• Статистика

  • Blog Stats

    • 524,359 hits
  • Flag Counter

НОЗИЯИ КАРОМАТУЛЛО: «РУҲИ ПОКИ ПАДАР МАДАДГОРИ МОСТ»

 

Нозияи Кароматуло-Noziya Karomatullo

Нозияи Кароматуло-Noziya Karomatullo

Нозия ҳанӯз дар батни модар мусиқиро эҳсос карда буд. Зеро дар муҳити ҳунарӣ чашм бар истиқболи рӯзгор бикшодаву ба воя расидааст. Дар он муҳит ҳама бофарҳангу бомаърифат буданд. Аз ин рӯ ӯ хислатҳои беҳтарини инсониро соҳиб гардидааст. Ҳунарманди хушсалиқа шунавандаи асили хешро дорад. ӯ мисли дурдонаест, ки аз қаъри баҳр низ бо ҷилою тобиши худ ба чашм аён мегардад. Нозия мисли гули пурнакҳате мухлисони сершумори худро мафтуну шефтаи худ намудааст. Имрӯзҳо бошад , ин нозаниндухтари олами санъат аз Ҳиндустон баргаштаву дар ватан қарор дорад.

 

Рӯзи 29-ноябри соли равон Нозия дар зодрӯзи падари ҳунарвари шодравони хеш консерти худро ба мухлисону ҳаводорони беҳисобаш пешкаш намуд. Моро имконият даст дод, ки бо ӯ аз наздик сӯҳбат намуда, эҳсосоти қалби нозукашро баъди анҷоми ин консерти бузург бифаҳмем. ӯро аз наздикӣ бе ҳеҷ гуна ороиши косметикӣ мисли маликаи ҳусн дарёфтем. Худованд ба ӯ бар замми овози ширину маҳин ҳамчунин ҳусни нотакрорро ато кардааст.

— Шунидем, ки таҳсилатон ба анҷом расид ва хеле муваффақона?

— Бале бо дипломи сурх ва сари баланд донишкадаи ҳунарии «Шри Рам»-и Деҳлиро хатм намудам. Устоди ман Манҷи Синх ҳамеша талқин менамуд, ки «ман пас аз марги хеш аз он шогирде розӣ хоҳам шуд, ки ҳунари омӯзондаи маро ба чандин нафарони дигар бирасонад. Касе, ки ҳунарро омӯхта ба дигарон намерасонад ва дар худ нигоҳ медорад, ӯ ҳунарманди асил нест». Имрӯзҳо устоди арҷманд занг зада ҳар рӯз аз кору бор ва заҳматҳои ман пурсон мешаванд. Ҳамеша иқрор мешуд, ки чунин шогирди вафодор хеле кам дорам ва хеле зиёд мехост, ки ба сифати як нафар шогирди беҳтаринаш дар Ҳиндустон зиндагиро ихтиёр намуда фаъолият намоям. Аммо магар ман бе Тоҷикистони азиз метавонам? Ҳиндустон ватани дуюми ман аст.

— Аз ин як шоми пурфароғат, ки шумо бо мухлисони хеш рӯбарӯ гаштед, қонеъ ҳастед?

— Хеле зиёд сарбаландам, ки он аз тарафи мухлисони азизам бо як муҳаббату ихлос ва самимияти зиёд қабул гардид. Барои он пеш аз ҳама аз Худоҷон шукргузорам барои атои ҳунар, сипас аз модарҷони меҳрубонам Зулфиябону ва бародари мӯнису мададгорам Муҳаммадрафӣ барои дастгириву заҳматҳояшон миннатдорам.

Бе заҳмату талоши онҳо, бовар кунед, ин консерт шояд то ин дараҷа ҷолибу хотирмон намегузашт. Ҳамчунин аз коргардони номӣ Носир Саидов барои маслиҳату пешниҳодҳои ҷолибашон ва аз ҳамаи онҳое, ки барои баргузории ин маҳфил ҳиссагузорӣ намуданд, як ҷаҳон сипосгузорам. Мухлисонам — онҳое, ки натавонистанд дар ин шом ширкат дошта бошанд, менависанд, ки барои чӣ ҳамагӣ як рӯз баргузор шуд ин консерт. Охир зодрӯзи падари азизам танҳо як рӯз аст.

— Пироҳани сафеди шумо ғайриоддӣ буд ва умуман ҳамаи он сару либосе, ки дар ин шом дар бар доштед, нотакрору ҷаззоб буд ва ба чеҳраи нозанинатон мувофиқ. Бигӯед, ки он маҳсули дастони кадом тарроҳ буд?

— Он пироҳани сафед дар ҳақиқат ғайриоддӣ, яъне аз 350 м матоъ дӯхта шуда, 40 кг вазн дошт ва маҳсули дасти тарроҳи номдору нотакрор Беҳрӯз Имомов аст. Пероҳани атласро бошад бароям тарроҳи машҳур Умедҷон Неъматов дӯхтанд ва орзу дорам, ки дастони ҳардуяшон ҳаргиз дардро набинад.

— Албатта, бо либоси вазнин дар саҳна баромад кардан осон набуд?

— Барои мухлисони асилу ҳақиқӣ меарзад, ки чунин вазниниро бар дӯш дошта , пуртоқат низ бошӣ.

— Баъди консерт қарздор-ку нашудед?

— Худо нигоҳ дорад аз қарздорӣ! Асосан ин консерти худро барои фоида ба даст овардан пешкаши мухлисон накарда будам. Зеро ҳоло ҷавонам дар ҷодаи ҳунар. Асосан барои равнақи ҳунар, шод кардани рӯҳи поки падар ва болида гардонидани хотири ҳаводорони азизам баргузор шуд ин консерт. Аз он на қарздор гаштаму на фоида ба даст овардам.

— Мусиқии ба дил наздики шумо?

Ҳама он суруду мусиқие, ки падарам гӯш мекардаанду писанди модарам аст, намедонам ба воситаи шараёни хун гузашта бошад, дар вуҷуди ман ҳам ҷорист ва ба дилам наздику писанд аст. Ба модарам бештар сурудҳои хонум Гугуш писанд аст. Муҳаббати модарам нисбати ин хонум чунон беандоза, ки маро дар рӯзи зодрӯзи хонум Гугуш ба дунё овардаанд, рӯзи 7 феврал.

— Чӣ орзуест, ки Шуморо сӯи худ мехонад?

— Орзуи дидори хонум Гугуш ва ҳамроҳашон як суруд хондан дар дилам аст ва иншоолоҳ модарҷонам саломат бошанд, ба ин орзуи хеш низ мерасам.

-Ба фикри шумо хиёнатро бахшидан мумкин аст?

— Аввал ин ки барои хиёнат имкон додан даркор нест. Сипас, чӣ гуна метавонӣ онро бахшидан.

— Байни шумо ва Муҳаммадрафӣ бештар дар кадом мавзӯъ баҳс сурат мегирад?

— Бештар барои интихоби оҳанге мо баҳс мекунем. Бародарам дар ин масъала хеле сахтгиру серталабанд ва имкон намедиҳанд, ки танбалӣ кунам ва дар интихоби матну оҳанг ба саҳлангорӣ роҳ диҳам. Вақташ ояд, агар дар эҷод кори нотамоме ё хомеро бинанд, ҳатто имкони истироҳатро намедиҳанд. Дар масъалаҳои дигар бошад, ба ман хеле зиёд боварӣ доранд ва ҳоҷат ба насиҳат ҳам намондааст.

-Дар мусофират бештар кӣ ва чиро пазмон мешудед?

— Кӯи сахт аст ғарибӣ гуфтаанд, рост аст. Мусофират, дурӣ аз пайвандон дар ҳақиқат душвор будааст. Ягона бурди ман дар он ҷо донистани забони англисиву ҳиндӣ буд, ки маро танҳо намегузошт. Рӯзҳое мешуданд, ки муштоқи шунидани як ҳарфе аз Ватан мешудам. Рӯзи хатмро хеле зиёд интизор будам, ки тезтар ба кишвари азизам бирасам ва ба дидори азизони дилам низ.

Аз хӯрданиҳо бошад, ҳар он чизе, ки дилам мехост мепухтаму тановул мекардам. Шукронаи Худованд, ки пухтани кулли таомҳои тоҷикӣ аз дастам меояд. Он ҷо бештар ба хӯришҳояшон қаланфури тундро ба хотири эмин доштани организм аз ҳар гуна микробҳо зиёд истифода мебаранд, ман ҳам ба он одат кардам.

-Кадом хислатро барои бонувон номақбул меҳисобед?

-Дағалмуомилагиву бешармиро. Зеро ин ду хислат ба бонуи ҳеҷ як миллат намезебад. Худованд духтаронро нозуку зебову отифа офаридааст. Бигзор то абад ҳамаи бонувон поку беолоишу нармгуфтору меҳрубон бошанд.

— Барои рафъи озурдагиҳо ва хастагиҳо рӯй ба чӣ меоред?

— Дар хонаи алоҳида нишаста дарро мебандам ва мусиқӣ менавозам ва ё рақс мекунам. Бо рӯҳи падар дар гуфтугӯ мешавам ва ба саволҳои беҷавоби хеш посух пайдо мекунам. Бегоҳиҳои ҷумъаву душанбе бо Худоҷон дар гуфтугӯ гашта рафъи тамоми душвориҳоро талабгор мешавам.

— Таърих бисёр шоҳбоную занҳои қаҳрамонро ёд дорад. Кадоме аз онҳо барои шумо идеал аст?

— Аз хурдӣ ман дар муҳити ҳунару ҳунарварӣ ба воя расидаам. Албатта, ҳар як духтар мехоҳад дар садоқат ба Тахминаю дар ҷасорат ба Гурдофарид монанд бошад. Ман аз рӯзе, ки худро мешиносам, дар хонаамон садои суруди форами сарояндагони бузурги ҳиндӣ, ки то имрӯз беҳамтоянд- Аша Бусли ва Лата Мангешка садо медод. Инҳо апаву хоҳаранд ва гарчи синну соли онҳо ба 80 наздик аст ва барои кинофилмҳои ҳиндӣ овозашон истифода мешавад. Овозашон диапазони калон дорад ва падарам ҳамеша сабти онҳоро гӯш мекарданд. Ман ҳам аз хурдӣ орзу доштам, ки бо чунин овоз суруд хонда тавонам.

— Ва боварӣ дорам, ки ба ин мақсади хеш расидед?

— Ман ба ин чиз ноил гардидам ва ё не, мухлисонам медонанд.

— Ба мухлисони хеш чӣ гуфтание доред?

— Орзуи ҳамешагиам ба ҳамаи мухлисонам ин аст, ки ҳамеша тансиҳату хонаобод бошанд. Рӯзи ғаму камро набинанд. Ман хеле зиёд дӯсташон медорам.

Посух аз Зулфия Кабутова, модари Нозия:

-Агар Худо насиб гардонад, сиҳату саломат бошем, соли оянда дар ҷашни 50-солагии Кароматулло набераҳоямро гирифта рӯйи саҳна мебароям ва сухан мегӯям ва дарди диламро мекушоям, ҳарфҳои чандсола ҷамъшударо иброз медорам.

Аз муаллиф:

Бошад , ки ӯ мисли имрӯза ҳамеша ҷавону ботаровату ҷаззоб бимонад ва Худованд ин паривашро дар паноҳи хеш нигоҳ дорад. Бимон, ки ӯ аз ҳама гуна бухлу кинаву адовати олами ҳунар эмин бимонад.

Ин дуои тамоми мухлисони ҳунараш ба ин ҷавонтарин, нозуктарин ва зеботарин духти саҳнаи ҳунари тоҷик аст. ӯ нишоне аз хунёгари бузурги ҳунари тоҷик ва сарояндаи хеле мумтози зуд аз байни мо рафта, вале дар дилҳо монда Кароматуллои Қурбон аст, ки номаш ба некӣ вирди забонҳост. Гарчи мактабу ҳунари ӯ байни сарояндагон то ҳанӯз побарҷост ва давомдиҳандагони ҳунари ӯ рӯз аз рӯз афзунтар мегарданд, аммо се ҷигарбандаш номи ӯро зиндаву ҷовид медоранд ва ҷои холигаштаашро дар саҳнаи ҳунар пур намудаанд.

Дилкушо

Хангоми истифода аз маводхои блог истинод ба мачаллаи «Дилкушо» хатми аст.

комментария 2

  1. salom.az baroi savob hami harfotona kamtar kalon kunem,chashma kur mekunad,peshaki minnatdoram

  2. Салом Нозия ман мухлиси ашади шумо мехохам ки чи тавр концерти наватонро тамошо кунам! ман аз шахри Илаский давлати Руссии

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: