• Статистика

  • Blog Stats

    • 524,309 hits
  • Flag Counter

Дилноза Каримова: МЕХОҲАМ СОҲИБИ ЧОР ФАРЗАНД ШАВАМ

Дилноза Каримова-Dilnoza Karimova-1

Дилноза Каримова-Dilnoza Karimova-1

Номи Дилноза Каримова- ин духтараки  малеҳпайкари соҳиби овози махмалин имрӯзҳо ба хурду калон ошност. ӯро садои фораму рӯҳнавозаш, ки танҳо хоси худаш аст, байни мухлисону ҳаводоронаш маҳбубу марғуб кардааст. Дилноза асосан духтари зиндадилу шӯхтабиат аст. Метавонад табъи  касро ба таронаҳои дилангезу ҳазли намакинаш болида гардонад. Мо тасмим гирифтем бо ин ҳунарманди хушовоз  сӯҳбати телефонӣ намуда аз розу ниёзҳояш огоҳ шавему пешкаши мухлисону ҳаводорони сершумораш гардонем.

— Барои шумо санъат дар ҷойи аввал аст ё оила?

— Албатта, барои ҳар як шахс новобаста аз касбу кораш оила дар ҷойи аввал  аст. Тинҷиву осудагии оила барои ҳар як нафар муҳим аст. Вақте дар оила тинҷӣ набошад, соҳиби кадом касбе, ки бошӣ, магар метавонӣ коратро ба пеш барӣ?  Агар чевари моҳир бошӣ, дар зиндагиат ноҷӯрие бошад, ҳунари дастат наметавонад мизоҷро қонеъ созад. зеро он дар ҳолати афсурдаҳолӣ ба амал омадааст. Дар тамоми соҳа чунин аст.

Мо ҳунармандон ҳам мисли ҳама инсонҳоем ва чун табиб, омӯзгор, муҳандис ва чевар ҳам дар оила ҳастему ҳам касбамонро ба пеш мебарем.  Гарчи як тоифа мардум ба касби мо бо назари дигар менигаранд.  Шахсан барои ман  масъалаи интихоби яке аз онҳо пеш наомадааст.

Шумо ҳамчун бонуи ҳунарманд худро ба орзуи дили хеш расида меҳисобед?

— Ҳоло ҳам не. Вақте мегӯям, ки пурра ба орзуи дили хеш расидам, пас ман бояд дигар чизе эҷод накунам. Аммо орзуҳо ҳар рӯз дар замири инсонҳо тавлид мешаванд ва беканоранд.  Ин албатта дар ҷодаи ҳунар аст. Дар ҳаёти оилавӣ бошад мехоҳам соҳиби чор фарзанд шавам.

— Имрӯз ҳунармандон бештар ба чӣ ниёз доранд?

— Ман 14 сол инҷониб (аз соли 1997) дар рӯйи саҳнаам. Солҳои аввал ҳама ҳунармандон ба таҷҳизоти замонавӣ ниёзи бештар доштанд. Барои ҳама чиз маҳдудият буд. Аммо имрӯз ҳама чиз дар сатҳи баланд аст ва тамоми эҷодкорон озоданд ва метавонанд дар куҷое, ки хоҳанд, рафта клипи хешро  таҳия созанд. Ин гувоҳи зиндагии тинҷу осудаи мардум аст дар замони соҳибистиқлолӣ. Ҳамзамон фикр мекунам, ки ниёзи аз ҳама беш барои ҳунармандон ин дастгириву меҳру ихлоси мухлисони азиз аст.

— Барои интихоби либоси саҳнавӣ фикри шавҳаратонро ба инобат мегиред?

— Ҳатман ба инобат мегирам.

— Барои лоғарбадан гаштан парҳез мекунед?  Ё ба ягон намуди варзиш машғул мешавед?

— Рости гап, ман лоғарбаданиро дар ғизо намебинам. Таоми якуму дуюмро низ нотарсона тановул мекунам. Фикр мекунам, ки он барои ман нест, зеро табиатан чунин намуд дорам. Агар  каме дигаргуниро дар худ ҳис кунам, ҳатман машқ мекунам, гарчи барои варзиш фурсати алоҳида надорам.

— Шумо худро баъди панҷ сол дар кадом сатҳ дидан мехоҳед?

— Албатта, дар сатҳи ҷаҳонӣ. Мехоҳам санъати тоҷикро берун аз Тоҷикистон дар мамлакатҳои дигар муаррифӣ намоям.

— Хиёнатро бахшида метавонед?

— Магар хиёнат чизе ҳаст, ки онро бубахшанд? Ман Валентини Муқаддас нестам  охир,  ки бахшида тавонам.

— Воқеан мехостам донам, ки дар ин Рӯзи Ошиқон- Рӯзи Валентини

Муқаддас бо чӣ тӯҳфа шуморо хурсанд карданд?

— Тӯҳфаи аз ҳама хубе, ки маро хурсанд карда тавонад, ин таваҷҷӯҳ нисбатам аст. Албатта, ба ман гул тӯҳфа карданд. Аммо фикр мекунам он ид нест. Гарчи асоси он бузургии қувваи ишқ дар рафтори  Валентини Муқаддас аст. Барои ман ҷашни зодрӯз беҳтарин ид аст.

— Фикр намекунед, ки дар Душанбе зиндагиро ихтиёр намоед?

— Душанбе шаҳри ман аст. Ман он ҷо таваллуд шудаам. Аммо бо тақозои зиндагӣ ҷои зисти мо иваз гардид.  Бештари зиндагии ман дар пойтахт мегузарад имрӯзҳо, аммо муқими Хуҷандшаҳрам. Дар консертҳои давлатӣ,  маъракаву ҷамъомадҳои фарҳангӣ  ва ғайра даъват мешавам.

— Чӣ орзуест, ки шуморо сӯйи худ мехонад?

— Инсон ҳамеша бо орзу зинда аст. Мақсади зиндагӣ аст орзу. Орзуи аввалинам модар шудан аст. Дигар ин ки аз ҳамаи додаву нододаи Худоҷон шукрона мекунам. Мехоҳам тамоми инсонҳои рӯйи замин ба орзуи дилашон бирасанд. Мухлисони азизам обод бошанду шукуфтадилу шукуфтарӯй.

— Саломат бошед ва шумо низ ба орзуҳои неки дилатон бирасед.

— Ташаккур!

«ДИЛКУШО»

Хангоми истифода аз маводхои блог истинод ба мачаллаи «Дилкушо» хатми аст.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s