• Статистика

  • Blog Stats

    • 523,781 hits
  • Flag Counter

ШИЛПА ШЕТТИ: «МАН БА ҲАРФИ ДИЛАМ ГУШ КАРДАМ, НА БА ТОЛЕЪНОМА»

Шипла Шетти- Shilpa Shetty

Шипла Шетти- Shilpa Shetty

Ситораи дурахшони синамои ҳинд Шилпа Шетти 8 июни соли 1975 дар оилаи тифоқи моделйерон Сурендр ва Сунанда Шетти дар шаҳри Тамилнади Ҳиндустон  ба дунё омадааст. Модараш Сунанда яке аз моделерони машҳури Ҳиндустон буда, падараш низ дар ширкати тарғиби айнакҳои  Vera фаъолият дошт. Хоҳари хурдиаш Шамита Шетти низ актриса аст. Дар синни 15 солагӣ Шилпа низ мехост моделер шавад. Аммо қади ӯ он замон ҷавобгӯи талаботи ин касб набуд. Ҳанӯз дар давраи мактабхонӣ ӯ ба варзиш дилбастагии махсус дошт. Капитани командаи волейболбозони мактаб буд.

Ҳамчунин дар машқи каратэ ӯ дар мактаб  соҳиби «камарбанди сиёҳ» гардидааст.  Шилпа Шетти  забондони хеле хуб аст ва ба ғайри забони модарии худ ба чандин забонҳои дигари ҳиндӣ ва хориҷӣ, аз ҷумла англисӣ, франсузӣ озодона гуфтугӯ мекунад.

Дар синни 17-солагӣ ба ӯ бори аввал дар филми « Gaata Rahe «Mera Dil» иҷрои нақши асосиро пешниҳод карданд. Аммо он филм  то ба охир ба навор гирифта нашуд. Дертар ӯ дар филми  Baazigar  бо ҳунармандони машҳури ҳиндӣ  Шоҳруххон ва Каҷол нақш офарида роҳи худро дар олами синамо боз намуд.

Дертар ӯ дар зиёда аз 50 филми истеҳсоли Ҳиндустон нақшҳои ҷолибу хотирмонро иҷро намуда, бо ҷаззобии худ  дар дили тамошобинон маскан гирифтааст. ӯ ҳамчунин дар филмҳо бо ҳамроҳии Сайфалихон, Акшай Кумар, Анил Капур, Каришма Капур, Салманхон, Санҷай Капур, Говинда  нақшофарӣ карда, сазовори баҳои баланди киношиносон ва тамошобинон гардидааст ва чандин маротиба сазовори ҷоизаи «беҳтарини нақши занона»  гаштааст.

Аз иҷрои нақшҳои ба зимааш вогузоршуда хеле моҳирона мебарояд  ва ӯ як духтари самимӣ ва ҳассос аст.  Айни замон Шилпа дар ширкати зидди бемории СПИД фаъолона иштирок намуда, зидди муносибати ваҳшиёна бо ҳайвонот аст. ӯ яке аз баландқоматтарин актрисаҳои Болливуд ба ҳисоб рафта қадаш 178 см аст.

Филми нахустине, ки ӯ нақш бозидааст : Бозигар ( Baazigar)

Актёри дӯстдоштааш: Амитабх Баччан

Актрисаи дӯстдоштааш:  Шри Деви

Китоби дӯстдошта  : китоб намехонад

Хӯроки дӯстдошта : мурғ бо биринҷ

Ҷойи истироҳати дӯстдошта : Швейтсария

Гули дӯстдошта : орхидея

Ҷазои як бӯса

Дар ҳаёти ҳамаи ситораҳо ноҷӯриҳо рӯй медиҳанд. Чунин тасодуф бо актрисаи машҳури ҳинд Шилпа Шетти низ рух додааст. Боре суратгире дар як маърака расми аз рухсораи Шилпа бӯсидани қаҳрамони филми «Биёед мерақсем» —  актёри машҳури Голливуд Ричард Гирро акс бардошта,  дар рӯзномаҳои машҳури Ҳиндустон нашр намуд ва  ин ду ситораҳои синаморо дар ҳолати ногувор гузошт. Зеро ин расм мардумони ҳиндиро ба шӯру ситез овард.

Номи  Шилпа Шетти баъди ба маҳкама кашидан боз ҳам машҳуртар гардид. ӯро суди олии Ҷайпур бинобар дар расм бо актёри номии Голливуд Ричард Гира ҳамоғӯш будану бӯса кардан, маҳкум сохта буд. Шилпа ба унвони Суди Олӣ эътирознома (апелляция) навишта хоҳиш кардааст, ки иҷозатнома барои ба ҳабс гирифтани ӯ ва Ричардро бекор намояд. Ба ин ситораҳои Голливуд ва Болливуд бинобар рафтори ғайри қобили қабулашон нисбати урфу одатҳои ҳиндувон, ки мисли таҳқир ва беҳурматӣ  тасвир шудааст, чунин  ҳукм пешниҳод карда шуда буд.

Мусоҳибаи Шилпа  ва Раҷ дар арафаи издивоҷ

— Шилпа, садҳо тамошобинон шоҳиди он гаштанд, ки ту дар шоу-барномаи

«Бародари бузург» танҳоии худро изҳор намудӣ. Аммо он лаҳза ҳис накардӣ, ки ишқи зебое дар наздикии ту мегардад?

-Дар ҳақиқат он замонҳо дилам мехост як шахси арзандаву маҳбуби дили хешро дучор гардам. Ва ин шоу барнома сабаб гардид, ки ману Раҷ шинос шавем.

— Шиносоии шумо чӣ гуна сурат гирифт?

Шилпа:

— Агенти пешинаи ман бо Раҷ шинос буд ва ӯро барои интихоби парфюми ман вобаста намуд, ки аз ӯҳдаи ин кор хеле моҳирона мебаромад.  Вақте ки Раҷ барои шиносоӣ бо ману модарам омад, аз рӯи эҳтиром даст ба пои модарам бурд ва ман дар дил шод гаштам, ки  « ӯ расму русуми моро низ сарфи назар намекунад ва ин хурсандиовар аст».

Сипас ӯ ба ман нигарист ва  бо тири нигоҳаш диламро сӯрох кард. Бо як нигоҳ писандам омад ва баъди рафтанаш агентамро пурсидам, ки ӯ оиладор бошад. ӯ зуд ба рафиқи Раҷ занг зада аз ин хусус пурсон шуд ва аз он сӯ ҷавоб омад , ки зан дорад. Ҳол он ки дар он маврид Раҷ бо занаш ҷудо шудаву рафиқаш аз он дарак надоштааст.  Ман андӯҳгинона фикр кардам, ки бо Раҷ танҳо дӯст мемонему бас .

Раҷ:

-Вақте ба ман рафиқам дар ин хусус хабар дод, сарзанишаш кардам, ки дар бораи ҷудошавиам ба ту гуфта будам. ӯ ҷавоб гардонд, ки он лаҳза сархуш будаасту онро дар хотир нагирифтааст. Ва чора ҷустам барои ба даст овардани дили Шилпа ва бовар кунонидани ӯ оиди муҷаррад буданам.  Ба Мумбай парвоз намуда меҳмони хонадони онҳо гаштам ва дар рафти сӯҳбат ба модараш ишора намудам, ки «Ҳангоми ба Лондон сафар намуданатон, метавонед дар хонаи муҷарадонаи ман иқомат намоед». Худи ҳамон замон Шилпа бо тааҷҷуб пурсид, ки ман зан надорам ва ҷавоби маро шунида хушҳол гашт.

-Вақте ки тамоми рӯзномаҳо туро сабабгори вайроншавии оилаи Раҷ медонистанд,  он лаҳза чӣ ҳиссиёте фарогират буд?

-Бароям ин ногувортарин хабар буд. Волидонам низ худро шармандаву гунаҳгор меҳисобиданд. Раҷ баъди ин ҳодиса занг зада мехост узр бипурсад. Аммо дар пеши ӯ шарт гузоштам, ки то расман ҷудо нашавад , наметавонад шавҳаршавандаам бошад. Баъди се моҳи ин ҳодиса ӯ расман аз завҷааш ҷудо гардид.

-Мулоқоти нахустини романтикии худро ёд доред?

-Раҷ боре маро ба хонаи дар Ҳиндустон будаи худ барои хӯроки шом даъват кард ва як зиёфати бошукӯҳе барпо намуд. Медонист, ки ман тухми моҳиро дӯст медорам, бароям махсус аз Лондон онро оварда буд. Аммо баробари ба тановули ғизо омода гаштан кондитсионер аз кор монду мо бо сару рӯи арақшор рӯ ба рӯ менишастем ва онро романтикӣ гуфтан ҳам шояд  ҷоиз набошад.

— Ба толеънома эътиқод доред?

-Модарам барои мо толеънома омода намуд, то бифаҳмад, ки ману Раҷ бо ҳам мувофиқем ё на. Аммо ман қатъиян эълон доштам, ки «Ман танҳо ба ҳарфи дилам гӯш мекунам, на ба толеънома ! »

-Харидани чунин хонаи боҳашамат пешниҳоди кадоме аз шумоён буд?

Раҷ:

-Ман ҳамеша орзу доштам, ки дар шоҳигарии Суррей соҳиби хона бошам ва ин хонаро чанд сол пештар бо нархи 7 миллион доллар харидори намудам. Ҳоло бошад нархи он 8 миллион доллар аст. Аммо дар он зиндагӣ накарда будам ва нияти фурӯхтанашро доштам. Боре Шилпаро ба ин ҷо оварда аз ниятам огоҳ намудам ва ӯ бо ҳайрат гуфт, ки: «Ту чӣ, аз ақл бегона шудӣ? Беҳтараш онро таъмир мекунем, вай мисли хонаи берунишаҳрӣ хоҳад буд »

-Соҳиби чанд фарзанд шудан мехоҳед?

Шилпа:

-Ман тифлаконро хеле зиёд дӯст медорам ва орзу дорам, ки соҳиби ду фарзанд мешавем.

Раҷ:

-Ман бошам чор фарзанд мехоҳам ва аз Шилпа инро илтимос мекунам.

Шилпа Шетти ба шавҳар баромад

Моҳи ноябри соли 2009 ӯ бо  тоҷири муваффақи ҳиндутабори маскуни Британияи Кабир  Раҷ Кундра  издивоҷ намуд. Раҷ Кундра, миллионери 34-сола, дар Британияи Кабир ба тиҷорати сангҳои қиматбаҳо машғул аст. Тӯи арӯсии онҳо дар виллаи дугонаи наздиктарини Шилпа – Бава ва бо иштироки пайвандону дӯстони наздик баргузор шуд.  Бава ба журналистон  дар мавриди тӯйи дугонааш ҳамсӯҳбат гардида, иброз дошт, ки  «Раҷ Кундра  бояд актёр мешуд, на тоҷир». Баъди анҷоми маъракаи никоҳ Шилпаву Раҷ  ба ҷазираҳои Багам барои гузаронидани «моҳи асал»  сафар намуданд. Аз рӯи маълумоти манбаъ онҳо то ба анҷом расидани сохтмони хонаи боҳашамати худ муддате дар ҳамсоягии Амитабх Баччан зиндагиро оғоз хоҳанд кард.

Шилпа Шетти ва Раҷ Кундра дар Мумбай клуби шабонаи худро бо номи   «Royalty»  бо баргузории як шабнишинии бонуфуз боз намуда, онро макони фароғати ситораҳои олами ҳунар эълон намуданд. Дар ин шабнишинӣ ситораҳои машҳури Болливуд Санҷай Датт, Фардинхон, Арман Бавеҷа, Аммиша, Кабир Беди, Шамита Шетти ва Ҷеки Шрофф ташриф оварданд .

ДИЛКУШО

Хангоми истифода аз маводхои блог истинод ба мачаллаи «Дилкушо» хатми аст.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s