• Статистика

  • Blog Stats

    • 524,359 hits
  • Flag Counter

МЕҲРНИГОРИ РУСТАМ: «НАВРАСИ – АЙЁМИ ҲУНАРОМУЗИ АСТ»

Мехрнигори Рустам Mehrinigori Rustam

Мехрнигори Рустам Mehrinigori Rustam

Номи ин духтараки маҳинпайкари нозукадо, ки ҷавонтарин ва хушсадотарин сароянда аст, имрӯзҳо байни мардум шӯҳратёр гаштаву дар дилҳошон маскан гирифтааст. Чун ӯ ба саҳна мебарояд садои таҳсину офарин ва кафкӯбиҳои беохири мухлисон барояш нерӯи тоза ва пару бол мебахшанд. Бо вуҷуди хеле ҷавон будан дар ҷодаи ҳунар мавқеи хешро ёфтаву санъату ҳунари тоҷикро берун аз мамлакат муаррифӣ кардааст. Айни замон Меҳрнигор хонандаи синфи 11 дабистони байналмилалии Тоҷикистон аст. Вале ӯ дар оянда чӣ нақшаву ниятҳо дорад, оё аз пайи ҳунар меравад ва ё соҳиби касби дигар шуданӣ аст? Ба ин саволи хеш танҳо дар ин сӯҳбати кӯтоҳ ҷавоб хоҳӣ ёфт, хонандаи азиз.

— Меҳрнигорҷон, имсол, ки мактабро хатм мекунед, албатта нияти санъаткор шуданро доред?

— Бале, ман санъаткор шуданиам, аммо модарам орзу доранд, ки дипломат шавам.

— Дӯстони худро чӣ гуна интихоб менамоед?

— Дӯсти аз ҳама наздикам ва дугонаи меҳрубонам низ модарам мебошанд ки бароям нозбардору мӯнису парастор ҳастанд.

Аз бонувони ҳунарманд бештар ба кӣ таваҷҷӯҳ доред?

— Ҳамаи бонувони ҳунарро дӯст медорам. Аз ҳама бештар таваҷҷӯҳам ба Шабнами Сурайё аст. Садои ӯро хеле зиёд мепарастаму гӯш мекунам.

— Дар интихоби шеъру оҳанг мададгори шумо кист?

— Албатта модарам дар ин соҳа низ маро дастгирӣ мекунанду барои интихоби матну оҳанг кӯмак мерасонанд. Аз овони кӯдакӣ бо оҳангсозон Орзу Орзуев, Шариф Бедаков ҳамкорӣ дорам, ҳоло бошад бо акаи Даврон ва Амирбеки Мӯсо ҳамкории хешро давом медиҳем.

— Дар толори консерти худро озод ҳис мекунед ё дар толори мактаб?

— Ҳар куҷое, ки бошам саҳна бароям ҷои муқаддас аст, агар як тамошобин дошта бошад ҳам. Ман бо тамоми дил ба он дода мешавам ва дар ҳама ҳолат рӯи он озодаму дар дунёи худ ворид мешавам.

— Аз рӯи шунидам соли гузашта барои иштирок дар озмуне ба давлати Туркия рафта будед ва чӣ гуна озмун буд он ва чӣ таассуроте аз худ дар рӯҳияи шумо гузошт?

— Ман аз Туркия бо як таассуроти хеле аҷиб баргаштам. Он ҷо моро хеле хуб пазируфтанд. Хело зиёд суруд хондани мо ва либосҳои миллиамон писанд афтод. Ман асосан барои иштирок дар олимпиадаи сароидани сурудҳои туркӣ ширкат варзидам. Бо сари баланд ба Тоҷикистон баргаштам. Вақте ки суруди машҳуру қадимии туркӣ дар бобати ишқу зиндагиро сароидам. Номаш тели турна буд. Ба перзиденти Туркия хеле зиёд писанд афтод.

Чун сурудро ба итмом расонидам ӯ маро ба назди худ даъват намуд ва таассуроти сафари дар Тоҷикистон доштаи хешро иброз намуд. Ман хело шодам, ки бо ҳунари хеш Тоҷикистони азизамро муаррифӣ менамоям. Он ҷо медали нуқра гирифтам. Инчунин дар озмуни сурудхонӣ ба забони туркӣ медали тиллоро сазовор гардидам. Дар олимпиадаи забондонӣ ман бо донистани забони туркӣ медали нуқраро соҳиб шудам.

-Шумо байни хонандагони Туркия ва Тоҷикистон ягон фарқияти куллиро ҳис намудед?

-Бинобар шароитҳои васеътар доштан хонандагони он ҷо фаъолтаранд. Аммо дар Тоҷикистон низ дониши хонандагони литсейҳои туркӣ ба талаботҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯй гаштааст. Ман инро зимни иштирок дар ин озмунҳо ҳис кардам. Мо ҳамеша одат кардаем, ки донишу фаҳмиши асосан аврупоиёнро дар сатҳи баланд пиндорем. Имрӯзҳо ҷавонони тоҷик дар тамоми давлатҳои дунё таҳсил доранду дониши хеле фарроху замонавӣ доранд.

— Ғайри суруд хондан боз кадом ҳунар аз дастатон меояд?

— Мехоҳам тамоми ҳунарҳоро аз худ намоям. Барои либосҳои саҳнавиям худам тарроҳӣ мекунам, яъне расмашро мекашам баъд ба дӯзанда пешниҳод мекунам. Навохтани гитара, омӯхтани забону рақси классикии ҳиндӣ имрӯзҳо маро сӯйи худ мехонад. Ҳоло , ки ҷавон ҳастам фикр мекунам, ки фақат омӯхтану боз омӯхтанам лозим аст.

— Ба шумо дар ҷодаи ҳунар барору тавфиқро талабгорем.

— Ман ҳам орзу дорам, ки ҳамаи қаламкашон доимо саломат бошанд ва ҳамеша хабарҳои аниқу тозатаринро пешкаши хонандагон гардонанд. Ба кулли мардумони Тоҷикистон тансиҳативу хонаободӣ ва хушрӯзгориро хоҳонам.

Савол ба модари Меҳрнигор Адибаи Рустам:

-Айни замон барои Меҳрнигор давраи гузариш аст ва ӯ шояд шуморо азият медиҳад?

-Азият ба он маъное, ки ҳозир ба гуфти худатон давраи гузариш аст ва дар ин синну сол овоз низ дар арафаи тағирёбист ва суруд хондан хатарнок ҳам ҳаст. Ман намехостам, ки ӯ дар ин озмун иштирок намояд ва сурудонӣ намояд. Овоз ҳангоми ба балоғатрасӣ иваз мешавад ва мебоист дар ин вақт овозро эҳтиёт намоӣ. Инчунин давраи гузаришро ҳар ки ҳар хел мегузаронад. Яъне хислату рафтор низ дигар мешавад.

Худоро шукр Меҳрнигор духтари рамузфаҳм аст. Танҳо андаке зудранҷ гаштаасту халос. Аз ҳарфи баде зуд хафа мешавад. Умуман ҳарфи дағалро дӯст намедорад. Зеро худаш нармгуфтор аст. Дар ин давра метавонам гӯям, ки ӯ маро азият надодаст. Ҳар он сухане, ки ба ӯ мегӯям аз он саркашӣ намекунад ва хоҳишҳои маро бо ҷону дил ба иҷро мерасонад.

ДИЛКУШО

Хангоми истифода аз маводхои блог истинод ба мачаллаи «Дилкушо» хатми аст.

комментария 2

  1. Салом Мехрнигор

  2. ман турохоам мехрнигор ман искандар 8-сол мешавад ки ман дар москва хамчун менежр кор мекунам аммо ман як хохиш дорам агар бар номи мани гариб я байт хони ман туро аз сару поят тило мерезам бо этиром ИСКАНДАР

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s