• Статистика

  • Blog Stats

    • 524,359 hits
  • Flag Counter

ШАМСИДДИНИ СОДИҚИ: «ИШҚИ НАВ» ЯК ИШҚИ МАН НЕСТ»

 

Шамсиддинии Содики Shamsiddini Sodiqi

Шамсиддинии Содики Shamsiddini Sodiqi

Шамсиддин Содиқӣ – 1 августи соли 1990 дар деҳаи Моҳинкаҷи ноҳияи Рӯдакӣ дар оилаи коргар чашм ба олами ҳастӣ во кардааст. Баъди хатми мактаби миёна соли 2006 таҳсили худро дар колеҷи санъати Аҳмад Бобоқулов давом додаст. Гарчи хеле ҷавон аст ва дар ҷодаи санъат қадамҳои нахустини хешро мегузорад, аммо он қадамҳо устуворонаанду ӯро хеле зуд байни ҷавонони ҳунардӯст муаррифӣ намудаанд. Дунёи ҷавонӣ, дунёи пур аз меҳру садоқату ишқу зебоӣ аст ва онро Шамсиддини ҷавон месарояду ба дарди аз ишқ захмингаштаи ошиқони навмедгашта дармон мебахшад.

 

Онҳо дар сурудҳои ин ҳунарманди ҷавон дарди дили хешро эҳсос карда таронаҳои ӯро бо ташнагиҳои зиёд гӯш мекунанду мепарастанд. Инак бо як сӯҳбати кӯтоҳ тавонистем аз розу ниёзҳои ӯ огоҳ гашта онро ба шумо хонандагони арҷманд пешкаш созем.

– Соли гузашта бароятон чӣ гуна сол буд?

– Соле, ки сипарӣ гашт бароям соли барору комёбиҳо буд. Зеро ба саҳнаи ҳунар ворид гаштам, байни мардум муаррифӣ шудам, мухлисони азизи хешро пайдо кардам. Гумон мекунам барои санъаткор аз ин бахти бузургтаре нест.

– Дар ҷодаи ҳунар киро устоди аввалини хеш меҳисобед?

– Аввалин шахсе, ки маро ҳамчун сароянда кашф намуд , модарам Саидова Муродгул мебошад. Зеро аз кудакӣ дар тамоми ҷамомаҳои мактабӣ маро ҳамроҳӣ мекарданд. Меҳри суруду мусиқиро маҳз он кас дар қалби ман ҷой доданд. Сипосгузорам аз ин шахси азизу муқаддас, ки маро дар ин ҷода роҳнамо гаштанд. Инчунин Фахриддин Саъдиев дар ин ҷода маро дастгиру раҳнамо ҳастанд.

– Дар мактаб хонандаи фаъол будед?

– Бале, сардори синф будам.

– Кадом рафтори духтари тоҷик шуморо писанд нест?

– Аслан кибру ғуруру худписандӣ хоси духтарон нест. Мехоҳам духтари тоҷикро бо шарму ҳаё ва хоксор бинам . Зеро зан рамзи муҳаббат ва амсоли гулест, ки ҳамаи зебогиҳои ҳаётро дар худ нигоҳ медорад. Зебогии зан дар иффату ҳаё ва нармгуфториву кадбонугиаш зоҳир мегардад .

– Суруди аввалини хешро дар хотир доред?

–Суруди аввалини ман « Бароям гиря кун умре» ном дошт ки таҳиягари он Соҳибқирони Нозим буд. Он суруд маро роҳкушо ба олами санъат гардид.

– Мегӯянд, ки албоми худро таҳия кардаед?

– Бале, бо дастгирии устодон нахусталбоми банда бо номи « Ишқи нав» соли 2009 пешкаши мухлисон гардид. Умедворам, ки он аз тарафи ҳаводоронам хуб пазируфта гардид.

-Чаро ишқи нав?

— Зеро дили шахси эҷодкор ҳамеша ҷӯёи ишқи нав аст. Ишқ ба кас болу пар ва нерӯи тоза мебахшад, зиндагиро рангину гуворо месозад ва ниҳоят манбаи илҳом низ ҳаст ишқи зебову арзанда.

– Аз интихоби касби худ боре пушаймон шудаед?

– Шукронаи Парвардигор, ки соҳибҳунарам гардонид ва асло пушаймон нестам, ки дар ин ҷода фаъолият мекунам. Баръакс меболам,аз он ки сурудҳоям писанди мухлисонам ҳастанд ва лаҳзае ҳам бошад қалби озурдаи эшонро хушҳол мегардонам.

– Агар коратон барор нагирад алами онро аз кӣ мегиред?

– Дар ҳолати хастагиҳо фортепиано мададгори ман аст, ки онро менавозаму тамоми андӯҳи дилам бартараф мешавад. Яъне ноомади кори худро аз Худоҷон медонам ва ҳеҷ гоҳ алами онро аз каси дигар намегирам. Зеро ин рафтори нодуруст аст. Ба андешаи банда барои ҳамаи додаву нодода ва омаду ноомадҳо низ шукрона бояд кард, на қасосгирӣ

-Боз кадом асбоби мусиқиро навохта метавонед?

— Навохтани тамоми асбобҳои мусиқӣ аз дастам меояд.

— Шумо бевафоӣ дидаед?

— Не, Худо нишон надиҳад.

— Пас, дар сурудҳоятон чаро ҳамеша аз ишқ нолонед?

— Охир ман дарди мардумро, яъне дарди кулли ҷавонону дӯстонамро аз ҷавшани ҷони хеш мегузаронам ва онро бо суруд ифшо месозам.

— Таманниёти шумо ба мухлисон?

— Ба ҳамаи хонандагони ҳафтаномаи шумо сиҳатмандӣ, пирӯзӣ ва дар рӯзгорашон файзу баракатро таманно намуда орзуманди онам, ки ҳамеша бо «Дилкушо» бошанд.

— Ташакур!

ДИЛКУШО

Хангоми истифода аз маводхои блог истинод ба мачаллаи «Дилкушо» хатми аст.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s