• Статистика

  • Blog Stats

    • 523,781 hits
  • Flag Counter

ТАҲМИНА НИЁЗОВА: ТУЙГАРДИ БА САРОЯНДАЗАН ЗЕБАНДА НЕСТ

Тахмина Ниёзова- Takhmina Niyazova

Тахмина Ниёзова- Takhmina Niyazova

Ин ҳамон духтаракест, ки номи Тоҷикистонро дар озмуни бузурги байналхалқии «Панҷ ситора. Интервидение» баланд бардошта буд. Ба шарофати ӯ бисёр одамон нуқтаи назари худро нисбати фарҳангу маданияти тоҷик тағйир дода, ба ҳунари ҷавонони санъаткори тоҷик эҳтиром пайдо намуданд.

— Таҳмина, чанд моҳ пеш ба давлатҳои хориҷа сафар кардед. Оё баробари дидани кишварҳои мутараққӣ дар дилатон хоҳиши дар хориҷа зиндагӣ кардан пайдо нашуд?

— Медонед, таклифҳо буданд ва дар дили худам низ хоҳише пайдо гардид. Вале муҳимаш он аст, ки мо бо сари баланд баромад карда, ба ватан баргаштем.

— Агар имконияти пурра пайдо шавад, барои зиндагӣ кадом гӯшаи ҷаҳонро интихоб менамудед?

— Хешу таборони ман ҳамаашон дар Тоҷикистонанд ва аз ин лиҳоз идомаи зиндагӣ дар дигар кишвар бароям душвор хоҳад буд. Мақоли русие ҳаст: «Хорошо там, где нас нет».

— Ягон маротиба дар тӯю маъракаҳои мардум ширкат доштед?

— То имрӯз не. Вале таклиф кардаанд.

— Барои чӣ нарафтед? Омода нестед?

— Фикр мекунам, ки тӯйгардӣ ба бонувони сароянда не, бештар ба  мардон зебанда аст. Бо чунин ақида ба иззати нафси касе расиданӣ нестам, вале ин ақидаи шахсии ман аст.

— Дар ягон ансамбли давлатӣ кор кардан намехоҳед?

— Нияти кор кардан доштам, вале айни замон тамоми қувваамро ба сабти нахусталбомам равона кардаам ва барои дигар корҳо вақтам намерасад.

— Номи албоматонро гуфта метавонед?

— Чанд вариант ҳаст, лекин ҳанӯз ба як қарори дилхоҳ наомадаем. Сурудҳо, ки сабт шуд, аз худи ҳамон чиз як номи дилхоҳ мебарояд.

— Киро дар ҷодаи санъаткорӣ устоди нахустинатон мешуморед?

— Барои иштирок ва тайёрии ҷиддӣ аз овони хурдиам дар озмунҳо бобоҷонам шодравон Боймуҳаммад Ниёзов кӯмак менамуданд. Он кас ақида доштанд, ки оҳиста-оҳиста ман комил шуда, таронаҳои он касро дубора эҳё месозам.

— Барои шумо бо кадом забон суруд хондан осонтар аст?

— Ман мехоҳам, ки доираи фаъолиятамро васеъ созам. Бобоям маслиҳат медоданд, ки ҳунарманд набояд бо иҷрои таронаҳо бо забони модариаш қаноат кунад, балки таваҷҷӯҳи аудиторияи шунавандагони ӯзбеку қирғиз ё русро ба инобат гирад.

-Таҳмина, шумо ҳамкасби мо ҳастед. Барои чӣ дар риштаи рӯзноманигорӣ кор намекунед?

-Бовар кунед, худам низ орзу дорам, ки ба ҳайси журналист фаъолиятамро оғоз намоям. Аз васоити ахбори омма радиоро дӯст медорам. Мехоҳам, ки барномаи худамро ташкил созам.

— Бо кадом расонаҳо ҳамкорӣ доштед?

— Давраи таҷрибаомӯзиам дар ҳафтаномаи «Азия-плюс» гузаштааст.

— Саволи дигар, оё аз баргузории озмуни «Панҷ ситора. Интервидение» дар Тоҷикистон розӣ будед?

— Ба чигуна ҷараён гирифтани озмун ман кордор нестам. Агар дар ҳамон озмун худатон ҳузур дошта бошед, дидед, ки ҳайати ҳакамон аз одамони баландмақоми таҷрибадор ташкил шуда буд. Ман бовар дорам, ки онҳо ҳунари ҳамаи иштирокчиёнро аз нуқтаи назари профессионалӣ баҳо доданд.

— Гуфтан мумкин аст, ки озмуни мазкур фаъолияти шуморо вусъат дод?

— Бале, тавассути озмун дар хаётам тағйирот ба амал омад. Ҳанӯз пеш аз иштирок фикр мекардам, ки ҳатман дар чорабинии байналхалқие ғолибиятро ба даст меорам ва дар ҳақиқат ҳам ҳамин тавр шуд.

— То имрӯз ба кадом орзуи бузургтарини кӯдакиатон муваффақ шудед?

— Ҳар кӯдак дар дилаш орзу мепарварад, вале на ҳамаи он амалӣ мегардад. Ман аз овони хурдӣ дар озмунҳои ноҳияву вилоятӣ иштирок мекардам, вале орзуи беҳтаринам баромад дар саҳнаи байналмиллалӣ буд, ки ба он, шукри Худо, расидам.

— Ҳар як бону орзуи оила сохтанро дорад. Шумо чунин тасмим надоред?

— Сайҳуна, худатон мисли ман духтари ҷавон ҳастеду медонед, ки оиладорӣ масъулияти бузурге мебошад ва дар ҳаёти ҳар яки мо масъалаи муҳим аст. Ба шавҳар баромадан ба сари ҳар як духтар меояд гуфта, мо наметавонем бо ҳар раҳгузари пешомада оиладор шавем. Аз ин рӯ, дар ин пайраҳа ман ҳанӯз саросема нестам.

— Таҳмина, рӯза медоред?

— Ҳозир рӯза гирифта наметавонам, чунки ҳангоми сурудхонӣ қуввату овоз лозим.

— Гули дӯстдоштаатон…

— Савсан ва садбарги ҳанӯз нашукуфтаро меписандам.

— Ашъори кадом адибро меписандед?

— Асарҳои Ҷорҷ Байронро.

— Чӣ сухани иловагие доред?

-Ба ҳамаи духтарони тоҷик орзуи хонаободӣ мекунам. Бигзор дар масъалаи оиладорӣ қадамҳояшонро санҷида гузоранд, зеро ҳаёт якрӯза нест.

ДИЛКУШО

Хангоми истифода аз маводхои блог истинод ба мачаллаи «Дилкушо» хатми аст.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s