• Статистика

  • Blog Stats

    • 523,781 hits
  • Flag Counter

CОЛЕ, КИ ДАРГУЗАР ШУД …

Sadriddin, Shabnam, Muhammadrafi, Noziya, Jonibek, Firuza, Shahrom Садриддин, Шабнам, Чонибек, Нозия, Мухаммадрафи, Фируза, Шахром

Sadriddin, Shabnam, Muhammadrafi, Noziya, Jonibek, Firuza, Shahrom Садриддин, Шабнам, Чонибек, Нозия, Мухаммадрафи, Фируза, Шахром

Инак боз як соли дигар сипарӣ гашт аз умри мо. Ва Соли нави 2011- соли харгӯш дар остонаи дар қарор дорад. Соли равон бо ҳама неку бадаш даргузар шуд ва хотироти неке аз худ боқӣ гузошт. Аммо он барои кӣ чӣ гуна сол буд? Биёед беҳтараш ин саволро ба ҳунармандони писандидаамон дода посухашро мешунавем.

Ҷонибеки Мурод:

— Соли гузашта бароям яке аз солҳои беҳтарини зиндагиам буд. Зеро дар ин сол танҳо пешравию комёбӣ маро думболагир шуд. Дар ин сол ман дар манзараҳои биҳиштосои Тоҷикистон ва давлатҳои дигар, аз ҷумла Амрико, Аврупо, Русия, Тошканд ва Дубай, ки сафарҳои хотирмон доштам, клипҳои беҳтарини хешро сабт намудам. Аз Худованди бузург шукргузорам, ки дар инсол бароям танҳо пирӯзиву муваффақиятро насиб гардонид. Аз соли нави 2011 бошад умедҳои зиёде дорам. Мехоҳам кишвари азизам ободу тинҷу осуда бошад, ки мо ҳунармандон тавонем озодона дар пайи эҷодҳои наву сабти навоҳои тозатарин шавем ва мухлисони азизу қадрдони худро болидахотир гардонем.

Нозияи Кароматулло:

— Соле, ки сипарӣ гашт, бароям ниҳоят хотирмону ҷолиб буд. Зеро дар ин сол ман бо пирӯзиву сарбалндӣ соҳиби дипломи аълои консерваторияи ҳунарии Ҳиндустон гаштам ва дар зодрӯзи падар – 29-уми ноябри соли равон тавонистам ёру дӯстон ва мухлисони он кас ва худро ҷамъ оварда рӯҳи поки падари бузургворро шод гардонам ва ба ҳаводорони ҳунар ғановати бештареро ҳадя созам. Умуман соли 2010-ро метавонам барои худу аҳли оилаамон соли бобарор ҳисоб кунам. Худо кунад, ки ҳама соли зиндагӣ чунин бобарору нотакрор бошад.

Шаҳроми Абӯбакр:

— Ҳар соли нав бо омад-омаду худ хотири касро шод мегардонад. Новобаста аз он ки соли гузашта чӣ сол буд , аз ҳар рӯзу ҳар соли додаи Худовандро шукрона мебояд кард. Ман ҳам инсони шукргузорам ва соли гузаштаро бо ҳама неку бадаш шукр мегӯям. Ба ҳамаи консертҳои идона даъват гаштаам ва дар ин арафаи соли нав кӯшиш мекунам ҳамеша дар мадди назари мухлисони азизам бошам. Ҳоло бошад барои сабти консерти идонаи телевизиони «Сафина» рафта истодаам, то ки таронаи нави хешро, ки махсус барои Соли нав омода намудаам, ба ҳаводорони асили хеш пешкаш созам мисли тӯҳфаи солинавӣ.

Фирӯза Ҳафизова:

— Соли гузашта бароям соли барору кушоишҳо буд. Гарчи бештари вақтам барои ташвиши сохтмон гузашт, аммо аз он қаноатмандам , ки он ба итмом расиду ман дар пойтахт соҳиби хонаи худ гаштам. Бо вуҷуди ҳамаи ин тавонистам дар ин муддати сертараддуду серташвиш буданам албоми дуюми хешро таҳия намуда пешкаши мухлисони арзандаи хеш созам. Орзу дорам, ки Соли 2011 барои тамоми ҳамватанони азизам, мухлисони арҷмандам соли барору пешравию беғамию тинҷию осоиштагӣ бошад. Бигзор рӯи хонашон ҳамеша пури нону хонааш мисли ҳамешагӣ сермеҳмон ва ризқу рӯзиашон фаровон бошад! Каму ғамро ҳаргиз набинанд.

Муҳаммадрафии Кароматулло:

— Соли гузашта бо ҳама ташвишҳову даву тозҳояш бароям хубу хотирмон буд. Ба ҳама маълум аст, ки мо аҳли оила барои консерти ҳисоботии хоҳари азизам ташвишу тараддудҳо доштем. Ва хеле мамнунам, ки он бо фараҳу шодмонӣ ва қадрдониву дастгирии мардумони азизам ба дараҷаи олӣ гузашт. Соли гузаштаро соли накӯву неканҷом гӯям меарзад. Соли нави имсоларо барои ҳамаи ҳамватанонам табрику шодбош мегӯям. Бигзор имсолу ҳама сол барояшон соли фараҳу шодмонӣ ва осудагӣ бошад.

ДИЛКУШО

Хангоми истифода аз маводхои блог истинод ба мачаллаи «Дилкушо» хатми аст.

Один ответ

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s