• Статистика

  • Blog Stats

    • 523,781 hits
  • Flag Counter

ШАБНАМИ СОБИРИ: « У АРЗАНДАИ МУҲАББАТИ ЗЕБОЯМ АСТ»

Шабнами Собири Shabnami Sobiri 1

Шабнами Собири Shabnami Sobiri 1

Ин бонуи ҳунар чандест, ки дар ҷодаи ҳунар гомҳои устуворонаи хешро гузоштаӯ дили мардуми ҳунардӯстро моили худ гардонидааст. Бо таронаҳои ошиқонаю садои рӯҳнавозаш дили мухлисонро тасхир намудаю маҳбуби дилҳо гаштааст. Аз ҳунари атокардаи Худованд шукргузор асту ҳамеша дар пайи эҷоду ҷустуҷӯ ва талошҳо аст. Зангҳои бешумори хонандагони ҳафтаномаи мо, ки ҳамзамон мухлиси ин бонуи ҳунар ҳастанд, моро водор намуд, ки ба суроғи ин ҳунарманди хушсалиқа биравем ва сӯҳбате ороем баҳри болидагии хотири ҳаводорони бешумораш. Зеро хоҳиши хонандагони ҳафтанома барои мо дар ҷойи аввал меистад.

 

— Шабнамбону, соле, ки даргузар шуд, бароятон чӣ гуна сол буд?

— Албатта, соли гузашта бароям ҳаматарафа соли барору комёбиҳо буд. Дар ин соли пурбаракат дар консертҳои дастҷамъӣ ширкат намуда албоми хешро баровардам. Умуман дар ҳама ҷода маро барору муваффақият ёр буд гӯям, хато нахоҳад буд. Зеро соли паланг соли бофайзу олидараҷа будааст.

— Мегӯянд, ки албоми нави худ «Ҷони ширин»-ро ба шавҳари худ бахшидаед?

— Албатта, ӯ охир арзандаи муҳаббати зебоям аст ва месазад, ки тамоми эҷодиёти худро ба ӯ бахшам.

— Бештар шавҳарон ба ҳамсарони ҳунарманди хеш рашк намуда барои равнақи ҳунарашон монеъ мешаванд.

— Аммо шавҳари азизи ман аз аҳли ҳунар аст. Марди бофарҳангу мефаҳмидагӣ аст. Кори маро пеш мебарад. Барои равнақи ҳунару таҳияи оҳангҳои навам дастгириву кӯмаки худро дареғ намедорад. Пас чӣ гуна метавонам ӯро ҷони ширин ном набарам.

— Кай эҳсос кардед, ки ҳунари сарояндагӣ доред?

— Ҳанӯз аз овони кӯдакиам дар ҳамаи маҳфилҳо суруд хонда хотири ҳаводорони ҳунарро шод мегардонидам.

-Дар ягон соҳаи санъат фаъолият доред?

— Айни замон дар хона нишаста сурудҳои нави хешро эҷод карда истодаам.

— Барои як нафар бонуи ҳунарманди эҷодкор байни ҷамъият будан хуб аст ё танҳоӣ?

— Албатта, байни мардум будан маро писанд аст. Хоса, байни мардуме, ки санъаткорро мефаҳмаду ба қадри ҳунару эҷод мерасад. Танҳоиро дӯст намедорам.

— Аксари эҷодкорон лаҳзаи илҳоми хешро дар танҳоӣ маънидод мекунанд…

— Аммо ман аз танҳоӣ метарсам.

— Хушбахтии комилро дар чӣ мебинед?

— Дар оилаи ободу шавҳари вафодору мефаҳмидагӣ ва фарзандони неку фарзонаву солеҳ.

— Ҳафтаномаи моро меписандед?

— Албатта, охир пур кардани сканвордҳоро варзиши ақл мегӯянд ва ба андешаи ман вақтҳои охир он хеле хонданбобу ҷолиб гаштааст ва хонандаро ба худаш ҷалб карда метавонад. Ман ҳамеша онро харидорӣ мекунам ва он яке аз писандидатарин ҳафтаномаи оилаи мо гаштааст. Зеро барои тарғиби ҳунари мо низ ҳиссагузор аст.

— Аз соли нави 2011 чӣ умедҳо доред?

— Мисли ҳамаи ҳунармандон мехоҳам албоми навамро таҳия намуда , консерти худро баргузор намоям.

— Таманниёти шумо ба хонандагони ҳафтаномаи мо?

— Пеш аз ҳама мехоҳам кулли хонандагони ҳафтаномаатон ва мардуми азизи Тоҷикистон сарбаланду хонаободу тинҷу осуда бошад. Ин асоси равнақу комёбии мо ҳунармандон аст. Зеро дар ҳолати нотинҷӣ кадом кас метавонад рӯ ба суруду мусиқӣ орад. Мехоҳам мардуми азизамро ҳамеша сарватманду дур аз ғаму кам бинам.

-Ташаккур барои сӯҳбати хушу гуворо!

— Саломат бошед, қаламкашони ҳафтаномаи «Дилкушо»!

ДИЛКУШО

Хангоми истифода аз маводхои блог истинод ба мачаллаи «Дилкушо» хатми аст.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s