• Статистика

  • Blog Stats

    • 524,359 hits
  • Flag Counter

БОҒИГУЛ САИДОВА: « БОНУВОНИ МОШИНСАВОР БА САДАМА РОҲ НАМЕДИҲАНД»

Богигул Саидова-Boghigul Saidova

Богигул Саидова-Boghigul Saidova

Боғигул пеш аз он ки  ҳунарманди писандида  ва аз тарафи мардум эътирофгардида бошад, модар аст. Модари се фарзанди нозанину муаддаб. У аз онҳо ифтихор дорад. Ифтихор аз он ки Худованд ба ҳар сеи онҳо меҳри донишомӯзиро ба фаровонӣ додааст. Нахустфарзандаш Наимҷон мутахассиси соҳаи компютер шуданӣ асту Сиёвуш табиб ва Шаҳзод орзуи актёр шуданро дар дил мепарварад. Садои форами ин бонуи ҳунарманд ба гӯши шунавандагони бешумор чун навозишгари рӯҳу ҷисм  таъсир гузошта ба дарди қалбҳои реши ошиқони бевафоидида  малҳам гаштаст.


Уро мухлисон барои сабки ба худ хос доштанаш зиёдтар мепарастанд.  Ин бонуи ҳунарманд бо тарзи нави ба худаш зебанда ба саҳнаи ҳунар ворид гардида бо тозабаёнии хеш мухлисони ҳунарашро мафтуни худ гардонидааст.

— Кай эҳсос кардед, ки ҳунари сарояндагӣ доред?

— Ҳанӯз аз хурдӣ, айёми мактабхонӣ дар ҳамаи маҳфилҳо суруд мехондам ва дар олимпиадаҳои мактаби рақами 10-и пойтахт  фаъолона ширкат меварзидам. Дар ансамбли тарона ва рақси «Машъал»-и назди  Хонаи кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе шомил будам.

— Кадом ҳодисаи зиндагӣ табъи шуморо нохуш мегардонад?

-Вақте ки нафаре аз  фарзандонам бемор мешаванд дилам лабрези ғам мегардад ва хеле озурдахотир мегардам. Охир кадом модар дили сангин дорад, ки аз бемории фарзанд бепарво бошад?

— Чанд нафаранд онҳо?

— Худоро шукр, се писари нозанин дорам бо номи Наимҷону Сиёвушу Шаҳзод.

— Мехоҳед, ки нафаре аз онҳо касби шуморо интихоб намояд?

— Не, намехоҳам, магар осон аст олами ҳунар? Басо заҳматҳою ранҷҳои беҳисоб дорад. Мисли тамоми модарон дили ҳассос дорам ва намехоҳам, ки ҷигарбандонам ин азобҳоро аз сар гузаронанд.

— Дунёи ҳунарро пур аз нотавонбинию душворӣ мепиндоред. Пас чӣ гуна натарсида дар он ворид гардидед?

— Бовар кунед, то ҳоло ҳарос дорам (механдад).

— Барои шумо кӣ оҳанг эҷод мекунад?

— Бароям устодони арҷманд Баҳодур Неъматов ва Шариф Бедаков оҳанг эҷод мекунанд, ки аз онҳо хеле зиёд миннатдорам.

— Албатта сарпарасту такягоҳ низ доред?

— Такягоҳи ҳар як банда Худованди бузург аст, аммо сарпарасте надорам. Шояд дар оянда пайдо шавад. Ду албоми сурудҳоямро бо кӯмаки худ баовардам. Аввалинаш «Ишқи пок» буда соли 2007 таҳия гардид ва албоми дуюмам

«Дастагули баҳор» ҳамин баҳор рӯи кор омад ва ба дасти мухлисони азизам расид.

Ба ишқи ҳақиқӣ боварӣ доред?

— Аввалҳо боварӣ надоштам, ҳоло бошад боварам ҳаст, ки ишқи ҳақиқӣ мавҷуд асту қалби ошиқони асилро таскин медиҳад ва ба дардҳояшон даво аст. Мавҷудияти ишқ зиндагиро рангину пурҷило мегардонад ва медонӣ, ки касе ҳаст, ки туро дӯст медораду дар ҳама ҳолат мунтазират ҳаст. Эҳсосоти гуворо аст ишқ.

— Нисбати шумо хиёнатро раво дидаанд?

— Бале, хиёнатро ҳам дидаам…

— Ва бахшида ҳам тавонистед?

— Магар хиёнатро метавон бахшидан? Набахшидам, албатта.

— Мегӯянд, ки хеле зиёд душвориҳоро паси сар кардаед?

— Албатта. Ҳанӯз дар айёми тифлиам падари меҳрубонам олами ҳастиро падруд гуфт. Шумо тасаввур мекунед, ки барои фарзанд то чӣ андоза душвор аст дар сесолагӣ маҳрум гаштан аз навозиши дастони падар? Азобҳои модарро дида, дили ман ҳам фиғон мекашид, вале аз дасти тифл чӣ коре ҳам меояд ба ҷуз оҳу афсӯс? Ҳамаи он дарду озорҳо маро ба олами ҳунар овард ва онро тавонистам бо оҳанг тараннум созам. Имрӯзҳо шукрона дорам, ки ҳамааш паси сар гашта модарҷони азизам дуогӯи мананд.

— То ин вақт шомили кадом касб будед?

— Ба тарбияи фарзандонам машғул будам. Айни замон донишҷӯйи курси охирини Консерваторияи миллӣ ҳастам. Нозукиҳои ин касбро назди устодони арҷманд азбар хоҳам кард.

— Кадом кори рӯзгордорӣ хеле хуб аз дастатон меояд?

— Албатта, ҳар як бону пеш аз ҳама кадбонуи хуб аст. Пухтани ҳама гуна таом аз дастам меояд, аммо мантуро дар хонадони мо дӯст медоранду бо завқи махсус онро омода месозам.

— Барои ба даст овардани дили ранҷидаи шавҳар кадом воситаро истифода мебаред?

— Бо табассум дили ӯро ба даст меорам.

— Мошинсавории бонувонро чи гуна баҳогузорӣ мекунед?

— Баҳои мусбат медиҳам. Зеро бонувон нозуктабиатанду мошинро низ нозукона ва боэҳтиёт меронанд ва ҳамеша худрову атрофиёнро аз хатари садама эмин медоранд. Агар ман ҳам соҳиби мошин гардам, онро хеле оҳиста меронам. Бонувон низ аз чизе кам нестанд ва ҳақ доранд, ки озодона паси чамбараки рул нишаста барои кори таъҷилиашон мӯҳтоҷи касе нашаванд.

— Шумо ҳафтаномаи «Дилкушо»- ро мутолиа мекунед?

— Чаро не? Он ҳафтаномаи фароғатии писандидаи оилаи мо мебошад. Бо фарзандонам ҳамеша онро харидорӣ намуда сканвордҳои ҷолибашро пур мекунем ва аз сӯҳбатҳои фарҳангиаш як ҷаҳон лаззат мебарем.

— Ташаккур барои сӯҳбати самимӣ!

— Ба шумоён низ изҳори миннатдорӣ намуда таманнои онро дорам, ки  сафи ҳаводорони «Дилкушо» аз ин ҳам бештар гардад. Зеро хеле аҷоибу писандида аст.

ДИЛКУШО

Хангоми истифода аз маводхои блог истинод ба мачаллаи «Дилкушо» хатми аст.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s