• Статистика

  • Blog Stats

    • 524,359 hits
  • Flag Counter

ҲОҶИБИБИ МАЛИКАИ САИДЗОД: ЗАНОН МУШТИПАРУ ОҶИЗ НЕСТАНД

Малика Саидова- Malika Saidova

Малика Саидова- Malika Saidova

Тӯли 20 сол мешавад, ки садои форами яке аз ҳунармандони маҳбуби Тоҷикистон  Ҳоҷибибӣ Маликаи Саидзодро дар ҳар хонадон бо як самимияти хоса ва ихлоси зиёд гӯш мекунанд. ӯ ҳунармандест, ки тайи ин солҳо маҳбубияти худро байни мардум аз даст надодааст.  Садои нотакрори Малика мисли насими рӯҳнавоз рӯҳу ҷонро навозиш карда ба хотирҳои афсурда давобахш аст. Аммо ба якборагӣ дур шудани ӯ аз саҳнаву ҳунар ва ихтиёр намудани ҷодаи дигар мухлисону ҳаводорони ӯро дар шигифт андохт.


Ҳама бо дили афсурдаву маҳзун ба унвони ҳафтаномаи мо занг зада сабаби инро пурсидан мехоҳанд. Мо ҷавобан ба ин зангҳову СМС-ҳои бешумори мухлисони ин бонуи нотакрори ҳунар, ки хеле зиёд буданд, ба ҷустуҷӯи Ҳоҷибибӣ Маликаи Саидзод баромадем. Бо ӯ дар тарабҳонаи «Аниса» вохӯрда, ибрози ақида намудем. ӯ посух гардонд, ки сухани бисёри бемаъниро намеписандад ва умуман сӯҳбати бисёр намуда худро муаррифӣ карданӣ нест. Мо ба ӯ хоҳишу дархости мухлисони бешуморашро расонидем ва ниҳоят ба чанд саволамон ҷавоб гирифтем. Хонандаи азиз, инак мӯҳтавои он сӯҳбатро дар кафи нигоҳи ту мегузорем ва хеле шодем, ки лаҳзае  чанд аз розу ниёзҳои ҳунарманди писандидаат огоҳ мегардӣ.

— Ҳоҷибибии мӯҳтарам айни замон ба чӣ шуғле сарукор доранд?

-Ба тиҷорат машғулам ва асосан барои бонувон аз Туркия ва давлатҳои дигари хориҷа  либосҳои шинаму зебову замонавӣ меорам. Дар нуқтаи савдои воқеъ дар фурӯшгоҳи «Саодат»-и маҳаллаи 82-юми пойтахт барои бонувони нозанин беҳтарин пероҳану рӯсариҳоро пешкаш мекунам.

— Шумо ба тӯю маъракаҳо меравед?

— Албатта, вақте ки даъват мешавам, ба сифати як нафар меҳмон дар тӯю маъракаҳои ёру дӯстон иштирок мекунам. Ёру дӯстони бешуморе дорам ва наметавонам хотири онҳоро озурда созам.

— Мухлисони зиёди шумо аз тамоми манотиқи кишвар занг зада мепурсанд, ки чаро шумо дигар суруди наве эҷод намекунед?

— Ман ҳоло омода нестам барои он.

— Беҳтарин тӯҳфае, ки шумо ҳамеша интизораш ҳастед?

— Ба тӯҳфа ниёз надорам. Чеҳраи кушодаву  шукуфони ёру дӯстон бароям беҳтарин тӯҳфа аст.

— Кадом хислатро дар худ меписандед?

— Инсони заминӣ буданамро. Ва мехоҳам ҳамеша чунин бимонам

— Бо шумо зистан осон аст?

— (Бо табассум) Инро баъди бо ман зистан фаҳмидан мумкин. Ман ҳам мисли ҳамаи бонувон кӯшиш мекунам, ки модару ҳамсари меҳрубон бошам  ва дар оилаам як рӯҳияи солиму оромӣ ҳукмфармо бошад. Зани пурсабру тоқат ҳастам.

— Шумо модари сахтгиред?

— Не, сахтгир нестам. Ба ҳарфи дили фарзандони азизам гӯш медиҳам. Онҳо низ меҳрубонии маро дида, нисбатам эҳтироми махсусро ба ҷо меоранд. Умуман, барои ҳар кори хеш маслиҳат мепурсанд ва худсарона рафторе намекунанд.

-Барои интихоби касб ба онҳо озодӣ додаед ?

— Албатта ! Имсол шукри Худованд  писари калониам Меҳробҷон донишҷӯ гардид  ва бо амри дили худ пайи касби интихобнамудааш рафт. Ман ба ӯ танҳо дуо додам.

— Дар дил орзуе доштед, ки он амалӣ нагашта бошад?

— Орзуҳо зиёданд ва намиранда. То даме, ки ҷон дар тан аст, дил метапад ва орзуҳо тавлид мешаванд.  Аз Худоҷон садҳо бор шукрона мекунам, ки орзуҳоям амалӣ гаштанд. Боқимонда орзуҳоям танҳо барои фарзандонам аст. Онҳоро тансиҳату пирӯзу комрон дидан мехоҳам. Орзуи ҳамешагиам инчунин ободии Тоҷикистони азизу тинҷиву осудагии мардумони азизам аст.

-Аз зиндагӣ барои худ чӣ панде бардоштед?

-Зиндагӣ худ панд аст, дард аст, андӯҳ аст. Зиндагӣ худ касро месозад, месӯзад ва мегудозад.  Ҳама чиз мегузараду зиндагӣ мемонад. Дар як сурудам гуфта будам ки:

Зиндагӣ доғ асту дард аст,

Зиндагӣ макр асту фанд аст.

Ҳама медонад, ки охири зиндагӣ марг аст. Зиндагӣ мисли уқёнуси беканор аст ва гавҳари он дар куҷост номаълум. Он баҳрро мемонад ва барои гузаштан аз он чӣ тадбирҳое лозим аст. Агар беэҳтиётӣ кунӣ,  ба комаш мекашад ва агар ботамкину пурсабр бошӣ, метавонӣ он баҳрро сарбаландона убур созӣ. Яъне зиндагӣ мисли чанд лаҳзае аст ва гирдоби он гирудори зиёде дорад. Аз ин рӯ хеле нозукона ва беозор мебояд зист. Беҳуда бузургон нафармудаанд, ки:

Дил ба даст овар, ки ҳаҷҷи акбар аст,

Аз ҳазорон Каъба як дил беҳтар аст.

Яъне намеарзад, ки дар ин умри кӯтоҳ ҳамдигарро ранҷу хориву озор диҳӣ. Бояд чунон бизист, ки баъди мурдан туро мисли зинда ёд кунанд.

— Бо кадом мақсад сарф кардани маблағро меписандед?

— Ман аз кӯдакӣ сарфи зиёдатиро дӯст намедорам. Агар падарам 1 сӯму 20 тин медоданд, кӯшиш мекардам, ки 60 тини онро нигоҳ дорам. Умуман, бе мақсад сарф кардани маблағро намеписандам. Онро барои ягон китоби бебаҳо ва барои ягон ҳоҷати рӯзгор масраф мекардам. Аз як чиз хеле хушнудам, ки баъди баромадани қонуни танзими расму оин дар маъракаҳо хеле кам ба исрофкорӣ роҳ медиҳанд. Агар маблағи зиёдатӣ дошта бошӣ, ба ҷои маъракаҳои серхароҷот беҳтар мебуд онро ба ятимхонаҳо ва шахсони мӯҳтоҷу ниёзманд диҳӣ, он гоҳ савоби бештареро соҳиб хоҳӣ шуд.

— Аз чӣ парҳез мекунед?

— Аз  хиёнат парҳез дорам.

— Ба кӣ эътиқод доред?

— Аввал ба Худованди бузург, сипас ба дӯсту бародарон, ки дорам, эътиқод дорам. Умуман, ба ҳар он касе, ки нисбатам хиёнатро раво намебинад, эътиқодам комил аст. Зеро хиёнат вазнинтарин рафтори инсонӣ аст, ки дили касро аз ҳама касу ҳама чиз хунук мекунад ва инсонро навмеду рӯҳафтода месозад.

— Мегӯянд, ки издивоҷ анҷоми муҳаббат аст?

— Муҳаббати ҳақиқӣ намиранда аст. Инро барои онҳое гуфтаанд, ки ишқи рӯякӣ ва хасакӣ доштаанд. Муҳаббате, ки аз сидқи дил аст, ҳеҷ гоҳ намемирад. Вақте оила барпо кардӣ, баъди тавлиди фарзандон меҳру муҳаббат афзунтару оила қавитар мегардад. Агар ишқи сарсарӣ бошад, на фарзанд пеши роҳро мегираду на зани меҳрубон. Ва аз нофаҳмӣ мард оилаи дигар барпо мекунаду гумон мекунад, ки дар он бахти худро меёбад.

— Моро баъзе аз мардон ҳамеша муштипару оҷиз мегӯянд. Шумо ба ин ақида розӣ шуда метавонед?

— Ман сад дар сад барои худ ҷавоб дода метавонам, ки мо муштипару оҷиз нестем. Аз он рӯзе, ки ном баровардаам, мисли мард ҷон меканаму заҳмат мекашам ва худрову зиндагиро таъмин месозам.  Имрӯзҳо аксари бонувон бори гарони зиндагиро бар дӯш доранд, онҳо чӣ гуна оҷизанду муштипар?

-Як нафар мухлиси ашаддии шумо Боқиев Фахриддин бо ҳамсари худ ба редаксияи мо омад. ӯ иброз намуд, ки аз рӯи меҳру ихлоси беандозаи нисбати  шумо  доштааш ҳамсараш махсус барои Ҳоҷибибӣ нон пухта аз ноҳияи Мастчоҳ маҳз барои расидан ба дидоратон омадааст.

Албатта, узри бисёр мепурсем, аммо мо одоби журналистиро сарфи назар карда суроғаи шуморо ба он мард додем…..

— Метавонед узр напурсед. Ман  ҳамеша омодаам бо  мухлисони азизи хеш вохӯрам .  Албатта он мардро бо ҳамсараш ва фарзанди донишҷӯяш  ба назди ман бародарам Қурбонмуҳаммад, ки худ низ аз ноҳияи Мастчоҳанд, гирифта омаданд  ва аз хурсандии зиёд ҳарфе намеёфт, ки бароям бигӯяд. Чунин мухлисони ҳақиқӣ хеле зиёданд. Фахриддин як хонуми хеле нозанин доштаанд, ки ҳамзамон  кадбонуи моҳир ҳам будаанд.

Ман нонҳои мастчоҳиро , ки  бо бузургиашон дар дасти кас  намеғунҷанд ва бо лаззати хеш аз нонҳои кадбонуҳои дигар фарқ мекунанд, хеле зиёд дӯст медорам. Аз чунин лутфу меҳрубонӣ  ва ихлоси беандозаи ин нафарон  шод гаштам. Ба он бародари азиз- Боқиев Фахриддин ваъда медиҳам, ки ҳатман ба ноҳияи Мастчоҳ меравам ва меҳмони хонадонашон хоҳам шуд.

-Ташаккур барои сӯҳбати самимӣ!

— Саломат бошед!

ДИЛКУШО

Хангоми истифода аз маводхои блог истинод ба мачаллаи «Дилкушо» хатми аст.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s