• Статистика

  • Blog Stats

    • 524,359 hits
  • Flag Counter

ШАБНАМИ СУРАЙЁ АЗ ОВОНИ ХУРДИ ТО ИМРУЗ

Шабнами Сурайё- Shabnami Surayo

Шабнами Сурайё- Shabnami Surayo

— Дар 13-солагиям дар бинои Кохи фарҳанги шаҳри Кӯлоб. Ҷашни зодрӯзи модарам буд. Пинҳонӣ аз ӯ суруди «Хоб аз чашмонам рабудӣ»-и Аҳмад Зоҳирро тайёр карда хондам. Ҳеҷ гоҳ чашмони он лаҳзаҳо аз хурсандӣ нурбори модарамро фаромӯш намекунам. Он кас ҳатто ашки шодӣ рехтанд. Он рӯз ман нахустин мухлисони худро ҳам пайдо кардам.

— Шабнам, мехостем дар бораи ҳаёти шахсият бишнавем.

— Ман зодаи шаҳри Кӯлоби бостониям. Давраи таҳсили мактабӣ ва донишҷӯиям ҳамонҷо паси сар шудааст. Аз доштани модари санъаткор, ки тамоми мардуми ҷумҳурӣ мешиносанд ва аз ҷиҳати хислат меҳрубону ҳалим ифтихор дорам. Мо дар оила се духтар ва як писарем. Бибирӯзигул духтари калонии хонавода аст, оиладор, соҳиби як кӯдак аст.

Ман фарзанди дуввумам, ки духтарчаи нӯҳсолае бо номи Шарифамоҳ дорам. Фарзона духтари кенҷагӣ аст ва баъди ӯ писари яккаи мо Эмомалӣ меояд. Дар байни инқадар аҳли оилаи мо танҳо ҷойи Фарзонаҷон холист.

— Бори аввал кай ба саҳна баромадӣ?

— Дар 13-солагиям дар бинои Кохи фарҳанги шаҳри Кӯлоб. Ҷашни зодрӯзи модарам буд. Пинҳонӣ аз ӯ суруди «Хоб аз чашмонам рабудӣ»-и Аҳмад Зоҳирро тайёр карда хондам. Ҳеҷ гоҳ чашмони он лаҳзаҳо аз хурсандӣ нурбори модарамро фаромӯш намекунам. Он кас ҳатто ашки шодӣ рехтанд. Он рӯз ман нахустин мухлисони худро ҳам пайдо кардам.

Аммо бо амри тақдир дар давраи ҳанӯз ноороми баъдиҷангӣ маро ба шавҳар доданд ва таронасароӣ бароям манъ гардид. Маҷбур шудам орзуямро фаромӯш кунам, аммо танҳо муваққатан. Бо шавҳарам ба ҳам мувофиқ наомадему ҷудо шудем. Ва баъди ин соли 2005 бори аввал ба саҳнаи калон баромадам. Таронаи нахустинам «Афсӯс»-ро ба шеъри Бадриддини Ҳилолӣ оҳангсоз Зафар Фурайдонӣ навишта буд.

-Дар охири соли 2006 таронаи дигар дар иҷрои ту – «Аз қудуми сафар» ниҳоят маъруф шуду туро ҳам ба қуллаҳои нави маҳбубият миёни мухлисон бардошт…

-Таронаи «Аз қудуми сафар»-ро аз сароянда Баҳром Мирзошоев гирифта будам. Суръати оҳанги он оҳиста буд, мо онро шӯхтар кардем. Танҳо шоми Соли Нави 2007 тасодуфан фаҳмидам, ки ин  суруд моли санъаткорони афғон будааст. Аз онҳо узр мехоҳам, агар онҳо инро дуздӣ шуморанд.

— Баъзеҳо мегӯянд, ки ин суруд ба туфайли рафтору либоспӯшии аз ҳадди одоб берунат дар саҳна маъруф шуд.

— Воситаҳои ахбори омма зидди намуди зоҳирии сарояндагони эстрадӣ – юбкаҳои аз зону баланд, куртаҳои гиребонвасеъ, пайравӣ ба аврупоиён як маъракаи калони ҳангомаангез ташкил кардаанд. Шахсан ман мехоҳам, ки мо замонавитар бошем.

Чаро вақте Севинч дар Душанбе консерт медиҳад, бинандаи мо либоспӯшию рафтори ӯро ҳамон тавре ҳаст, хуш қабул мекунад? Чаро ба онҳо мумкину ба мо не? Чаро мо ҳам замонавӣ набошем? Фикр намекунам, рафторамон дар саҳна аз одоб берун буд – мо танҳо мерақсидему халос.

Бо онҳое, ки мегӯянд, Шабнам дар саҳна аз ҳад зиёд озодона пӯшида буд, қисман розӣ шудан мумкин. Вале агар ин таронаю рақсро дар шаби солинавӣ бо либоси миллӣ иҷро мекардам, магар ғалатӣ наменамуд?

— Ба эҷодиёти ту имрӯзҳо дар ӯзбекистони ҳамсоя ҳам мароқи зиёд зоҳир мешавад.

— Мо дар ӯзбекистон чанд сол пеш як қатор консертҳо барпо кардаем ва ҳатто фикр ҳам надоштем, ки ин қадар муваффақият меёбем. Аз он шод мешудам, ки дар бисёр ҷойҳое, ки мо будем, таронаи ман «Аз қудуми сафар» садо медод. Дар омади гап, ин суруд дар бисёр хит-парадҳои ӯзбекистон якчанд ҳафта дар ҷойи аввал буд. Дарҳол якчанд нафар аз сарояндагони ӯзбек ба ман дуэт сароиданро пешниҳод карданд, ки ин ҳам нишонаи комёбӣ аст.

— Боварам намеояд, аммо дар ҷое хонда будам, ки дар кӯдакият  бокс машқ кардаӣ.

Ин рост аст?

— Дар оилаи мо бача набуд, бинобар ин ман кӯшиш мекардам ба писарон монанд бошам. Дар хурдиям шӯх будам, дар кӯча бо бачаҳо занозанӣ мекардам. Ҳатто дар мактаб ҳам. Аз синфи 3 то 10 дар ҳақиқат дар сексияи бокс машқ кардаам. Аз духтарҳо онҷо танҳо ман будам, аз ин рӯ рақибонам бачаҳо буданд. Гумон накунед, ки онҳо «духтар» гуфта, ба ман гузашт мекарданд. Мо аз ростӣ занозанӣ менамудем. Таги чашмонам баъзан кабуд мешуду рӯям варам мекард. Баъзе аз пайҳои захмҳо то имрӯз боқӣ мондаанд. Дида истодаед? Боз ман футболро дӯст медоштам. Як вақт мухлиси «Равшан»-и Кӯлоб будам. Дар чемпионатҳо ба Олмон мухлисӣ мекардам.

— Он чӣ дар кӯдакӣ орзуяш мекардӣ, амалӣ намудӣ?

— Аз хурдсолӣ орзу доштам соҳибкор шавам ва пули зиёд ҷамъ карда, сағерахона ё интернате созам. Ман кӯшиш мекунам, ин орзуямро амалӣ созам. Хатман. Бисёр вақт бо модарам ва Фарзона ба сағерахонаҳо ёрии моддӣ мерасонем. Кӯдакон чунон хурсанд мешаванд, ки!

— Шабнам, як саволи андак нозук дорам. Дар бораи муносибатҳои начандон хуби тую Манижа Давлатова овозаҳо бисёранд. Онҳо асос доранд?

-Бо Манижа аз синфи якум якҷоя хондаем. Боре ҳангоми таҳсил дар мактаб як таронаи Лайло Фуруҳарро дар театри ба номи С. Вализодаи ш. Кӯлоб дуэт ҳам сароидаем. Дар тӯям Манижа шоҳиди ман буд. Мо ҳама вақт якҷо будем. Дертар ман шавҳар кардаму вай ба Душанбе рафт, то ки ба саҳнаи калон роҳ ҷӯяд. Баъд ман ҳам бо амри тақдир ҳунарпешаи эстрадӣ шудам.

Миёни мо душманӣ нест. Мехоҳам гӯям, ки дар саҳна ба ҳама ҷо мерасад. Лекин дар шоу-бизнес бояд рақобат бошад, чунки ин сарояндаро пеш мебарад, маҷбур месозад бештару бештар меҳнат кунад.

— Идеали ту кӣ аст?

— Идеалам модарам аст. Маҳз ӯ буд, ки ман Шабнами Сурайё шудам. Фамилияи аслии ман Ёраҳмадова аст. Вақте қарор додам, ба саҳна бо номи ӯ бароям, рафта аз падарам барои ин иҷозат хостам. Вай гуфт: «Модарат марди ҳақиқӣ аст. Ман зид нестам, ки номи ӯро гирӣ».

— Дар мо, агар ситораҳо дуэт ташкил кунанд, дарҳол дар бораи дилбастагии онҳо овозаҳо паҳн мешаванд.

— Ман ҳам зиёд шунидаам, ки гӯё миёни мову Ҷонибек муносибати ошиқона ҷой дошт. Вале не, мо танҳо дӯстони хубем, аз ин беш не. Дили ман банд аст, аммо дар он меҳри каси дигар аст — духтарчае дорам, ки дар синфи сеюм таҳсил мекунад. Ман модари хеле хушбахтам.

— Ба сарояндагоне, ки дар аввали роҳ истодаанд, чӣ гуфтание дорӣ?

— Шоу-бизнес кори ҷиддӣ аст. Барои муваффақ шудан дар он бисёр заҳмат кашидан лозим меояд. Лекин агар аз роҳат нагардию ба дили бинанда пайраҳаҳои худро пайдо намоӣ, маъруф мешавӣ. Ин подоши меҳнатат хоҳад буд.

— Алҳол чӣ нақшаҳои эҷодӣ дорӣ?

— Албоми навам таҳти унвони «Бобуна» ба фурӯш баромад. Он ба ҷашни Наврӯз бахшида шудааст. Инчунин барои Фарзона оҳанге бахшидаам. Мехоҳам, ки ӯ зудтар озод шаваду ӯро дар назди падару модарам бинам… Ман хушбахтии ҳамаи одамонро орзу дорам. Чун суруду оҳанг ҳаёти ман аст, минбаъд таронаҳоям боз ҳам пурдардтар садо медиҳанд, чунки хеле дарду андӯҳ дидам. Бигзор Худованд касеро бо ин рӯбарӯ накунад.

ДИЛКУШО

Хангоми истифода аз маводхои блог истинод ба мачаллаи «Дилкушо» хатми аст.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s