозсупориам ва зидди ин падида чизе надорам, зеро нафақат ҳунармандон, балки шахсони дорои касбу кори гуногун низ ҳиссаи давлатро месупоранд. Ман аз даромаде, ки аз тӯйҳо ба даст меорам, саривақт ҳаққи давлатро месупорам.

— Фирӯза, оё ҳамчун мард бори зиндагиро кашидан душвор нест?

— Албатта, барои зани танҳо зиндагиро пеш бурдан вазнин аст, вале мо бояд рӯҳафтода нашуда, ба пеш ҳаракат намоем ва ояндаамонро бо дастони худ созем. Меҳнат ҳамеша натиҷаи дилҳоҳ медиҳад. Ман аз касе кӯмак интизор нестам. Медонам, ки Худованд бандаашро танҳо намегузорад.

— Чӣ нақшаҳо доред?

— Мехоҳам, ки барои худ манзили шахсӣ обод кунам. Чанд моҳ пеш замин харида деворашро бардоштам. Худо хоҳад, оҳиста-оҳиста ба сохтмони дохили ҳавлӣ шурӯъ мекунем. Дар ин ҳавлӣ ману духтарчаи ягонаам зиндагӣ хоҳем кард. Орзу дорам, ки ошёнаи сеюм ҳамчун меҳмонхона барои ҳунармандон бошад.

— Айни замон дар куҷо зиндагӣ мекунед?

— Дар маркази шаҳр хонаи иҷора дорам. Ба он мақсад дар марказ манзил интихоб намудам, ки ба маъракаҳо рафтан ва барои бастани шартнома низ бо шахсони тӯйдор вохӯрӣ осонтар бошад.

— Ҳамроҳи кӣ зиндагӣ мекунед?

— Ҳамроҳи як духтаре, ки ба ман дар корҳои рӯбучини хона ва пухтупаз кӯмак мерасонад. Чунки ман наметавонам баробар овораи корҳои эҷодӣ бошаму ҳам вақтамро ба рӯзгордорӣ бахшам.

— Банди корҳои сохтмонӣ аз санъат дур намешавед?

— Дарёфти матн, сабти суруду сохтани клип вақти зиёд металабад, дар ин муддат сароянда бояд пурра ҳушу хаёлашро танҳо ба кор равона созад. Боз бо пайвандон вақт гузаронидан фурсат металабад. Албатта, баъзан даводави зиёд барои инсон гарон аст, лекин мо бояд бар зидди мушкилиҳо тобовар бошем.

— Ба ҳунари кадбонугиатон чӣ гуна баҳо медиҳед?

— Ҳунари волои пухтупаз доштан вазифаи аввалиндараҷаи ҳар бонуст. Вале мутаассифона, ман банди корҳои эҷодӣ аз чунин вазифаам дур шудаам ва бо боварӣ гуфта наметавонам, ки мисли дигар бонувон таомҳои болаззат мепазам.

— Аз ӯҳдаи пухтани кадом хӯрокҳо мебароед?

— Картошкасурхаку тухмбирён. (Механдад.)

— Хӯроки дӯстдоштаатон…

— Палав.

ДИЛКУШО

Хангоми истифода аз маводхои блог истинод ба мачаллаи «Дилкушо» хатми аст.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s