• Статистика

  • Blog Stats

    • 524,309 hits
  • Flag Counter

ИДЕАЛИ РАНИ МУКХЕРҶИ ГИТЛЕР АСТ?

Рани Мукхерчи Rani Mukhergi

Рани Мукхерчи Rani Mukhergi

Рани Мукхерҷи яке аз ситораҳои тобноки олами синамои Ҳиндустон ба ҳисоб меравад. ӯ 21 марти соли 1978 дар Банғола (Бенгалия) чашм ба олами ҳастӣ боз намудааст. Аз соли 1996 инҷониб қариб дар 40 кинофилм нақшҳои ҷолибу диданӣ офаридааст. Имрӯз ӯ яке аз бонуҳои зеботарин ва машҳуртарини Ҳиндустон ба ҳисоб меравад.

 

Атри писандидааш: Поло Спорт

Филми дӯстдоштааш : Титаник

Қаҳрамони дӯстдоштааш: Арчи ва Доналд аз филми мултипликатсионӣ

Машғулияти дӯстдоштаи ӯ: азхуд кардани рақси классикӣ

Аз чӣ парҳез дорад: нӯшобаҳои хунук

Ғизои писандидааш: ҳар он чизӯ ки дар хона тайёр мекунанд

Дӯстони беҳтаринаш: Абхишек Баччан, Амир Хон, Сандҳей Лила, Каран Ҷохар ва Рекха

Аслан Рани аз оилаи банғолагӣ буда, пайвандонаш бо синамо алоқамандӣ доранд. Падараш Рам Мукхерҷи собиқ коргардон, модараш бошад дар ҷавонӣ ба сифати овозхони пасикадрии филмҳо фаъолият менамуд. Бародараш Раҷ Мукхерҷи – продюсер. Баъди хатми мактаби миёна Рани пешниҳоди синамогарони Мумбайро қабул намуда, ҳаёти минбаъдаи хешро ба синамо бахшидааст. ӯ дар як муддати кӯтоҳ ба муваффақиятҳои бештарин ноил мегардад.

Роҳ ба сӯйи шӯҳрат

Гарчи нақши аввалини Рани дар филми Raja Ki Aayegi Baraat (1996) ӯро комёб нагардонид, вале баъди бозидани нақш дар филми «Дар зиндагӣ ҳама чиз мешавад» ( Kuch Kuch Hota Hai -1998) ӯро машҳур гардонид. Баъд аз ин Раниро ба чандин филмҳои машҳури он солҳо даъват намуданд.

Соли 2003 дар филми «Бо роҳи муҳаббат» бо Шоҳрух Хон нақш офарида нотакрории ҳунари хешро ба тамошобинон муаррифӣ намуд. Ҳамчунин нақши офаридааш дар филми «Вир ва Зара» ба Рани шӯҳрати беандоза ва ҷоизаҳои зиёде овард. Рани ҳамеша барои нақшҳои офаридааш новобаста аз чигунагии филм баҳои сазоворро соҳиб мегардад. Барои нақшофарӣ дар филми «Black» (Сиёҳ) низ (соли 2006) Рани сазовори ҷоизаҳои беҳтарин гардид.

Ҳаёти шахсӣ

Овозаҳо оиди хонадоршавии Рани зиёданд, вале ӯ ҳар дафъа қатъиян ин навигариҳоро дар хусуси ишқи навбатиаш рад мекунад. ӯ ҳамеша шӯҳратро аз муҳаббат боло гузошта андеша дорад, ки муҳим аз ҳама дар ҷодаи синамо мавқеи худро пайдо кардан аст. Дар расонаҳои хабарӣ боз ҳам дар хусуси хонадоршавии ӯ бо продюсер ва хӯҷаини ширкати синамогарии «Яш-Раҷ-Филмс» Адита Чопра менависанд. Инчунин мегӯянд, ки мавсуф ба хотири бо Рани ҳамхона гаштан аз ҳамсари худ ҷудо шудааст. Аммо ҳамаи ин овозаҳоро ҳарду рад мекунанд.

Гитлер идеали Рани аст?

Соли 2005 ҳама Раниро барои як посухаш ба саволи додаи рӯзномаи британӣ муҳокима менамуданд. Зеро ӯ ба саволи он ки: «Киро идеали худ меҳисобед?» гӯё ҷавоб гардонда буд, ки Адолф Гитлерро. Соле пас Рани ин гуфтаашро тамоман инкор намудааст.

Рани эҳсонкор аст

Рани Мукерҷи ба ғайр аз иҷрои нақшҳои ҷолиб дар филмҳо инчунин ба эҳсонкорӣ машғул аст. Соли 2005 дар Ню-Деҳли ба фонди миллии «Кӯмак ба маъюбон» ӯ маблағи муайянеро ирсол намуд. Соли 2008 бошад ӯ зодрӯзи хешро бо донишҷӯёни нобино ва гунг, ки барояш дар офаридани нақши «Оҷиза Мишел» кӯмак расонида буданд, ҷашн гирифта, хотири ин тоифа ҷавонҳои оҷизу нотавонро шод гардонд.

Инчунин Рани нисфи гонорари аз шоу-барномаи «Кӣ миллионер шудан мехоҳад?»-ро, ки бо Прити Зинта баромад намуда ба он соҳиб гардида буд, ба бемористони «Оилаи муқаддас» ҳадя намуд. Рани мегӯяд, ки дар бемористони мазкур кӯдаконе ниёз ба муолиҷа доранд, ки бемории қалб азияташон медиҳад. Ва ин бемории мудҳиш имрӯз проблемаи аввалиндараҷаи Ҳиндустон ба ҳисоб рафта чандин нафарон, хоса кӯдакон ба он мубталоянд.

ДИЛКУШО

Хангоми истифода аз маводхои блог истинод ба мачаллаи «Дилкушо» хатми аст.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s