• Статистика

  • Blog Stats

    • 523,781 hits
  • Flag Counter

ФАРҲАНГИ МАРДИКОРИ

КВН

КВН

 

Ҷашнвораи байналмилалии 22-юми КВН аз 12-ум то 23-юми январи соли 2011 дар шаҳри Сочии Русия баргузор мегардад, ки дастаи «Лаҳҷаи тоҷикӣ» дар он баромад хоҳад кард. Бино бар иттилои расонаҳои хабарӣ таърихи 9-уми декабри соли равон «Лаҳҷаи тоҷикӣ» аз номи президенти Иттиҳоди байналмилалии КВН-Александр Масляков ва Иттиҳоди эҷодии телевизионии «АМИК» барои ширкат дар ҷашнвора даъватномаи расмӣ гирифтаанд. Маврид ба зикр аст, ки дастаи Тоҷикистон «Лаҳҷаи тоҷикӣ» нахустин маротиба дар Ҷоми бозии кишварҳои ИДМ, ки ба муносибати 49-солагии КВН баргузор гардид, баромад карда буд.


Дар ҷашнвораи қаблӣ аз кишварҳои минтақа дар баробари Тоҷикистон гурӯҳҳои Қирғизистон, Узбакистон ва Қазоқистон баромад карда, ҷониби Туркманистон бо сабабҳои номаълум ширкат наварзид.
Аммо мавзӯи сӯҳбати имрӯз мӯҳтавои танзи дастаҳои КВН аст. Тибқи мушоҳида дар бозиҳои КВН иштирокдорон барои хушҳол намудани ҳозирин ва сазовор гардидан ба ҷойи аввал дар мавзӯоти гуногун саҳнаҳои ҳаҷвӣ пешниҳод мекунанд. Аслан ҳамчун шаҳрванди Тоҷикистон пас аз роҳхат гирифтани ҷавонони тољик дар барномаҳои КВН дар моҳи ноябр хеле хушҳол шудам. Аммо ин хушҳолӣ дер давом накард.

Дастаи  «Лаҳҷаи тоҷикӣ» зимни баромади худ бештар ба муҳољирати шаҳрвандон ва ниёзмандии мо аз мардикорӣ дар Русия мегуфтанду механдиданд, ки ҳар тоҷики баномусро нигарон мекард.
«Лаҳҷаи тоҷикӣ» дар сонияҳои аввали баромад дар КВН ба ҳозирин худро ҳамчун муҳоҷирони ҳаҷв «гастарбайтери юмора» муаррифӣ карда, то ҷое ҳатто ифтихор доштани онҳо аз ин «унвон» ба назар мерасид. Сониян, «Лаҳҷаи тоҷикӣ» барои боз ҳам дар сатҳи «арзанда» муаррифӣ кардани мардуми тоҷик гуфтанд, ки ҳар шаҳрванди кишвар дар бинои умраш бояд се умури аслиро анҷом бидиҳад: бунёди хона, шинонидани дарахт ва тарбияи фарзанд аз ҷумлаи вазифаи аввалиндараҷаи мардони тоҷик дониста шуд. Аммо нахуст дар Русия ва танҳо баъдан дар Тоҷикистон шаҳрвандон бояд ба ин «ободкорӣ» даст бизананд.
Лаҳзаи дигари баромади дастаи тоҷикон, ки нороҳаткунанда буд, ин саҳнаи кӯтоҳе дар назди таваллудхона аст. Марде аз «Лаҳҷаи тоҷикӣ» дар назди «таваллудхона» ҳозир шуда, аз ҳамсараш мепурсад, ки киро таваллуд кардааст. Дар ҷавоб зане бо овози маҳин ба ҷои ҷинси тифл ӯро ҳамчун андовагар («штукатурщик») эълон мекунад…
Истифода аз шеваҳои мухталифи ҳаҷвнигорӣ, барои мисол, саҳнае дар мавриди мушкилоти ҷомеа, заъфи бахши маориф, сиёсат, иқтисод ва ҳатто нуқсони сарояндагии ҳофизону фаъолияти сиёсатмадорон аз усули беҳтарини муаррифӣ гардидани дастаҳо дар КВН ба ҳисоб меравад.

Дастаҳои Озарбойҷон, Укроин ва ҳатто Русия барои ҷалби таваҷҷӯҳи тамошогарон бештар сиёсати давлат ва чеҳраҳои №1-и кишварашонро ба танз мегирифтанд. «Лаҳҷаи тоҷикӣ» бошад дар баромади худ мардуми тоҷикро танҳо дар сурати «мардикор» муаррифӣ намуд.

Чун дастаи «Лаҳҷаи тоҷикӣ» дар ҷашнвораи навбатии КВН даъватнома гирифтааст, беҳтар мебуд ин бор дар ҳаҷв аз шеваи дигар кор бигиранд. Мақсад аз иштирок дар ин барнома бояд муаррифии миллат ва фарҳанги он бошад, на ин ки паст задани шаън ва эътибори он.
“Озодагон”

Один ответ

  1. Эй ееее….Шармандахо….Замин кафаду дароед…Хамин хам гапу хамин хам мап шуд… Намедонам байни тувову ПАША МАША чи фарке боша????

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: