• Статистика

  • Blog Stats

    • 524,359 hits
  • Flag Counter

ШАБНАМИ СУРАЙЁ: «НАМЕХОҲАМ ДИГАР ИН ҶО МОНАМ»

Шабнами Сурайё- Shabnami Surayo 2 (1)

Шабнами Сурайё- Shabnami Surayo 2 (1)

Аламҳои Шабнам: аз Фарзона то Ҷонибеку Манижа. Аз мусоҳибаи самимии Шабнами Сурайё бо хабарнигори маҷаллаи VIP-zone К. Комбаров мо ҷойҳоеашро интихоб намуда пешкаши хонандагон мекунем, ки ба маҳбусии хоҳараш Фарзона, бевафоии дӯстон, муносибати Шабнам ба Ҷонибек ва Манижа бахшида шудаанд.


-Аз эфирҳои шабакаҳои телевизионии маҳаллӣ ғайб задани худро чӣ гуна шарҳ медиҳӣ? Чаро дар хориҷа маъруф гардида, чунин шудааст, ки дар ватан ба касе лозим нестӣ?

— Ман ҷавоби ин суолро намедонам.Ин бароям хеле аламовар аст. Дар мамлакатҳои дигар одамон ба ту изҳори ҳурмат менамоянд, қариб мемонад худашонро пеши поят партоянд, дар ин ҷо бошад заррае ҳам эҳтиромро намебинӣ. Ман ҳозир мухлисони худро дар назар надорам, сухан дар бораи зимомдорон меравад.

Дар консерти дастаҷамъии наврӯзӣ ман ду тарона хондам, аммо вақте дидам, ки дар нусхаи барои телевизион тайёркардаи он ягон таронаи ман нест, тааҷҷубамро ҳадду канор набуд. Чаро? Ба ман гуфта метавонанд, ки «либоспӯшиат аз ҳад зиёд озод буд, мо туро ба ин намуд дар ТВ намоиш дода наметавонем». Лекин охир ман барои ин баромадам куртаи махсус омодакардаи миллие пӯшида будам, ки заррае ҳам нишонаи фаҳш надошт. Ва акнун метавонам суол кунам- чаро?

Шумо медонед, ки пеш аз консерти ман дар телевизион ягон реклама нагузашт? Вале бо вуҷуди ин халқ омад ва толор лаболаб пур шуд. Ана ин аст қадрдонии мардум. Вақте халқ дӯст медорад, бе реклама ҳам меояд.

— Наметавонам напурсам, ки чӣ гуна вазъияти бо Фарзона вобастаро паси сар карда истодаӣ?

— Мо дар нимароҳ мондаем. Мо мунтазирем, ки кай ин дӯзах тамом мешавад, кай ин ду соли беохир ба анҷом мерасад. Ҳамаи оилаи мо дар ҳолати даҳшат қарор дорад. Онҳо набояд ин корро мекарданд, охир вай ҳанӯз кӯдак аст. Вай 20-сола аст ва барои ман даҳшатовар аст фикр кардан, ки вай онҷо истода, чӣ санҷишҳоеро аз сар гузаронда истодааст. Агар мушкилие дошта бошад ҳам, вай дар бораи онҳо чизе намегӯяд. Агар мо ягон чизро фаҳмиданӣ шавем, вазъ аз ин бад шудан метавонад.

Ба қарибӣ лозим омад мусоҳибае дошта бошам, ки мавзӯи асосии он мурофиаи судӣ буд. Мусоҳиба чоп шуд, вале кам чиз аз он ба ҳақиқат мувофиқ буд. Ба мо аллакай занг мезананд, мо бошем мефаҳмонем, худамонро сафед мекунем, чунки пагоҳ метавонанд мулоқотҳои бе ин ҳам камшуморамонро бо Фарзона манъ кунанд.

Дирӯз ман дар пеши ӯ будам. Бо тамоми қувва худамро медоштам, кӯшиш мекардам табассум кунам, лекин дар роҳи бозгашт баовоз мегиристаму ба хотир меовардам, ки чӣ гуна ӯ пеши ман ба Америка омада буд, мо барои ӯ пероҳани арӯсӣ интихоб мекардем, чӣ тавр ман рафтани ӯро намехостам. Чаро вай маро гӯш накард? То ҳозир ба худ омада наметавонам. Одамон гап мезананд, чизе мепурсанд, аммо ман дар олами дигарам. Тамоми фикрҳоям дар бораи ӯ.

— Дар паҳлӯятон нафароне ҳастанд, ки дилбардориатон кунанд?

-Вақте ин ҳодиса рӯй дод, дар бари ману модарам ҳеҷ кас намонд. Ана дӯстони «ҳақиқӣ»-и мо! Ҳамаашон якбора ғайб заданд, телефонҳояшонро намебардоштанд, аз афташ, метарсиданд, ки мо пул мепурсем ё умуман, барои худ проблема намехостанд.

Хушбахтона, мо аз ҷиҳати моддӣ мустақилем, агар пул намедоштем, ба гумон аст ягон нафар тарафамон нигоҳ мекард.

Лекин ин дарси хуб аст. Ҳамааш берун баромаду ҷо ба ҷо шуд.

Дар мошин гиря карда мерафтаму таронаҳои Фарзонаро баланд монда гӯш мекардам, ки корманди БДА маро нигоҳ дошт. «Гӯш кун, — гуфт, — ба ту ҳама чизро манъ карданд — чаро мусиқиро ин хел баланд гӯш карда истодаӣ?» Шумо қонуне доред, ки ба ман баланд гӯш кардани мусиқиро манъ кунад? Ман ин қонунҳои мавҷуднабударо эътироф намекунам!

Маълум шуд, ки дар мо чунин аст: касе намехоҳад дар паҳлӯяш шахсеро баландтар бинад. Каме боло бароӣ, даррав мешикананд.

Фарзона барояд, аз ин ҷо меравам. Намехоҳам дигар ин ҷо монам.

… Ман нақшаҳои азим доштам. Бояд дар Амрико, Австралия, Олмон консертҳо доир мекардам. Маҷбур шудам аз ҳамааш даст кашам. Ба ман то ҳозир телефон мекунанд — биё. Аммо чӣ хел ман консерт медиҳам, вақте дар ин ҷо лозимам?

— Агар сабаби асосии дар ТВ нишон надоданат меҳри ту ба либоспӯшии озодона бошад, оё метавонӣ ба роҳи созиш қадам монӣ ва аз услуби хосаат даст кашӣ?

— Не, ҳеҷ гоҳ. Чизеро мехоҳам, ҳамонро мепӯшам. Дигарон чӣ мехоҳанд, мебахшеду парвои инро надорам…

-Ба фикрам, вақти он расид, ки дар бораи муносибатҳоят бо Ҷонибек гап занӣ.

— Намехостам инро гӯям, аммо ҳама бе ин ҳам медонанд. Оре, аз Ҷонибек дилам мондааст. Лекин бо вуҷуди ин сидқан мехоҳам, ки дар зиндагиаш ҳама чиз хуб бошад, минбаъд ҳам пешравӣ кунад, ба тааҷҷуб орад ва дарҳоеро боз намояд, ки паси онҳо ӯро муваффақият интизор бошад.

— Сабаби ин дилсардии шумо чист?

-Вай боре гуфтааст, ки комёбии ман пурра хизмати ӯ аст, вай маро ба Амрико бурдаасту бе ӯ ман ҳеҷ кас нестам. Агар сабти ин суханонашро худам намедидам, бовар намекардам. Ин аст сабаби низои байни мо. Агар ба назаратон сабаб ночиз намуда бошад, мебахшед.

Овозабарону ғайбатчиён дар ҷангандозӣ маҳорати бештар доранд. Ин айнан мисли он ҳодисае аст, ки бо Манижа рӯй дода буд. Ман Манижаро бениҳоят дӯст медораму ҳурмат мекунам. Мо ҳамроҳ дар мактаб, сипас дар донишгоҳ таҳсил кардаем, вай дар тӯи ман дугонаам буд. Вай яке аз сарояндагони беҳтарини замони мо аст ва бо вуҷуди танаффуси кориаш мисли пештара маҳбуби мардум аст. Ва ҳар чизе, ки дар бораи мо мегӯянд, дурӯғ аст.

“VIP-zone”, тарҷумаиДилкушо

Хангоми истифода аз маводхои блог истинод ба мачаллаи «Дилкушо» хатми аст.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s