• Статистика

  • Blog Stats

    • 523,781 hits
  • Flag Counter

«МАЙКЛ ҶЕКСОН ИНСОНИ АСИЛ БУД»

Майкл Джексон  Michael Jackson

Майкл Джексон Michael Jackson

Коргардон Самвел Гаспаров, ҳамсари актрисаи машҳури синамои рус Наталя Вавилова  нақл мекунад, ки чӣ тавр бори нахустин ба Россия ситораи мусиқии ҷаҳон Майкл Ҷексонро оварда буд.

Медонед, ман нахустин шахсе будам, ки ба Москва Майкл Ҷексонро овард. Дар натиҷаи ин дар як шаб 1 миллиону 200 ҳазор доллар аз даст додам. Гап дар ин ки тамоми продюсерҳои шоу-бизнеси Москва бар зидди ман бархостанд. Онҳо ҳамаи корҳои аз дасташон меомадаро карданд, ки консерти ситораи мусиқӣ барпо нашавад ва қариб ба ин ноил шуданд: дар рӯзи консерт варзишгоҳи азим холӣ буд, дар он танҳо тақрибан 50 нафар тамошобин ҷамъ омада буд.

Борони сел меборид, Майкл ва продюсери вай дар ғояти ғазаб дар пардозхона менишастанд. Ин лаҳза ман дарк мекардам, ки тамоми дороиямро бохтаам. Бо сари хам ноумеду дилшикаста нишаста будам, ки зани солхӯрдае ба наздам омада, бо чашмони пурашк хоҳиш кард: «Духтари ман қариб тамоман нобино аст, танҳо се фоиз биноӣ дорад. Вай мухлиси ашаддии Майкл Ҷексон аст. Ана, расмашро кашидааст. Илтимос мекунам, онро пеши Майкл баред, то ки барои духтарам дар он соядаст гузорад».

Ман варақеро, ки зан дароз кард, гирифтам ва ба назди Ҷексон рафтам. Он ҷо Ҷексон, продюсераш Марсел Авраам ва табиби шахсии ситора – ҷавонмарди хеле хуб, ки ба русӣ озодона ҳарф мезад – менишастанд. «Бигзор Майкл барои як духтари нобино ҳамин ҷо имзо гузорад», — гуфтам ба онҳо. М.Авраам қариб аз курсияш меафтид. «Э мардак! Ту якуним миллион долларро аз даст додаӣ! Мо беҳуда ба ин СССР омадаем! Ва дар ҳамин ҳолат ту барои кадом як духтарак имзо мепурсӣ?!» «Ҳа!- дод задам ман дар ҷавоб. – Ман ҳама дороиямро бохтам! Барои ман дигар фарқе надорад! Аммо барои ин духтар имзои Майкл муҳим аст! Шояд вай ҳатто барои дидани имзо бино шавад!»

Майкл аз онҳо пурсид, ки чӣ гап аст. Продюсеру табиб фаҳмонданд. Ва Ҷексон, ки аввал ба назарам одам нею, лӯхтаки беҷону ҳис менамуд, расмро гирифта соядаст гузошту гуфт: «Ба вай гӯед, ки ман мехонам. Инҷо ҳама девонаанд. Лекин вақте ки одам ба ин хел вазъият афтида, барои кадом як духтараки нобинои барояш ношинос соядаст мепурсад, ман наметавонам нахонам. Ту бошӣ, — ба ман рӯ овард вай. – Касеро метавонӣ ба варзишгоҳ даровардан гир».

Ман ҳамин хел ҳам кардам ва консерт баргузор шуд. Воқеан барои консерт Майкл аз ман ягон танга нагирифт. Бахшид. Аз ин рӯ вақте дар бораи Майкл ҳаргуна суханҳои носазо мегӯянд, бовар кардан намехоҳам. Вай инсони асил буд. Танҳо ин гуна инсон метавонист мисли вай рафтор кунад.

Дар хона ба Наташа гуфтам, ки ман аз ӯҳдаи корам набаромадам, бозиамро бохтам. Аммо вай ба ман ҷавоб дод: «Ту ғалаба кардӣ! Консерт бар хилофи ҳамаи монеаҳо баргузор шуд. Мардум ба шарофати кӯшишҳои ту Ҷексонро диданд! Муҳимаш ин аст! Пулро бошад меёбем. Даркор бошад, хонаю мошинҳоро мефурӯшему қарзҳоятро бармегардонем». Ман аз ӯ ягон ҳарфи таъна нашунидам. Зани ҳақиқӣ ана ин хел бояд бошад. Ва ҳунарпешаи ҳақиқӣ бояд мисли Майкл Ҷексон бошад.

ДИЛКУШО

Хангоми истифода аз маводхои блог истинод ба мачаллаи «Дилкушо» хатми аст.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s