• Статистика

  • Blog Stats

    • 524,309 hits
  • Flag Counter

ЗИЁВИДДИН НУРЗОД: «ХУШБАХТИИ КОМИЛ ВУҶУД НАДОРАД»

Зиёвиддини Нурзод- Ziyoviddini Nurzod

Зиёвиддини Нурзод- Ziyoviddini Nurzod

Сарояндаи хушсадо Зиёвиддини Нурзод ниёз  ба муаррифӣ надорад. Зеро ӯро, садояшро ҳазорҳо нафар шунавандагони радиои «Садои Душанбе» кайҳост, ки шунидаву ба лаҳни сухангӯиву сабки гуфтораш дил бастаанд. Аммо имрӯзҳо ӯ дар олами ҳунар ва бо садои форамаш қалбҳоро тасхир кардаву дар байни мардум маҳбубияти махсусе пайдо кардааст. Услуби сарояндагии ба худ хос дорад. Самимона месарояд  ва бо дард месарояд. То дар қалб як сӯзише ё дарде  надошта бошӣ, садои ту шунавандаро аз ғаму андӯҳи доштааш раҳо наметавонад кунад. Ба он сӯзиш то ҷиддӣ муносибат накунӣ, андӯҳро то аз дили худ нагузаронӣ он наметавонад ба қалби дигаре таъсир расонад.

Пас, Зиёвиддин дарде дорад? Биёед беҳтараш рози дили ӯро дар ин сӯҳбати кӯтоҳ бихонему огоҳ гардем.

-Зиёвиддин, субҳи Шумо чӣ гуна оғоз мешавад?

-Муқаррарӣ ва  мисли ҳамаи инсонҳо оғоз мешавад. Бо аҳли байтам якҷоя субҳонаро тановул  мекунем ва бо фарзандонам шӯхӣ мекунам ва меравам сӯи коргоҳ. Ягон чизи ҷолиб барои нақл кардан нест.

-Шуморо кадом чиз ба майдони ҳунар овард?

-Амри тасодуф. Имрӯз аз ин тасодуф хеле хушҳол ҳастам ва хеле зиёд мехостам, ки чунин як тасодуф дар зиндагии ҳамаи инсонҳо рух диҳад. Агар аниқтар бигӯем ҳамин чиз дар вуҷуди ман будааст. Зеро ёдам ҳаст, ки ҳангоми мактабхонӣ ва донишҷӯйи ман хеле зиёд мехостам ба  Мансур ва Муин монанд бошам ва дар танҳоӣ таронаҳои онҳоро  замзама мекардам. Бисёр мехостам, ки мисли онҳо таронаи зебову қашанг сароям ва  ин гуна эҳсос дар ман зиёд буд.

Аз ҷониби дигар агар тасодуф намебуд ман ба донишкадаи ҳунарҳои зебо дохил мешудам ва ҷойи дигар Қазову қадар дар дасти Худованд аст. Инак ман рӯйи саҳна ҳастам ва пушаймон ҳам нестам. Бо қалам сару кор кардан ифтихор аст. Аммо қаламбадастон дар тӯли таърихи зиндагӣ вазъи нохуб доштанд. Рӯзгори талху тирае доштанд. Дар ҷумҳурии мо агар дар ҷодаи ҳунар муваффақият ба даст орӣ, зиндагиат пеш меравад ва  зиндагии аҳли ҳунар нисбати мардуми касбу кори дигар осонтар аст.

Аз ин хотир шукрона аз мардуми азизи Тоҷикистон мекунам, ки ба маҳфилҳо даъват мекунанд ва ҳаққи заҳмати туро медиҳанд. Дар нисбати вазорату кумита, ки туро дастгирӣ кунад, ҳоҷати гап нест. Ман то имрӯз надидаам ва нашунидаам, ки нафареро дастгирӣ намоянд.

-Зангҳои  бонувони мухлисатон гуворо аст ё ноҷӯрӣ дар хонадон меорад?

-Дар хонаводаи ман ноҷӯрӣ ба миён намеоварад. Аслан ҳамсарам ба зангҳое, ки ба ман мешавад, кор надорад. ӯ мефаҳмад, ки ба хотири кор занг мезананд  ва мухлисон маро дӯст медоран ва парвои зангҳоро надорад. Танҳо агар дар сари рул бошаму занг зананд,  ноҷӯрӣ он вақт мешавад., на дар хонадон.

-Кадом кор асаби вайроншудаи шуморо ором месозад?

-Дидори дӯстон ва сӯҳбати гарми инсонҳое, ки маро мефаҳманду ба дил наздик ҳастанд бароям гуворо аст ва  тамоми хастагиҳоро бартараф месозанд.

— Шумо хушбахтии комилро дар чӣ мебинед?

— Хушбахтии комил умуман вуҷуд надорад. Вақте ки тамоми инсонҳо комил шуд, зиндагӣ мафҳуми  худро гум мекунад.

— Барои бонуи хонадонатон суруде бахшидаед?

— Ҳоло не. Шояд бибахшам.

— Ба ӯ ба корҳои хона кӯмак мерасонед?

— Не. Аммо ин на ба он хотир, ки намехоҳам , танҳо вақт надорам.

— Пас, ба корҳои ӯ албатта эрод намегиред?

— Баъзан эрод ҳам мегирам бар асари бекорӣ. Албатта бе ин намешавад.

— Дар зиндагӣ боз чизи дигаре метавонад ҳунару эҷоди шуморо иваз намояд?

— Не, ба гумонам, наметавонад.

— Асабонияти аз берун бардоштаи худро ба сари хонадон мерезед?

— Гоҳ-гоҳ мерезам. Тамоми мардҳо чунинанд.

— Яъне алами Исоро аз Мӯсо мегиранд?

— Барои эҷоди суруди нав бештар кадом фасли сол мувофиқ аст?

— Фарқ надорад на тобистону на баҳор.  Лаҳзаи илҳом яке  пайдо шуд, омадан мегирад. На чеҳраи зебо ва табиати дилфиреб ва на чак-чаки борону накҳати баҳор  мояи  эҷод шуда наметавонад. Ин аз нигоҳи ман аст.

— Айни замон банди кадом шуғле ҳастед?

— Дар радиои Садои Душанбе фаъолият дорам ва банди эҷоди чанд таронаи нав ҳастам барои мухлисони азиз  ва соли 2011 ба хотири падари бузургвор ва шод гардонидани рӯҳи покашон як барномаи консертӣ омода хоҳам кард.

— Ба садоқати бонувон боварӣ доред?

— Ба садоқати ҳамсари худ боварӣ дорам, бонувони дигар дар қазовати ман нестанд.

— Нигоҳи шумо ба вазъи зиндагии имрӯзаи мо? Онро зиндагӣ гуфтан ҷоиз аст?

— Ҳа, зиндагӣ гуфтан мумкин аст, барои мазоқи зиндагӣ ба қавли шоира Гулрухсор.

— Зиндагӣ чист аз нигоҳи шумо?

— Комил Бекзода гуфтааст, ки : «Зиндагӣ чизест, ки ба он менигарему меравем». Яъне зиндагӣ як саҳнаест, ки тамошо мекунему меравем.

— Агар шахси ранҷуру нотавонеро бубинед чӣ гуна ҳиссиёт шуморо фаро мегирад?

— Бисёр ҳиссиёти бад фаро мегирадам. Айни замон, ки ману шумо сӯҳбати телефонӣ дорем ман дар назди фурӯшгоҳи «Садбарг» қарор дорам ва ин ҷо талбандаву фақирони зиёдеро дида истодаам ва ин як ҳолати хеле нохубро бароям эҳдо мекунад. Дилам барояшон реш-реш мешавад. Аммо дасти ман кӯтоҳ аст ва наметавонам ба онҳо кӯмаке расонам.

— Чаро дар сурудҳоятон як дард эҳсос мегардад? Аз чизе сахт ранҷур ҳастед?

— Ман аз чизе ранҷур нестам. Агар ин дард 20 фоизаш аз они ман бошад, 80 фоизаш аз они мардум буд. Чун модарам аз олам гузаштанд панҷоҳ фоизаш дарди ман шуд ва баъди бо зиндагӣ падруд гуфтани падарам, ҳамин сол ҳаштод фоизи он дарди ман гардида бист фоиз аз мардум аст. Одамизод беғам буда наметавонад. На маблағ, на давлат , на сарват, на хонаи боҳашамат наметавонад он ҳама меҳру муҳаббатеро, ки нисбати азизони дили худ дорем иваз намояд ва ғаму дарди инсонҳоро сабук гардонад.

Шахсан ман ду одами наздиктарину муқаддастарин, яъне падару модари дилсӯзу меҳрубон доштам, ки маро тарк намуданд ва худро хеле танҳо ҳис мекунам, бо вуҷуди он ки дӯстону ҳаводорону мухлисони зиёде дорам. Вақте аз кӯча мегузарам хурду калон ба сӯям бо муҳаббату самимият ва ихлос менигаранду салом медиҳанд. Ин ҳам бахти баланд аст. Бо вуҷуди ин қадар эҳтирому садоқати эшон нисбатам доранд, ман худро танҳо ҳис мекунам. Вақте ки инсон ҳис мекунад, ки модараш ӯро мунтазир нест ва дасти навозишгари падар дар болои китфаш нест, вай худро танҳо ҳис мекунад.

— Таманниёти шумо ба мухлисонатон?

— Меҳоҳам, ки ҳамеша хушбахту сарбаланд бошанд ва муҳим аз ҳама ба қадри падару модари худ бирасанд ва нисбати онҳо муҳаббат дошта бошанд. Ҳазор насиҳат куниву панд диҳӣ ҳам баъзеи инсонҳо намефаҳманд қадри волидонро. Инсон вақте рӯзи сиёҳ ба сараш биёяд баъд афсӯс мехурад, ки чӣ қадар пурқимматтарин гавҳари хешро аз даст дод ва он соат ба қадри рафтагон мерасад.

ДИЛКУШО

Хангоми истифода аз маводхои блог истинод ба мачаллаи «Дилкушо» хатми аст.

Один ответ

  1. salomat boshed suhaoi biser purmano guftaed

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s