• Статистика

  • Blog Stats

    • 523,781 hits
  • Flag Counter

ШАБНАМ СОБИРИ: ХАЗОРОН БОР ШУКР МЕГУЯМ…

Шабнами Собири 1

Шабнами Собири 1

Дар самои мусиқии эстрадии тоҷик чанде боз ситораи нав тулӯъ кардааст. Таронаҳои шӯх, клипҳои хоса, ҳаракатҳои мавзун ва ҳусни ҷаззобаш таваҷҷӯҳи ҳаводорони ҳунарро ба ӯ зуд ҷалб намуданд. Имрӯз ӯро аз беҳтарин сарояндаҳои мавҷи нав номидан мумкин аст. Ва аз эҳтимол дур нест, ки ба туфайли ҷустуҷӯҳои эҷодияш дере нагузашта ӯ қуллаҳои боз ҳам баландтарро фатҳ мекунад. Инак, ин ҳафта бо мою шумо – Шабнам Собирӣ.

— Шабнам, бо сабти нахусталбоматон шуморо табрик мегӯем. Мегуфтед, ки албоматон чанд таронаро гирд овардааст?

— Ташаккур! Хеле шодам, ки ба орзуи деринтизори худ расида, имрӯз дар пайроҳаи санъат фаъолияти босамарона дорам. Шукри Худо, дар муддати фаъолияти кӯтоҳ тавонистам, ки мухлисонамро пайдо намоям. Дастгирии онҳо буд, ки имрӯз албоми нахустинамро бо сенздаҳ таронаи нав рӯйи сабт овардам.

— Оҳангу шеърҳо моли киҳо буданд?

— Ман кӯшиш мекунам, ки ҳамеша бо шоирону оҳангсозони беҳтарин ҳамкорӣ кунам. Дар мукаммал шудани албомам Бахтиёри Бегиҷон, Ёқуб Баҳромов ва шодравон Соҳиб Нозимов саҳм гузоштаанд.

— Намехоҳед, ки бо таронаҳои албоми нав барномаи консертӣ ташкил кунед?

— Алҳол барои ташкили консерт саросема нестам. Ҳанӯз дар ҷодаи санъат собиқаи яксолаи корӣ дорам, дар ин байн барои барномаи шахсӣ сад фоиз омода шудан амри маҳол аст. Лекин ният дорам, ки дар ноҳияҳои гирду атрофи пойтахт силсилаконсертҳо барпо созам. Пасон метавонам дар пойтахт назди ҳаводоронам ҳисобот диҳам.

— Шабнам, мегӯянд, ки ҳамкории дуҷониба боиси шӯҳрати зиёд мегардад ва ба ин Шабнаму Ҷонибекро мисол меоранд. Назари шумо нисбати ин гуфтаҳо…

— Сабаби шӯҳрат дуэтхонӣ не, балки ҳунару истеъдод ва иҷрои таронаҳои воло аст. Мо ба мисли Шабнаму Ҷонибек бисёр сарояндаҳое дорем, ки ҳамкории дуҷониба созмон дода, то ба охир муваффақ нагаштанд. Фикр мекунам, ки барои ҳунарманд шӯҳрат набояд дар мадди аввал истад. Сароянда нахуст бояд дарк созад, ки аудитория барои қабули чӣ гуна сурудҳо омода аст. Ман ҳанӯз дар бораи дуэтхонӣ фикр накардаам ва хоҳиш низ надорам. Танҳо Шабнами оддие будан мехоҳам, ки бо таронаҳояш ба дили мардум маъво гирифта метавонад.

— Идеали шумо дар санъат кист?

— Мухлиси эҷодиёти Манижа Давлатова ҳастам. Манижа бо дурахши худ дар эстрадаи тоҷик муҳаббати маро нисбати мусиқӣ зиёдтар кард. Бо Манижа дар бисёр маъракаҳо вохӯрдаем, нисбаташ эҳтиром дорам, мехоҳам, ки ӯ дар зиндагӣ ба ҳама орзуҳои дилаш муваффақ шавад.

— Боре ба нафаре савол додам, ки ба танқид чӣ гуна ҷавоб медиҳед? Ҳамсӯҳбатам посух дод, ки маро саг бисёр газидааст, вале ман сагро намегазам. Ба мисли ҳамин агар шуморо саг газад, чӣ ҷавоб медиҳед?

— Ин вобаста ба он аст, ки танқидро бо кадом мақсад мегӯянд… Масалан, баъзеҳо аз бухлу ҳасад, гурӯҳи дигар аз дилсӯзӣ, нафароне дӯстона камбудиро нишон медиҳанд. Ман, албатта, нисбат ба касе кина намеварзам, лекин намехостам, ки рафтори маро беасос мазаммат кунанд …

— Ҳолатҳое мешаванд, ки шумо аз тамошои баромади худ шарм медоред?

-Барои чӣ шарм медоштаам?1 Ман дар саҳна ҳунарамро нишон медиҳам, на чизи дигар ва ҳам пироҳани доираи одобро мепӯшам. Он лаҳзае, ки баромади худро тамошо мекунам, дар дилам Офаридгорро ҳазорон маротиба шукр мегӯям, ки маро ба ин рӯзҳо расонидааст. Ман тавонистам рози диламро ба қолаби таронаҳо фурӯ рехта ба шодиву ғами шунавандаҳо шарик бошам.

— Оё баъзан рӯҳафтода шуда аз саҳна дур шудан мехоҳед?

— Тани солим бедард намешавад ва зиндагӣ низ беғам нест. Гуфтаниам, ки сароянда ё ҳаҷвнигор будан маънои онро надорад, ки ӯ инсони бедил аст ё оҳанист. Ҳамаи мо дард дорем, бо рӯҳафтодагӣ, гоҳи дигар бо шодӣ рӯбарӯ мешавем. Дард аст, ки моро ба саҳна меорад. Лекин бо сабаби ин тарки касбу хор кардани истеъдод маънои фирор аз андӯҳу аламро надорад. Маънои зиндагӣ мубориза дар роҳи мақсад аст.

— Ранҷурии шуморо чӣ бартараф мекунад?

— Мутолиаи шеърҳо… Гӯш кардани мусиқӣ дар гӯшаи танҳоӣ…

— Фасли дӯстдоштаатон?

— Баҳор ва накҳати борони найсон…

-Кадом орзуи бузургатонро соли равон амалӣ кардед ё амалӣ кардан мехоҳед?

— Соли равон имконият ёфта, нахусталбомамро ба фурӯш баровардам. Магар барои ҳунарманди ҷавоне, ки бо умеди сазовор гаштан ба маҳбубияти мардум шабу рӯз меҳнат мекунад, аз ин дида хушбахтии бештаре ҳаст? Орзуи дигари ҳамешагиам ин сиҳату саломат дидани волидон ва пайвандони азизам аст. Мехоҳам, ки фазои хонадони маро тифли навзоде бо гиряву хандаҳояш олуда созад… Мехоҳам, ки модари меҳрубону завҷаи солеҳаи шавҳар бошам…

— Шабнам, барои шахсияти шинохта бе мошин гаштан душвор аст, зеро зуд мавриди таваҷҷӯҳ қарор мегирад. Шумо мошин доред?

— Чанд сол пеш соҳиби ҳуҷҷати ронандагӣ шудам. Вале айни замон мошин надорам. Худованд ниятҳои дили бандаашро ҳатман амалӣ мегардонад. Тамғаи «Тоёта-Каролла»-ро меписандам.

— Муваффақ бошед!

ДИЛКУШО

Хангоми истифода аз маводхои блог истинод ба мачаллаи «Дилкушо» хатми аст.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s