• Статистика

  • Blog Stats

    • 524,359 hits
  • Flag Counter

ФАРРУХ ЗОКИРОВРО ҚИРОАТИ «ҚУРЪОН» МАШҲУР КАРД

Farrux ZOKIROV Фаррух Зокиров

Farrux ZOKIROV Фаррух Зокиров

Роҳбар ва яккахони ансамбли машҳури эстрадии «Ялла» Фаррух Зокировро тамоми СССР мешинохт. Таронаҳои ӯ «Учкудук», «Шаҳрисабз» ва дигарон ҳамагонро новобаста аз миллату халқият тасхиру мафтун месохтанд. Баъди пошхӯрии Шӯравӣ овозхони маъруф муддате вазири фарҳанги ӯзбекистон шуда кор кард, аммо рӯҳи эҷодкор ӯро водор намуд, ки тарки утоқҳои расмӣ кунад. Алҳол синни ҳунарпеша аз 60 гузашта бошад ҳам, аз пайи кору эҷод аст. Мо ин ҷо интихобан якчанд суолу ҷавобро бо ӯ аз рӯзномаи русии «Экспресс-Г» ба шумо, хонандагони арҷманд, фароҳам овардем. Умедворем, ин иқтибос аз мусоҳиба бароятон мароқовар хоҳад буд.

Мегӯянд, шумо ҳатто замоне, ки вазифаи вазириро иҷро мекардед, ҳар рӯзи истироҳат дар тӯю ҷашнвораҳои мардум иштирок доштед…

— Ин комилан рост аст. Дар ӯзбекистон дар тӯйҳои мардум хизмат кардан шарафи бузург аст. Одамон барои даъват намудани артистҳои номӣ пул ҷамъ мекунанд.

Агар маро даъват намоянд, магар метавонам рад кунам?!

— Шумо дар хонаи хусусӣ зиндагӣ мекунед ва ё дар бинои бисёрошёна?

— Танҳо якчанд сол пеш тавонистам хона созам. Бо ҳамсарам Анна (вай рус аст) дар он якҷоя зиндагӣ мекунем. Ин издивоҷи дуюми ман аст. Бахти якум, тавре мегӯянд, ба рӯям нахандид. Бо вуҷуди он бо писари калониам Саид, ки аз зани якумам аст, мефахрам. Вай дар Амрико хонда омадааст ва ҳоло дар ватан ба соҳибкорӣ машғул аст. Ҳамсари дуюмам аз ман бист сол хурд аст. Бо вай ман хушбахтам. Мо писаре бо номи Миша дорем, ки низ дар Амрико таҳсил карда истодааст.

— СССР-ро ёд намекунед?

— Он вақт зиндагии хуррамона доштем. Ба хотир меорам, ки чӣ тавр боре ҳангоми сафари ҳунарӣ ба Сейлон рӯзноманигори онҷоӣ аз мо суол кард: дар СССР иҷозат ба тоату ибодат ҳаст? Гуфтем, бале. Вале ҳис намудем, ки ба мо бовар намекунанд. Боз пурсиданд: лоақал оятеро аз «Қуръон» қироат намуда метавонед? Ҷавоб додам, ки ин ҷой чандон барои қироат мусоид нест, Худо бахшад маро ва сураеро тиловат намудам. Онҳо аз ҳайрат даҳон во карданд: артист аз «империяи бадӣ» «Қуръон»-ро медонад! Ба ватан баргашта, дар телевизиони марказӣ ин воқеаро нақл кардам. Баранда боварам накард.

Маҷбур шудам боз пораеро аз китоби муқаддас қироат намоям. Ҳамин тариқ, якумин нафаре гардидам, ки дар телевизиони шӯравӣ «Қуръон» хондааст. Ин корам маро дар ҳақиқат машҳур кард.

— Маълум аст, ки шумо ба Афғонистони ба оташи ҷанг гирифтор ҳам сафар доштед.

— Бале. Хусусан дар хотирам ҳаммоми аз танаҳои ракетаҳо сохташуда нақш бастааст, ки дар он мо ҳамроҳи бачаҳои навакак аз амалиёти ҷангӣ баргашта шустушӯ кардем. Боре моро тирборон ҳам намудаанд. Бори дигар «Ялла»-ро ба қасри президенти Афғонистон Наҷибулло даъват намуданд. Дар қаср барои кормандони дафтари давлатӣ ҷашн баргузор мешуд.

Он рӯз ман зодрӯз доштам ва Наҷибулло ба ман соати тиллопӯши тамғаи «Сейбол»-ро ҳадя кард. Дар рӯзи марги вай ин соат аз дастам афтида шикаст. Пеш ҳам ин соат аз дастам меафтид, вале ягон бор хароше ҳам пайдо накарда буд.

ДИЛКУШО

Хангоми истифода аз маводхои блог истинод ба мачаллаи «Дилкушо» хатми аст.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s