• Статистика

  • Blog Stats

    • 523,781 hits
  • Flag Counter

АЙШВАРИЯ РАЙ: « МОДАР ШУДАН ОРЗУИ ЯГОНАИ МАН АСТ»

Aishvariya Ray Айшвария Рай

Aishvariya Ray Айшвария Рай

Айшвария Рай – ҷаззобтарин ва зеботарин модел ва актрисаи ҳинд, 1 ноябри соли 1973 дар шаҳри Мангалори Ҳиндустон дар оилаи офитсери флоти тиҷоратӣ Кришнараҷ Рай ва бонуи нависанда Вринди Рай чашм ба олами ҳастӣ боз намудааст. Қадаш 170 см. Ҳанӯз аз овони бачагӣ орзуи тасхир намудани ҷаҳонро дар дил мепарварид. Орзуи айёми кӯдакӣ, ки аз сидқи дил парварида мешавад, амалӣ хоҳад шуд. Орзуи Айшварияи нозанин низ дар як муддати начандон тӯлонӣ ба амал пайваст. Дар наврасӣ мусиқӣ ва рақси классикиро ба дараҷаи олӣ азхуд намуд.

 

Ҳусни зоҳирии ӯ ғайриоддӣ, яъне чашмони осмонии ҷаззоб ва сафедпӯст буданаш, ки хоси ҳиндудухтарон набуд, бинандаро мафтуни худ мегардонд. Талабгоронаш хеле зиёд буданд. Вақте ба синни наврасӣ қадам ниҳод, ба ӯ пешниҳод намуданд, ки модел шавад. Дар ин ҷода ӯ зуд муваффақ гардид. Дар як озмуни тарғиб намудани ширкати «Пепси» -и Ҳиндустон байни 2000 нафар духтарони нозанин ӯ ғолиб дониста шуд. Баъди дар озмуни «Зебосанами ҷаҳон» (с. 1994) ғолибият ба даст овардан расми ӯ дар муқоваи маҷаллаи бонуфузи Vogue нашр гардид. Аз ин пас коргардонҳои машҳури синамо барои Айшварияро дар филми худ даъват намудан дар навбат меистоданд. Соли 1997 барои ӯ қадами аввалин дар соҳаи синамо буд. Дар филми «Номдузди ошиқ» (Влюблённый самозванец) Айшвария соҳиби ҷоизаи дебютанткаи беҳтарин гардид. Соли 2000 барои дар филми «Умре аз они ту» (Навеки твоя) нақш офаридан соҳиби ҷоизаи нақши беҳтарини занона мушарраф гардид. ӯ дар зиёда аз 40 филм нақшҳои ҷолибу нотакрор офаридааст.

Шиносоӣ бо Салмонхон

Айшвария бо Салман соли 1999 зимни ба наворгирии филми «Умре аз они ту» шинос гардид. Ҳунарманди машҳури ҳинд Салман дар рабудани дили духтарон ҳамто надошт. Ба Айшвария низ изҳори муҳаббати зебо ва хушомадгӯиҳои ҷавон писанд буд. Мухлисони ин ҳарду ситораҳои ҳунари олами синамо аз ин муҳаббати зебо бохабар гашта шодмонӣ мекарданд. Журналистон онҳоро ҷуфти зеботарини филмҳои ҳиндӣ эътироф намуданд.

Салманхон дар филмҳо як ҷавони романтик ва соҳиби дили зебо буда бо рафторҳои ҷавонмардонааш ҳамаро мафтуни худ мегардонд. Аммо дар зиндагии аслӣ ӯ як ҷавони худбини дағалмуомила ва хеле дуруштхӯй буд. Ҳамеша дар сари ҳар қадам ба маҳбубааш Айшвария хиёнат мекард, ҳамзамон бо рашкҳои беасоси худ ҷони ӯро ба лаб меовард. Ҳангоми сахт бадқаҳр гаштанаш ҳатто Айшварияро лату кӯб менамуд. Аз ҳама бештар ӯро муқобили издивоҷи ҳардуяшон будани волидони духтар ба хашм меовард.

Агар ҳамсарам нашавӣ, туро мекушам!- мегуфт ҳамеша ба духтар таҳдидкунон.

Модари Айшвария изи дастони Салмонхони ҷоҳилро дар сару рӯйи духтараш дида ба даҳшат афтода буд.

-Духтарам, ту ҳаргиз бо ӯ рӯзи хуш нахоҳӣ дид,-мегуфт ҳамеша.

-Охир ӯ мегӯяд, ки дӯстам медорад.

— Дӯст медорад? Ту ба рӯйи худ нигар!

Охир ман аз зинаҳо афтодаму рӯям чунин шуд, модарҷон,- гуфта Айшвария худрову модарро тасаллӣ медод.

ӯ дар асл гумон мекард, ки рӯзе азизи дилаш ислоҳ хоҳад гашт. Аммо Салмонхонро шӯҳрати бемисл худпарасту ҷоҳил гардонда буд. Ниҳоят волидони Айшвария ӯро ба хориҷа гусел карданд, то ки аз ин муҳаббати ҷафокор озод созандаш. ӯ бо фирор кардан ба Аврупо на танҳо аз ҷабру зулми Салмонхон халос гардид, балки ӯро дар Голливуд шинохтанд. Бо актёрони машҳур Жерар Депардйе ва ва Ален Делон ҳамкорӣ намуд. Ҳатто бинобар серкорӣ ба Роберт Де Ниро оиди пешниҳоди ӯ барои дар филмаш нақш офаридан, ҷавоби рад дод.

Дар соҳаи синамо муваффақият ҳамеша думболагираш буд, аммо дар муҳаббат ӯ аз нобарорӣ дилхун буд. Зеро бо ҳунарманди дигари синамои ҳинд Вивек Оберой шинос гардид. Аммо ин ишқ низ бебарор ва хеле зуд анҷом пазируфт. Зеро Салман ба Вивек таҳдид карду ҷавони дар ишқ ноустувор аз Айшвария даст кашид.

— Ту хеле хубӣ, аммо ман худамро беш аз ҳама дӯст медорам. Ман бо Салман дӯст мондан мехоҳам, на душман, — гӯён бирафт.

Баъд аз ин Айшвария аз муҳаббат дилсар гардида, қавл дод, ки дигар ҳаргиз ба ягон мард нигоҳ намекунад. Аммо тақдир барояш муҳаббати зебоеро тӯҳфа намуд.

Муҳаббати ҳақиқии Абхишек Баччан

«Имрӯз боз бо Абхишек вохӯрдам,- қайд менамуд Айшвария дар рӯзномааш. Вақте ӯ бо нигоҳи меҳрбор сӯям менигарад, маро ба ваҷд меорад ва оташакеро дар қалби захминам фурӯзон месозад. Магар ман ошиқ шудаам? На, ин танҳо аҳмақӣ асту бас! Мо танҳо дӯст ҳастем»

Аммо ишқи Абхишек Баччан- писари ҳунарманди маъруфи Ҳиндустон Амитабх Баччан нисбати духтар самимиву ҳақиқӣ буд. Онҳо ҳанӯз соли 1999 бо ҳам шинос буданд, аммо ба якдигар аҳамият намедоданд. Зеро қалби ҳардуяшон низ пойбанди муҳаббат буд. Абхишек он замон ишқи Каришма Капурро дар дил мепарварид ва Айшвария бо Салмонхон рӯзгори ошиқиро аз сар мегузаронд. Ниҳоят ин ду дилдодаро тақдир бо ҳам овард.

Баҳои як бӯса

Дар аввал волидони Абхишек ба издивоҷи онҳо зид буданд. Зеро Айшвария баъди дар Голливуд фаъолият намудан, дар нақшҳои худ каме озодона рафтор менамуд. Дар филми «Байкери – 2» ӯ бо қаҳрамони асосӣ Риттик Рошан бӯсобӯсӣ мекунад. Ҳангоми нахустнамоиши ин филм волидони Абхишек саҳнаи бӯсиданҳои духтарро бо ҷавони дигар дида хиҷил гаштанд. Зеро онҳо ин рафтори духтарро хилофи урфу одатҳои ҳиндуёна медонистанд.

Чунин рафтор дар филми мазкур боиси норозигии мардум гардида ба суд дода шуд. Аммо он ба фоидаи синамогарон ҳал гардид. Бо вуҷуди ин ба хотири ҳурмати оилаи Баччанҳо саҳнаи бӯсу канор бурида шуд. Лекин дар интернет аллакай паҳн гардида буд. Абхишек ба волидонаш эълон намуд, ки новобаста аз он ки маҳбубааш дар филм бӯса кардааст, ӯро ба занӣ хоҳад гирифт. Ҳатто мехост бо Айвария аз ватан фирор кунад. Ниҳоят дилдодаҳо ба висоли ҳамдигар расиданд. Ҷашни арӯсии онҳо дар бӯстонсарои оилавии Баччанҳо муддати се рӯз баргузор гардид.

Ман волидонамро хеле зиёд дӯст медорам, аммо айни замон оилаи ман ин шавҳарам ва хусурамдостони зиндаи Болливуд Амитабх Бачан ва хушдомани ҳунармандам Ҷая Бхадури мебошанд. Хеле хушбахтам, ки узви ин қавми соҳибэҳтиром ва машҳури Ҳиндустон шудам ва акнун ман хонум Баччан ҳастам, — эътироф намуд Айшвария Рай ба расонаҳои хабарӣ баъд аз издивоҷи худ бо

Абхишек Баччан.

Айшвария модар мешавад

Тибқи хабари охирини расонаҳои хабарии фарҳангӣ Айшварияи нозанин ба наздикӣ модар мешавад.

Ман аз Худо танҳо як чизро дар талабам, то ки ӯ ману шавҳарамро аз марҳаматаш бенасиб нагардонад ва бароямон ширинии зиндагӣфарзандро ато фармояд. Модар шудан орзуи ягонаи ман аст. Худи зиндагӣ ин неъмати Худованд аст ва новобаста аз он аст, ки ту метавонӣ ба дигаре низ ҳаёт бахшӣ. Ман аминам, ки рӯзе парпечи зебои тифлонаро печонидан ба кӯдакам маро низ насиб хоҳад гашт ва ману Абхишек беқаророна он рӯзи пирӯзиро мунтазирем ва ин тӯҳфаи худовандиро қадр хоҳем кард.

Дилкушо

Хангоми истифода аз маводхои блог истинод ба мачаллаи «Дилкушо» хатми аст.

комментария 2

  1. Э Бурхон, хами артисто ягон сум метанут, на хер иёра да ича реклама мекни? Бзан ягон кори дига кун…

  2. айшвария актрисаи хуб мебошад

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s