• Статистика

  • Blog Stats

    • 523,781 hits
  • Flag Counter

ШАБНАМУ ҶОНИБЕК ДАР ҶАШНИ НАВРУЗ БА АВРУПО МЕРАВАНД?

Shabnam & Jonibek Шабнам ва Чонибек

Shabnam & Jonibek Шабнам ва Чонибек

Чанд муддат аст, ки сарояндагони шинохтаи мо Ҷонибеки Мурод ва Шабнами Сурайё дар сафари Амрико қарор доранд. Албатта, ба хориҷи кишвар сафар карда, санъати асили тоҷиконро муаррифӣ намудан ин ифтихори ҳамаи тоҷикзабонони дунёст. Имрӯз қариб дар ҳама ҷо аз барномаҳои ҳунарии Шабнаму Ҷонибек дар хориҷа мегӯянду менависанд ва албатта, ҳар нафар мувофиқи биниши худ ба онҳо баҳои гуногун медиҳад. Дар ин шумора мо хостем, ки бо продюсери ҳунармандон Парвизбек Муродов, ки ӯ низ фарзанди овозхони маъруф Ҷӯрабек Муродов мебошад, аз ҷараёни баргузоршавии консерт ба хонандагони «Дилкушо» маълумот пешниҳод намоем.

 

Парвизбек хеле ҷавони хоксор аст. Зеро аз тарзи суханронӣ ва оҳанги гуфтораш инро дарк кардам. Сӯҳбат дар атрофи Шабнаму Ҷонибек тариқи сомонаи Интернет сурат гирифт.

— Парвизбек, мегуфтед, ки пас аз сафари Амрико боз ба куҷо азми сафар намудед?

— Мо баъди шаҳри Ню-Йорк ба Аврупо сафар намудем. Тасмим гирифтем, ки дар арафаи ҷашни Наврӯзи фархундапай барномаи ҳунарии хешро дар Олмон пешкаши ҳаводорон созем. Пас аз гузаронидани ҳамаи турҳои консертӣ ният дорем, ки барномаи дар хориҷа тарҳрезишударо дар ҳудуди Тоҷикистон ба мухлисони ин ду ҳунарманд тақдим намоем.

— Аз нигоҳи шумо хориҷиён ба санъати тоҷик чӣ гуна менигаранд?

Ростӣ, онҳо фикр мекарданд, ки санъати тоҷик ҳамагӣ дар як нуқта қарор дорад. Ҳангоме ки барномаи ҳунарии Шабнаму Ҷонибекро тамошо карданд, ба ҳайрат омаданд, ки мусиқии тоҷик рӯ ба беҳбудӣ оварда, ба сатҳи ҷаҳонӣ баробар шудааст. Дар Аврупо тоҷикон хеле кам буданд. Шумораи зиёди онҳоро мардуми эрону афғон ташкил медоданд.

— Дар хориҷа барои ҳунармандон низ даст медиҳад, ки суруди нав эҷод кунанд?

Албатта, як таронаи «Шаҳри боронӣ» дар шаҳри зебоманзари Лондон тавлид ёфтааст. Таърихи пайдошавии ин тарона ба он вобаста аст, ки фазои ин шаҳр абролуду боронӣ буд ва ин як таконе гашт барои офаридани суруди «Шаҳри боронӣ».

Дар фаъолияти Шабнаму Ҷонибек боз чӣ нақшаҳои чашмрас ба назар мерасанд?

Ҳозир онҳо ҳамчун намояндаи Тоҷикистон барои иҷрои суруд бо забони русӣ кӯшиш карда истодаанд. Мақсади мо ин ба бозори шоу-бизнеси Русия баромадан аст. Зеро маҳз дар қаламрави ин кишвар бисёр ҳамватанони мо дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд. Мо ҳаракат мекунем, ки таронаҳои русиро ба дараҷаи баланд сабт созем, то дар ин кишвар низ мухлисони санъати тоҷик пайдо шаванд.

— Сарпарасти ҳунармандон кист?

— Сарпарасти онҳо ширкати JM бо ҳамдастии Даф-Интертеймен мебошад.

Овозаҳое, ки дар атрофи Шабнаму Ҷонибек пайдо шуданд, аҳли хонавода чӣ гуна қабул мекунанд?

— Шунидани овозаҳо бароямон одат шудааст. Ҳамкории Шабнаму Ҷонибек танҳо ба хотири рушти санъат ва ҳунару истеъдоди онҳост ва дар ҳақиқат дар ин тарзи фаъолият муваффақият низ ёфтанд. Онҳо дар якҷоягӣ бисёр дуэтҳои хуб сароиданд, ки ба мардум писанд омаданд. То чӣ андоза ҳақиқат будани ҳангомаҳоро вақт нишон медиҳад ва баъдан ҳама огоҳӣ меёбад, ки асли гап дар куҷо будааст.

— Ташаккур барои сӯҳбат!

АНДЕШАҲО

Ҷӯрабек Муродов:

— Медонед, ҳамкории байни сарояндагон ин боиси рушти санъату фарҳанги тоҷик аст. Ман дар тӯли солҳои зиёди фаъолиятам бо бисёр ҳамкасбони хеш, аз ҷумла Тӯҳфа Фозилова, Шоиста Муллоҷонова ё Малика Қаландарова риштаи ҳамкорӣ доштам, вале ягон маротиба дар атрофи номи касе овозаҳои бардурӯғе пайдо нашуд. Охир агар сароянда бо сароянда ҳамкорӣ накунад, бо кӣ ҳамкорӣ мекунад? Ба андешаи ман ин ҳамкории олиҷаноб аст.

Сурайё Қосимова:

— Ҳар инсон дар зиндагӣ мавқеи худ ва ҳуқуқи мустақилона интихоб намудани касбро дорад. Шабнаму Фарзона ҳанӯз аз синни хурдсолӣ санъатро дӯст медоштанд. Ҳатто қабл аз он ки ба пайроҳаи санъат қадамҳои устувор монанд, онҳо аз рӯи наворҳои ман машқ намуда, бе огоҳӣ, мустақилона рафта, сурудҳои аввалини худро сабт карданд. Нисбат ба он ки фарзандони ман овозхониро интихоб намуданд, зид нестам. Бигзор ба замми чанд ҳунар доштанашон санъаткор низ бошанд. Боз ба андешаи ман агар санъаткор дар ин ҷода пушту паноҳ ва роҳбалад дошта бошад, хубтар аст.

Афзалшо Шодиев:

Ҷонибек албатта, ҳоло ҷавон аст ва шояд дар интихоби матну оҳанг нисбат ба падараш каме дигаргунатар рафтор кунад. Шояд дар айёми ҷавонӣ мо низ чунин рафтор мекардем. Гумон мекунам, ки ӯ бо тақозои синну сол ба матнҳои пурмазмун рӯй меоварад, тавассути фаъолияти пайваста комил мешавад.

Бале, ҳунари асил ҳамеша рӯи об мебарояд ва мисли ситора дар самои беканор дурахшида меистад. Шабнам ва Ҷонибек тавонистанд, ки бо истеъдои худододи модарзодӣ ҷаҳонро тасхир кунанд ва номи Тоҷикистонро ба арши аъло бароранд.

 

Дилкушо

Хангоми истифода аз маводхои блог истинод ба мачаллаи «Дилкушо» хатми аст.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s