• Статистика

  • Blog Stats

    • 524,359 hits
  • Flag Counter

ШАҲРОМИ АБУБАКР: ХИЁНАТИ ДУСТРО БАХШИДАН НОМУМКИН АСТ

Шахроми Абубакр- Shahromi Abubakr

Шахроми Абубакр- Shahromi Abubakr

Шаҳроми Абӯбакр. Номи ин сарояндаи ҷавону умедбахш имрӯзҳо вирди забони хурду калон аст  ва ба  дилҳо  наздику ошност. ӯ пайгиру давомдиҳандаи ҳунари падари ҳунарманди худ Абӯбакри Азиз ва амакҳояш, ки замоне бо санъати нотакрори  худ дар насли аввали гурӯҳи овозадори «Анис» садҳо бинандагонро мафтун гардонида буданд, мебошад.  Ба бахти мухлисон имрӯзҳо боз наслҳои дуюму сеюми ин гурӯҳи ошно қадамҳои устуворонаи худро дар рӯи саҳна мегузоранд ва идомабахши  ҳунари волои падарони худ ҳастанд.


У дар ҷодаи санъат гарчи хеле ҷавон аст, аммо гомҳои устуворона мениҳад.  Аллакай дар байни мухлисони хеш маҳбубияти хоса дорад. Бо таронаҳои рангину ошиқонаи худ дили мухлисонро мерабояд.  Зеро садои дилнишинаш рӯҳнавозу таскинбахшандаи қалб аст. ӯ бо вуҷуди хеле ҷавон будан ҳаводорони зиёде дорад. Сабку услуби сарояндагии ба худ хос дошта бо суруди форамаш шунавандаро мафтуни худ месозад. Садояш гӯё ҷозиба дорад . Бо ҷаззобиаш касро ба сӯи худ мекашад.

Вақте ки суруди ӯро мешунавем, ҳузн аз дилҳо берун мешавад. Зеро ӯ дарди дили ошиқонро хубтар аз онҳо дарк менамояд ва дар таронаҳои худ тараннум месозад. Дунёи ҷавонӣ олами рангини зебост ва дар он танҳо ишқ мавқеи устувор дорад. Ҷавонон асосан байни худ ҳарфи муҳаббат мегӯянд ва бехабар аз  ғаму шодиҳои олам  беғамона орзуҳои зиёде мепарваранд. Зеро фасли ҷавонӣ фасли ишқу ошиқӣ аст ва дар дил садҳо орзуву ҳавас ҷавонон таронаҳои ба дили хеш наздикро меҷӯянду гӯш мекунанд.

Оҳангҳои  мақбули дили хешро дар таронаҳои Шаҳроми Абӯбакр, ки сурудаҳояш сартопо ишқу зебоӣ аст, меёбанд. Дар садои форамаш, дар сурудаҳояш, ки баъзан ниҳоят ҳазинанд, шиква аз дарду ҷудоиҳо дорад, касро ба андеша кардан водор мекунад, оҳанги ба дил наздику ошноро меёбем.  Баъзан кас гумон мекунад, ки ӯ дар дилаш дарди ниҳоне дорад. Сурудаш ифодагари дарди дили садҳо нафар ошиқони чашминтизор, маҳбубаҳои заҳри бевафоиро чашида ва ҷавонҳои ишқашон беҷавобмонда аст.

Аммо худи ӯ магар ошиқ аст?  Ин ва чандин саволҳое, ки мухлисони беқарор ба мо занг зада мехоҳанд ҷавобашонро пайдо намоянд, маҷбурамон сохт, ки мо бо Шаҳром ҳамсӯҳбат гардем.

— Дар ҷодаи санъат бори нахуст кӣ шуморо раҳнамоӣ кардааст?

— Устоди нахустини ман дар ҷодаи ҳунар амакам Вайсиддин ва падарам мебошанд. Суруди аввалини хешро низ дар пайравии амакам сароида будам, ки «Модар» ном дошт.

— Маълум, ки модари хешро хеле зиёд эҳтиром менамоед.

— Албатта, модарон бузурганд ва арзандаи ҳама гуна ситоишу меҳрубонианд. Зеро худ мӯнисанду дилсӯзи фарзанд. Ман ҳам мисли ҳамаи фарзандон он касро беҳтар аз ҷонам медонам.

Ҷашн гирифтани зодрӯзро меписандед?

— Бале, аммо дар ҳалқаи аҳли оила ва пайвандон.

— Дар ин рӯз чӣ гуна тӯҳфаро интизор мешавед?

— Бовар кунед, бароям тӯҳфаи беҳтарин худи ташрифи дӯстону пайвандонам аст, на дастовези онҳо.

— Боре аз ягон рафтори худ пушаймон гаштаед?

— Ягон бандаи Худованд, албатта, бе хатогӣ намешавад. Чунин ҳолат шояд шудааст ва ҳарфи ноҷое мумкин гуфта бошам, ки аз он изҳори пушаймонӣ кардаам. Аммо ягон хатогии ҷиддие накардаам, ки боиси афсӯсу пушаймонӣ бошад.

— Байни падару модаратон ҳамдигарфаҳмӣ вуҷуд дорад?

— Албатта!

— Мулоқоти нахустини худро дар ёд доред?

— Не надорам.

— Шояд ба ӯ гул тақдим карда будед?

— Ба Худо, гул набурда будам…

— Ба андешаи Шумо ишқи ҳақиқӣ метавонад зиндагии касро дигаргун созад?

— Албатта, ишқи ҳақиқӣ зиндагиро таровату зебоӣ мебахшад. Шахси ошиқ худро хушбахттарин инсони рӯи олам ҳис карда,  дилпур аз он аст, ки нафаре меҳри  ӯро дар гӯшаи қалбаш ҷой додааст ва барояш азиз асту шабу рӯз дар бораи он азизтарин инсон фикр мекунад. Дилаш ба ёди рӯи маҳбубаш сабук гум мезанад ва ҳама одаму олам дар назараш зебо менамояд.

— Маълум, ки оташи ишқи нозанине  дар қалби шумо низ фурӯзон аст?

— Айни замон нест он ишқ.

— Асоси таронаҳои Шуморо шиква аз ишқ ва ранҷу дарди дили ошиқи ноком фаро гирифтааст. Он тири ишқе, ки қалби Шуморо ба дард овард, маълум, ки  хеле ишқи зебост ва  барои сӯхтану сохтан меарзад?

-Бале, он ишқи ҳақиқиву арзандаи ҳама гуна ситоиш буд. Асосан ишқи ҳақиқӣ дари қалби касро як бор мекӯбад. Ман ҳам дарди ишқро аз ҷавшани ҷонам гузаронидаам. Ишқи бачагиро шояд дигарон гузарандаву ноустувор гӯянд. Аммо он сӯзандаву абадист. Дар як гӯшаи қалб якумр меистад.

— Чашми духтарони мухлисатон  аз интизорӣ канда шуд, ки кай шумо рӯзе нафаре аз онҳоро бонуи хонадони хеш месозед.

— Оне, ки самимона мунтазир аст, ба муроди хеш хоҳад расид.

— Дили Шумо аз кадом рӯйдоди нохуш ба фиғон меояд?

-Агар дӯсти наздике хиёнат кунад, нафаре  бо дурӯғгӯии худ дар ҳаққи касе тӯҳмат занад, ҳунарманди асиле дар ҳолати хориви залилӣ қарор дошта бошад ва аз ҳама охир, ёре беаҳдӣ кунад, дилам ба фарёд меояд. Худо накунад, ки ҷавонмарде дучори тӯҳмати ноҳақе шавад.

-Ва шумо метавонед хиёнати дӯстро бубахшед?

— Ҳаргиз !

-Ба андешаи Шумо бештар духтарон бевафоянд ё писарон?

-Албатта, духтарон!

— Таманниёти Шумо ба  мухлисони хеш?

-Барои ҳамаи мухлисони азизам ва кулли мардуми Тоҷикистон рӯзгори обод, тани сиҳат ва тинҷию осудагиро таманно дорам. Ба ҳама пӯшида нест, ки вақте ки мардум рӯзгори тинҷу осуда ва саломатии хуб дошта бошанд, дар дилашон шавқи шеъру тарона бештар хоҳад шуд ва рӯй ба  аҳли ҳунар меоранд. Худо кунад, ки дили мардум ҳамеша шоду лабрези шодию фараҳ бошаду мо санъаткорон шарики рӯзҳои нишоташон гардем. Чӣ қадаре, ки мухлисонам маро дӯст медоранд, ман даҳ маротиба зиёдтар аз онҳо дӯсташон медорам.

— Тозатарин таронае, ки дар ин шабу рӯз таҳия кардаед?

— Барои мухлисони азизам  ҳамеша дар ҷустуҷӯяму оҳангу таронаи наверо меҷӯям. Ба наздикӣ, яъне дар  наздиктарин фурсат тарона неву  албоми нави сурудҳои беҳтарини худро  баҳри болидагии хотири онҳо барояшон  пешкаш хоҳам кард. Ва он иборат аз ёздаҳ суруди нав аст.

— Саломат бошеду сарбаланд, ҳаргиз овозатон хаста набошад!

— Шумо рӯзноманигорон низ обод бошед!

ДИЛКУШО

Хангоми истифода аз маводхои блог истинод ба мачаллаи «Дилкушо» хатми аст.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s