• Статистика

  • Blog Stats

    • 524,359 hits
  • Flag Counter

РАВИНА ТАНДОН: ДУ СОЛИ УМРАМ БЕҲУДА БО АКШАЙ КУМАР ГУЗАШТ

Равина Тандон-Ravina Tandon

Равина Тандон-Ravina Tandon

Номи ин ҳунарманди писандида, ки маънояш офтоб аст, имрӯзҳо ба ҳаводоронаш наздику ошност. Равинаро «шоҳдухтари мелодрамма» низ меноманд. Зеро ҳунараш касбиву ғайриоддӣ аст. ӯ 26 октябри соли 1970 дар оилаи коргардон Рави Тандон дар шаҳри Мумбай чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Дар зиёда аз 76 филм нақш офаридааст (бори нахуст соли 1991). Қадаш 1,66 м. Атри писандидааш «Angel». Соҳиби як духтар ва писар аст.

 

Мусоҳибаи ошкоро бо Равина

— Ишқи нахустинатонро дар хотир доред?

— Магар онро метавон фаромӯш кард? Дар сездаҳсолагӣ ба як рафиқи бародарам ошиқи шайдо гаштам, аммо муҳаббатам беҷавоб монд. Зеро қади ман аз ӯ баланд буд.

— Аз чӣ ҳарос доред?

— Аз гум кардани инсонҳои наздиктаринам сахт метарсам.

— Кадом чизро дар худ бештар меписандед?

— Ҳарчи бештар омӯхтан мехоҳам.

— Чизи нописанд ҳам доред?

— Бале, хеле зудбовару ҳассос ҳастам.

— Шиори зиндагиатон?

— Худ бизӣ ва ба дигарон низ зистан биомӯз.

— Нақше, ки орзуи ҳамешагиатон аст?

— Иҷрои нақши террористзан.

— Бо кадом коргардон ҳамкорӣ бароятон гуворост?

— Бо Субхаш Тхан, Санджай Лила Бхансли.

— Кадом қисмати бадани шумо дилкаш аст?

— Инро аз ман мепурсед? Бигзор инро мардҳо гӯянд.

— Беҳтарин комплименте, ки ба шумо гуфтаанд?

-«Ман табассуми шуморо дӯст медорам, он ба шумо зебанда аст».

— Кадом чизро дар мардҳо намеписандед?

— Нописандиву беэҳтиромиашонро нисбати бонувон?

— Чӣ гуна рафтори онҳо мақбули шумост?

— Хоксориву поктинатии онҳо.

— Кадом рафтори манфии худро мехостед тағйир диҳед?

— Эҳсосотӣ буданамро.

Бачагӣ – айёми беҳтарини зиндагӣ

Равина мегӯяд: «Падару модари ман волидони беҳтарини оламанд. Аз ин рӯ ман кӯдакии хушбахтона доштам. Онҳо ҳеҷ гоҳ байни ману бародарам Раҷив фарқ намегузоштанд ва ба ҳардуямон муносибати муносибати якхела дошта, меҳрашонро байни мо баробар тақсим намуда буданд. Он чӣ, ки ҳамаи дӯстони мо орзу доштанд, яъне бо ситораҳои олами ҳунар аз наздик вохӯрдан, барои мо як чизи муқаррарӣ буд. Зеро онҳо зуд-зуд меҳмони хонадони мо мешуданд.

Падарам Рави Тандон бо вуҷуди хеле серкор буданаш рӯзҳои истироҳатро ба мо — аҳли оилааш мебахшид. Якҷоя ба истироҳат мерафтем ва соатҳои фароғати мо хеле хуб мегузашт. Аммо зиндагии шоҳона надоштем, яъне дар қасри мӯҳташам намезистем».

Равина дар кӯдакӣ ҳамеша бо писарбачагон бозӣ карданро дӯст медошт, лӯхтакбозиро намеписандид. Мисли писарбачагон ҳуштак мекашид ва чолокона ба дарахтҳо мебаромад. Барои ин кораш ҳамеша танбеҳ мешунид.

Аммо ӯро парвое набуд. ӯ ниҳоят духтари фарбеҳ буд ва аз ин нороҳат мешуд. Аммо як чиз боиси аз ин камбудӣ раҳо гаштанаш шуд. Ин ишқ буд, ки дар наврасӣ ба қалбаш роҳ ёфт. ӯ ба рафиқи ҷӯрааш ошиқи шайдо мешавад. Аммо ҷавон бинобар фарбеҳ буданаш на танҳо ишқи Равинаро рад мекунад, балки ӯро масхара низ менамояд. Ин ба духтар сахт алам мекунад ва ба дугонаи мактабиаш Сонал қавл медиҳад, ки ҳатман худро лоғар хоҳад кард.

«Он ҷавон рӯзе мерасад, ки маро бо зорӣ ба вохӯрӣ даъват мекунад!» Чунин рӯз фаро ҳам расид. Он ҷавон ба шаҳри дигар барои таҳсил меравад ва аз он ҷо баргашта Равинаро тамоман дигар, яъне нозукандому маҳинпайкар ёфта, ошиқи зори ӯ мегардад. Ин нахустин ғалабаи духтар буд.

Равина ҳамсари Акшай Кумар нест

Равина баъди хатми мактаби миёна ба колеҷи «Mithibai» дохил шуд. ӯ ягона духтаре буд, ки ба колеҷ савори «ҷип» меомад. Нахустин шӯҳратро дар ин айём барои ӯ суратгир Шонтан Шорей овард. Баъди он Равина дар чандин филмҳо барои нақшофарӣ даъват гардид. Боре коргардон Синти ӯро барои нақш офаридан дар филми ҳунарии «Maine Pyar Kiya», ки мебоист бо ширкати актёри машҳур Салманхон рӯи навор меомад, даъват намуд.

Равина:

— Аз ҳама бештар дӯстони ҳамдарсам хоҳиш доштанд, ки ман барои иҷрои ин нақш бо Салманхон розигии худро бидиҳам ва онҳо тавонанд ба серӣ ин ҳунарманди писандидаи худро аз наздик бубинанд. Ба онҳо чунин имкон даст ҳам дод, ки ба майдончаи наворгирӣ омада, бо Салманхон вохӯранд. Аммо ман он замонҳо бо ин ҳунарманд забон намеёфтам, мо нисбати ҳам ҳисси бадбинӣ доштанамонро пинҳон намекардем.

Имрӯзҳо бошад, мо бо ӯ дӯсти беҳтаринем ва аз ғурури ҷавонӣ то ҳол шармам меояд. Он филм байни тамошобинон хеле зиёд машҳур гардид. Ҳатто сару либос ва гӯшвору ангуштарине, ки ман зимни филм дар бар доштам, байни ҷавонон мӯд гардид ва баъди он пешниҳодҳои ширкат дар сабтҳо низ бештар гаштанд.

То имрӯз бисёриҳо гумон мекунанд, ки Равина ҳамсари Акшай Кумар аст. Аммо дар асл ин тавр нест. Дар ҳақиқат байни онҳо муддате муҳаббати сӯзон вуҷуд дошт, аммо он дер давом накард. Рафторҳои нописандонаи Акшай нисбати Равина ғаши актрисаро меоварданд ва боиси ҷудо гаштани онҳо шуданд.

Равина дар ҳар ҷо ба посухи рӯзноманигорон ҷавоб дода, ҳамеша дар ҳаққи Акшай иброз медорад, ки: «Ду соли бебаҳои ҳаёти хешро дар якҷоягӣ бо Акшай Кумар ройгон ва беҳосилу беҳуда аз даст додам».

Равина Тандон дар синни 34-солагӣ, яъне 22 феврали соли 2004 бо агенти тарғибгар (дистрибютор) ва ташкилкунандаи намоишгоҳҳо, шахси намоёни доираи синамогарони Мумбай Анил Тхадани хонадор гашта, соли 2005 соҳиби духтарча ва соли 2007 писардор шудааст.

Дилкушо

Хангоми истифода аз маводхои блог истинод ба мачаллаи «Дилкушо» хатми аст.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s