• Статистика

  • Blog Stats

    • 523,781 hits
  • Flag Counter

МО МУНТАЗИРАТ ҲАСТЕМ, МАНИЖА!

 

Манижа Давлатова-Manija Davlatova 1

Манижа Давлатова-Manija Davlatova 1

Қариб ҳар рӯз ба унвони ҳафтаномаи мо мухлисони бешумори Манижаи Давлат нома ирсол намуда хоҳиш менамоянд, ки матни номаҳояшонро дар саҳифаи рӯзномаамон дарҷ намоем, то ки ба гӯши ин ҳунарманди нотакрори давр расад ва ҳисси меҳрашро нисбати саҳна бедор намояд. Баъди муддати тӯлонии хомӯш будан боз як таронаи зебоеро бо номи «Ватан» дар иҷрои ӯ тариқи радио шунида, ҳама рӯҳбаланд гардидаанд ва мо итминон дорем, ки ин суруди нави ӯ ягона набуда, барои ҳаводорони асили хеш.

 

Манижа боз ҳам дар фикри таҳия намудани таронаҳои тозатарине мебошад. Инак чанде аз он номаҳои пурмуҳаббати мухлисони Манижаро, ки асосан гуфтугӯи ғоибона бо сароянда аст, пешкаши хонандагони ҳафтаномаи «Дилкушо» менамоем ва умед дорем, ки Манижабону ин сатрҳои самимии мухлисонашро мутолиа намуда, аз худ дараке медиҳад.

Мо мунтазират ҳастем, Манижа!

Замоне дар барномаи телевизионии «Гули маҳтоб», ки хеле як барномаи ҷолибу диданӣ буд, ҳофизаи хушовозу ширинадо Манижа Давлатоваро дида, ба сухангӯиву ҷавобҳои пухтаи ба мухлисон гардонидааш қоил гашта будам. Он замон дар дил хурсандӣ доштам, ки дар Тоҷикистон боз як ҳофизаи ҷавони бомаърифат арзи ҳастӣ кард, ки бо ҳунари нотакрораш метавонад муаррифгари маданияту фарҳанги мо дар назди ҷаҳониён шавад. Манижаи Давлат ҳанӯз аз рӯзи аввалини ба саҳнаи ҳунар пой ниҳоданаш аз ҳар ҷиҳат ба куллӣ аз дигарон фарқ мекард. ӯ бо ҳусни табиии худододаву ҳунари ғайриоддиаш дилҳои мардумро тасхир сохта, меҳри худро дар қалбҳои мухлисони бешумори худ ҷой карда буд. Аммо ба ӯ чашми бад расид ё ҷои касеро ишғол намуд магар, ки нотавонбинону беҳунарон ӯро азоби рӯҳӣ доданд. Ва чанд муддатест, ки писандидаамон Манижа кампайдо гашта, хомӯширо ихтиёр намудааст. Мо мухлисони ҳақиқиву ашаддии ӯ беқарорему дардамон бедавост. Зеро меҳри ӯро барои ҳамешагӣ дар дил ҷой додаву ташнаи ҳунари волою овози хушаш гаштаем. Аз набудани ӯ дар рӯйи саҳна ғамгинем ва мунтазири он рӯз ҳастем, ки Манижа боз ба саҳна бароварда ташнагони садои форамашро бо таронаи тозатарине шодоб хоҳад кард.

Хуршеда Умриева, корманди бемористони бачагонаи шаҳри Панҷакент

Ба Манижа касе баробар намешавад!

Мо, мухлисони Манижаи Давлат, чандин вақт боз рӯҳафтодаву ғамгинем, ки ин нозанини саҳнаи ҳунар кампайдост. Ҳамеша дасти дуо дорем барои ин ҳунарманди беҳамтову ягонаи давр, ки ба ҳоламон раҳм намуда ҳунари хешро идома диҳад ва аз тамоми зиштиҳову бадиҳои давр дар канор бимонад ва мисли пешина гули сари сабади маҳфилҳоямон бошад, дили навмедеро шод карда шарики шодиҳои мардуми худ гардад. Аз номи кулли мухлисони ашаддиву самимиаш – мо хонандагони мактаби миёнаи рақами 94-и пойтахт ба ӯ муроҷиат карда гуфтаниам:

— Манижабонуи арҷманд! Саҳнаи тоҷик бе садои дилнишину гӯшнавози ту холӣ аст. Ҷои туро дар он ҳеҷ кас натавонист гирад ва дар саҳнаи ҳунар ҷои ту алоҳида аст ва майдони ҳунар ҳамеша мунтазири дар он қадам ниҳоданат аст. Гарчи имрӯзҳо дигарон ба ту тақлид мекунанд, аммо ба ту баробар намешаванд! Меҳри ту аз ҳама баланд аст! Зеро рафтори онҳо на бо амри дил, балки тақлиди кӯр-кӯрона аст.

Аз даргоҳи Худованд бароятон нерӯву тавоноиву қудрати эҷоди сурудҳои наву тоза ва дилгармӣ ба саҳнаи ҳунарро дар талабем. Ва дар хотимаи суханамон боз пурсидан мехоҳем, ки кай ба саҳна баромада мухлисони пазмонатонро шод месозед?

Мадинаи Маҳмадмурод, сокини пойтахт

Душманонат зери по гарданд, Манижа!

Мо бесаброна интизори тулӯи нави чеҳраи офтобии Манижа ҳастем ва гуфтанием, ки: бигзор дӯстонатон тоҷи сару душманонатон зери қадамҳои мубораки Шумо гарданд. Ту ягонаиву беназирӣ. Рӯи саҳна набуданатро муддати зиёд шуда бошад ҳам, то ҳанӯз садои форамат дар ҳар як хонадон танинандоз аст. Меҳри туро ҳама пиру ҷавон дар қалби хеш барои ҳамешагӣ ҷой додаанду наметавонанд бо набудани ту дар саҳнаи ҳунар созиш кунанд. Ту бо ғайриоддиву навовар буданат ва бо садои нотакрор доштанат аз дигарон ба куллӣ фарқ дорӣ. Мо инро айни замон хеле хуб эҳсос менамоем ва аз кампайдоият маҳзунему бароят ҳамеша дасти дуо дорем. Як таронаи туро тариқи радио шунида як ҷаҳон шодӣ фарогирамон шуд. Ниҳоят ба он рӯз расидем, ки ту — он нобиғаи ҳунари тоҷик боз рӯи саҳна хоҳӣ баромад ва моро бо таронаҳои дилнишину овози махмалинат шоду фараҳманд месозӣ. Боқӣ Худо мададгору нигаҳбонат бошад!

Гулнораи Мӯсо, сокини пойтахт

Хангоми истифода аз маводхои блог истинод ба мачаллаи «Дилкушо» хатми аст.

комментария 4

  1. Salom. Mo dar hakikat muntaziri Manija hastem, tamomi Samarkandiyon muxlisi shumo hastand, va turo dust medorand, ohangoi tu hamaro devona karda bud. inruz charo tu pinhon hasti??? tez biyo bo surudhoi navat ki mo sabr nadorem, Manijajon.

  2. Салом ахли ДИЛКУШО!!! Бовар кунен, гарени мунтазири апаи Манижаюм… Манда гарений маъкулай…Худакуш духтараки чехра гарму дилсофу хушсурат аст. Кош рузе шавад, ки дар байни мову бахри мо суруду таронахо бихонад…

  3. лолаи хандонвори
    сабзаю торонвори
    ту гули майдонвори
    дилма бурди манижа

    гули нозам манижа
    дилнавозам манижа
    ишку созам манижа
    туро нозам манижа

    дили дардманди туро
    коши пайванди туро
    муи хушранги туро
    хастам даво манижа

    тавба дорам ба номат
    ба модару каламат
    ба хусни нотамомат
    интизорам манижа

    дар боги гул буи туст
    хаелам бар суи туст
    рохам суи куи туст
    маро шунав манижа

    то хастам гуям розам
    хам розаму ниёзам
    нози туро ман нозам
    интизорам манижа

    карди маро дубора
    зи пушти худ овора
    саргардону бечора
    хастам давот манижа

    дар калби туям мехмон
    мехмон аз мулки хатлон
    мусофираму хайрон
    чонам фидот манижа

    шиноси ери худро
    дар чонат бори худро
    гули бехори худро
    гунахкори манижа

    сарнавиштам ба дастат
    хубу зиштам ба дастат
    хам бихиштам ба дастат
    зиндагиям манижа

    номи ту дар забонам
    руят надидам чонам
    як даста гули чида
    орам пешат манижа

    дилбари чонам туи
    номехрубонам туи
    ширинзабонам туи
    тезтар бие манижа

    ин шеърро ман дар шахри маскав буданам бо хамрохии падар ва модарам барои шумо манижаапа нависондам. ман хозир 12 солаам. имруз 10 январи соли 2011 мебошад. шумо кай ба сахнаи гулдору хушдори точик мебароед. гулхои сахнаи точик бе ту хору зор шудаанд. бо эхтиром мухаеи ибодулло….

  4. ман розияам ки хамаи ин хунармандонро дастгири кунам охир инхо хамватанхои ман хастанд ман 15-сол аст ки дар моссква хамчун менежр кор мекунам биёокд ман хатман кумак хохам кард бо этиром ИСКАНДАР

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: