• Статистика

  • Blog Stats

    • 523,781 hits
  • Flag Counter

САМАД ҒАНИ БА «РАҚАМИ ТИЛЛОИ» МУҲТОҶ НЕСТ

Самад Гани-Samad Ghani

Самад Гани-Samad Ghani

Дар симои Самад Ғанӣ ҳамаи он хислатҳое, ки барои ситораи эстрада шудан лозиманд, ҷамъ омадаанд. Вай дар ҳама чиз завқи хоса дорад: чӣ дар иҷрои таронаҳо, чӣ дар интихоби либосу ороиши консертҳояш, чӣ дар равобит ба мухлисонаш ва рафтор дар саҳна… Ба вижа, бо ҳаводорони сершумораш аз ҷумлаи ҷинси латиф Самад бо як меҳрубонии махсус муносибат мекунад. Одоби рафтори Самад нишонаи он аст, ки ҷаҳони ботинии ӯ на кам аз симою табассумаш зебост. Дар баробари ин, ӯ ба масоили иҷтимоӣ ва паҳлӯҳои гуногуни ҳаёт назари санҷидаи худро дорад, ки ҷавони озодфикр ва зиёӣ будани ӯро ошкор месозад. Як қатор суолу ҷавобе, ки мо ин ҷо ҷамъ овардаем то андозае ифшогари ин ҷанбаҳои шахсияти ӯ мебошанд.

 

Дар бораи ишқ ва ҷавонӣ

-Ба ҷавониятон нигоҳ накарда, пайваста эҷод мекунед. Манбаи илҳоматон чист?

-Манбаи илҳомам ҷавонист.

-Шояд манбаи асосӣ ишқ бошад?

-Шояд. Сарчашмаи илҳому эҷоду суруду зиндагиям ишқ аст. Чӣ хеле мегӯянд: «Дар ҷавонӣ ишқ мезебад фақат…» Аз ин рӯ бештари сурудҳоям дар ин мавзӯъ мебошанд.

-Шумо ҷавони зебоед, таваҷҷӯҳи хонумҳои зебо низ ба Шумо зиёд аст, боре аз ин фурсат истифода бурдаед?

-Зебосанамҳои тоҷик бо як нигоҳ дилро тасхир мекунад, пас чӣ гуна метавон аз ин лоларухон рӯ тофт? (механдад).

Андешаҳои Самад

-Имрӯзҳо сурудҳои эстрадие, ки аз ҷониби сарояндаҳои ҷавон сароида мешаванд, бештар ҳадафи танқиди мунаққидону ҳунармандон ва баъзан шунавандагон мегарданд. Андешаи Шумо дар ин бора?

-Аксари ҳамин мунаққидон сарояндаҳои эстрадиро бо он гунаҳкор мекунанд, ки эшон сурудҳои мазмунан ва аз ҷиҳати оҳанг суст месароянд. Вале онҳо фаромӯш кардаанд, ки замони сароидани «шеъри худам, оҳанги худам, худам месароям» гузашт. Ҳоло ҳар як суруде, ки ба шунаванда пешкаш мешавад, сараввал аз Шӯрои бадеӣ мегузараду баъд сабт мешавад. Он, ки ҳанӯз ҳам сурудҳои сустмазмун гоҳ-гоҳ аз тариқи радиою телевизион пахш мешаванд, масъулияташ ба дӯши дастандаркорони ин идораҳост.

-Сабаби дар озмуни «Суруди сол» иштирок надоштанатон ҳам ҳамин сафар буд?

-Не, замони баргузории ман ҳамин ҷо будам. Ростӣ, солҳои аввале, ки озмуни «Суруди Сол» ташкил шуда буд, дар як сатҳи баланд гузаронида мешуд. Ҳарчанд имсол он бо як навгонӣ доир гардид, аммо беҳтар мешуд, ки он чун пештара, яъне танҳо дар доираи сурудҳои эстрадӣ мегузашт. Ман жанрҳои фалаку шашмақомро хеле эҳтиром мекунам, вале чунин ақида дорам, ки эстрадаро бо жанрҳои дигар омехта кардан на он қадар ҷолиби диққат аст.

Сабаби иштироки дигаронро намедонам, худи маро барои иштирок дар рӯзи дуюми озмун даъват карда буданд. Аммо чун огаҳ шудам, ки ба иштирокчиёни рӯзи дуюм ҷоиза супорида намешавад аз иштирок худдорӣ намудам.

— Пеш Шумо дар ҷашнҳои мардумӣ иштирок намеварзидед, имрӯзҳо бошад мо шуморо дар тӯйҳо мебинем. Сабабаш таъсири кризиси иқтисодист?

-Ростӣ, маро хеле зиёд ба тӯю маъракаҳо даъват мекунанд. Аммо дар ҳақиқат ман аз ин канора меҷустаму танҳо ба табрики ёру рафиқони наздики худ мерафтам. Табиист, ки ман ба чунин маъракаҳо бе навозандаҳои гурӯҳам мерафтам ва барои табрики соҳибҷашн як ё ду суруд месароидам. Вақтҳои охир андешае ба сарам омад, ки хуб мешавад як репертуари сурудҳои тӯёнаро бо ансамбли худ омода кунам. Зеро ҳар як соҳибҷашн мехоҳад, ки ин рӯзи барояш хотирмонро рангину зебо таҷлил намояд.

-Самад шояд мӯд шуда бошад, бархе аз сарояндаҳо пас аз баровардани як албом нопадид мешаванд. Сабаб маблағ аст, танбалӣ, ё ин ки ба қавле худро ситора мешуморанду зуд тағийр меёбанд?

-Сабабҳо бисёранд. Мутаасифона маблағ дар санъати имрӯза нақши асосиро мебозад, лекин бархе ба мушкилиҳову бедорхобиҳо тоб наоварда, санъатро тарк мекунанд.

Меҳрубон ва хоксор

-Рост аст, ки модари Шумо дар тарбияи фарзанд сахтгир мебошанд ва Шуморо дар тарабхонаҳо хӯрок хӯрданро иҷозат намедиҳанд?

-Модари азизу меҳрубони ман дар дунё аз ҳама ҳалим, оромтабиат, ниҳоят хоксору заминӣ мебошад. Он кас дар тарбияи ман низ ҳеҷ сахтгир нестанд. Зеро барои тарбияи фарзанд меҳрубонӣ ва тарбияи дуруст кифоя аст. Фикр мекунам дар муносибати модар ба фарзанд ҳамин омилҳо ҷой дошта бошанд, ҳоҷат ба сахтгирӣ намемонад.

То кунун ҳеҷ кас сади роҳи дар тарабхонаҳо тановул кардани ман нашудааст, аз ҷумла модарам низ. (…)

-Чаро ҳамеша аз хизматрасонии ширкати «ТК-Мобайл» истифода мебаред ва ба мисли дигар овозхонон рақами «тиллоӣ» надоред?

-Ман аз чанд ширкатҳо рақами мобилӣ дорам. Аммо ягонтои онҳо ба таъбири баъзеҳо «тиллоӣ» нестанд ва бароям ин муҳим нест.

-Самад, аз зиндагии худ чиро интизоред?

-Мард бояд дар ҳама ҳолатҳои пастиву баландии зиндагӣ мард бошад. Албатта аз зиндагӣ хушҳоливу осудагиро интизорам ва гуфтаниям:

… Зиндагиро дӯст дорам бо ҳама неку бадаш…

П.С. Вақте ин мавод омодаи чоп мешуд, як корманди идораи мо рақами тиллоӣ надоштани ӯро шуниду гуфт: «Ба вай «рақами тиллоӣ» чӣ даркор? Вай худаш тилло аст!»

Дилкушо

Хангоми истифода аз маводхои блог истинод ба мачаллаи «Дилкушо» хатми аст.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s