• Статистика

  • Blog Stats

    • 524,359 hits
  • Flag Counter

НИГОРА ХОЛОВА: БАЙНИ ДУ БАРОДАР НОЗПАРВАРАМ

Nigora Kholova Нигора Холова

Nigora Kholova Нигора Холова

Нигора Холова бо вуҷуди хеле ҷавон буданаш аллакай байни мардуми ҳунардӯст мавқеи хоси худро дорад. Вай бо таронаҳои дилангезу ошиқонаи худ дар байни хурду калон маҳбубият пайдо кардааст. Дар тамоми гӯшаҳои Тоҷикистон ва берун аз он суруди ӯро дӯст медоранду замзама мекунанд, зеро ҳамаи таронаҳои ӯ оҳанги меҳр доранду ба дилҳо наздиканд, касро тасхиру рӯҳу қалбҳоро навозиш мекунанд. Моро насиб гардид, ки бо ин бонуи ҷавон, ҷаззоб ва маҳбуби дилҳо дар сӯҳбат гардида аз розу ниёзҳояш огоҳ шавем ва онро ба хонандагони азизи ҳафтаномаи «Дилкушо» бо умеди саодату фароғаташон пешкаш созем.

 

— Нигорабону, аз соли гузаштаи паланг чӣ хотироте доред?

Соле, ки сипарӣ гардид, яке аз солҳои беҳтарини зиндагӣ буд гӯем, хато намешавад. Ман дар ин сол ду клипи худро бо номи «Бибисанамҷон» ва «Манам» таҳияву пешкаши мухлисони азизам намудам. Ҳамеша бо мухлисони азизам дар тамос будам, барои болидагии хотирашон хастагиамро ҳис накарда, эҷод кардам ва баҳри ҳаводорони асили хеш дар арафаи Соли нави мелодӣ таронаи нави хешро пешкаш намудам.

— Кадом хислати кӯдакиатон то имрӯз дар шумо боқӣ мондааст?

— Айёми тифлӣ ҳамеша мехостам, ки гапамро ба ҳама гузаронам. Имрӯз ҳам ман байни ду бародари хеш нозпарварам ва хоҳишамро ҳамеша онҳо ба иҷро мерасонанд.

— Суруш бародари сахтгир аст?

— Бародари азизам хеле нармгуфтору меҳрубон аст. Барои ман ва таҳияи сурудҳоям басо ранҷу заҳмат мекашад. Дар тамоми лаҳзаҳои зиндагиам аз ӯ беҳад миннатпазирам. Агар сахтгирӣ кунад, танҳо ба хотири равнақи ҳунарам ва пешравӣ дар эҷоду корҳои вобаста ба он мекунад. Дигар ғамхору беҳтарин маслиҳатгар аст. Маро мефаҳмаду аз таҳти дилам рафтор мекунад. Лекин барои сахтгирӣ зарурате пеш намеояд, зеро ман ҳам хоҳари гапгирам.

— 10 сол пеш аз ин медонистед, ки чунин шӯҳрат насиби шумо мегардад?

Рости гап танҳо мехостам худро дар оинаи нилгун бубинам ва аз ин хеле зиёд шод мегаштам. Дар бораи шӯҳрат умуман фикр намекардам. Имрӯз ҳам танҳо дар фикри эҷоди таронаи нави дилангезе, ки писанди мухлисони азизам бошад, ҳастам.

— Мегӯянд, ки ишқи зебо табобатгари тамоми дардҳо аст…

— Рости гап, ба кору эҷод банд шуда, дар бораи муҳаббат фикр накардаам. Ишқи ман, тамоми буду набудам санъат аст. Бо суруд тамоми эҳсоси диламро баён месозам. Мусиқӣ бароям беҳтарин давобахши дардҳо аст. Он рӯҳи хаста ва қалби беқарорро ҳам табобат мекунад.

Мехоҳед, ки шоҳзодаи орзуҳоятон аз аҳли санъат бошад?

— Аз соҳаи дигар бошад, беҳтар аст.

Агар соҳиби маблағи зиёд гардед, онро бо кадом мақсад истифода мебурдед?

Албатта, бештари онро барои дастгирии хонаи кӯдакон, маъюбон, пирони барҷомондаи дасткӯтоҳ ва умуман ба онҳое, ки хеле зиёд ба он ниёз доранд, масраф мекардам. Охир онҳо ҳам мисли мо орзуҳои зиёд доранд, вале барои амалӣ гардиданашон бештар дасткӯтоҳӣ мекашанд.

— То имрӯз ба онҳо мададе расондаед?

— Асосан дар бораи корҳои савоби карда намегӯянд. Ман кӯшиш мекунам бо суруди худ дили онҳоро шод гардонам. Барояшон консерти ройгон пешниҳод кунам.

Ба тӯю маъракаҳо зиёд даъват мешавед?

— Бале, мардум ба ихлосу қадрдонӣ даъватам менамоянд. Мо бо падару бародарам кӯшиш мекунем, ки шарики рӯзҳои шодмонии мардум гардем.

— Аз соли оянда чӣ умедҳо доред?

Албатта, пеш аз ҳама мехоҳам Тоҷикистони азизам обод бошад, тинҷиву осудагии он орзуи ягонаи мо ҳунармандон аст. Инчунин мехоҳам мардуми азизам сарбаланду орӣ аз ҳама гуна камбудиҳо бошанд. Бигзор Соли нави 2011 ба хонадони ҳар яки онҳо ризқу рӯзии фаровон, бахту саодат ва пирӯзиҳои бештареро орад.

— Ташаккур барои чунин як сӯҳбати самимӣ. Шумо ҳам дар соли нав ба муваффақиятҳои бештаре ноил гардед ва ҳамеша шодмону ғазалхон бошед. Бахти сафед ёру Худованд мададгоратон бошад.

Дилкушо

Хангоми истифода аз маводхои блог истинод ба мачаллаи «Дилкушо» хатми аст.

комментария 3

  1. Нигора СОЛИ 2011 барои шумо соли омаднок бошад. чихелеки орзу хавас доред.илохо расед зебоги ва овозатон худо дод аст.шумобарин саъткорон каманд.сурудхои нав харакат кунед бисёр ежод карданда мо мухлисо ташнаи суруди шумоем ба шумо омад дар омони худо бошед хамеша сарбаланду хушбахт бошед.

    мухлис АЪЗАМ дар САНКТ ПЕТЕРБУРГ

  2. Нигора чаро шумо дар соли равон ин кадар кам намо, Мо мухлисон интизори сурудхои Шумо. Илоё соли 2011 барои шумо соли омаднок бошад. Нигора Вакти шумо сурудхои мехонитон дили ошиконро об мекунед
    Хама зогхо суруд хондан наметавонад. Шумо Бул-були Сахнаи точикистон НИГОРА НИГОРА НИГОРА!!!

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s