• Статистика

  • Blog Stats

    • 524,359 hits
  • Flag Counter

Махима Чоудхари: «БАЙНИ МАНУ АҶАЙ ДЕВГАН МУНОСИБАТЕ НЕСТ»

Mahima Chaudhary-Махима Чоудхори

Mahima Chaudhary-Махима Чоудхори

Махима Чоудхари амсоли гули нозанин ҳамеша хандонлабу нотакрор ва заминӣ аст. Ҳар як нақши ӯ самимӣ ва диданӣ буда аз якдигараш ба куллӣ фарқ мекунад. ӯро ҳанӯз аз филми «Pardes» (Дар ғурбат), ки дар он нақши духтари хоксори деҳотӣ бо исми Гангиро бозидааст, мешиносем. Махима духтари бениҳоят ҳассос ва хоксор буда, кибру ғурурро намедонад. ӯ 13-уми сентябри соли 1973 дар шаҳри Келовнаи  давлати Канада ба дунё омадааст. Номи аслиаш Риту Чоудхари мебошад.

Ба саҳнаи ҳунар қадам ниҳодани ин зебосанам хеле таърихи тӯлонӣ дорад. Аммо мо тасмим гирифтем, онро барои хонандагони ҳафтаномаамон ба таври мухтасар шарҳ диҳем. Ҳанӯз аз синни наврасӣ ӯ ҳамчун модели мӯд ба фаъолият оғоз намуд. Ҳоло бошад Махима худро фориғ аз синамо тасаввур карда наметавонад. Зеро синаморо маънии зиндагии худ медонад.  Табиати нотакрорро меписандад ва истироҳатро танҳо дар оғӯши табиати зебо дуруст меҳисобад. Танҳоӣ барояш ниҳоят сангин аст. Дар байни ҷамъият буданро дӯст медорад.

Чаро Риту Махима шуд?

ӣ сабаб шуд, ки шумо  исми аслиатон Ритуро бо Махима иваз кардед?

— Баъд аз нақшофарӣ дар филми  «Pardes» коргардони он Субхаш Гхаи маслиҳатам дод, ки исмамро иваз кунам. Зеро байни 3000 талабгорони иҷрои нақши марказӣ, яъне Гангӣ, дар филми номбурда интихоб гардидам. Субхаш хеле зиёд мехост, ки маро ба сифати як бонуи дар ҷодаи ҳунар муваффақ бубинад ва ба андешаи ӯ комёбии бузурги Мадхури Диксит ва Маниши Корайли маҳз ба номи онон, ки бо ҳарфи «М» аст, вобастагӣ дорад. Маҳз Субҳаш маро бовар кунонд, ки ба худ номи Махимаро ихтиёр кунам.

— Иваз намудани  касби модели мӯд бо актриса қадами оқилона буд ба фикри шумо?

— Дар кӯдакӣ орзуи модели мӯд ё актриса шуданро надоштам. Зеро ҳамааш бароям тасодуфӣ буд. Ман ҳатто тасаввур ҳам намекардам, ки чунин шӯҳрат насибам хоҳад гашт. Аз замоне, ки бо Амирхон дар як ширкати тарғиботӣ фаъолият доштам, аллакай барои нақшофаринӣ дар филмҳо пешниҳодҳои зиёде низ буданд. Аммо он замон ман ин касбро ҷиддӣ қабул надоштам. Имрӯз бошад, фикр мекунам, ки санъат бароям мояи зиндагӣ ва маънои ҳаётам аст.

Каҷол нисбати Махима ва  шавҳараш  рашк дорад?

амкорӣ бо Аҷай Девган ва Каҷол дар филми «Бо дил бояд чӣ кор кард?» бароятон чӣ гуна буд? Нақши беҳтарини занонаро дар он шумо бозидед ё Каҷол?

— Баъди иҷрои ин нақш ман аз бисёр чизҳо баҳраманд гаштам. Аз Аҷай ва Каҷол барои раҳнамоияшон миннатдорам. Бароям ҳамкорӣ бо ин ду ҳунарманди бузург лаззати махсус бахшид. Бояд гуфт, ки Каҷол дар иҷрои нақши занона маҳорати нотакрор дорад. Ҳамеша орзу доштам, ки мисли ӯ комёб бошам.

— Овозаҳое низ дар мавриди муносибати шумо бо Аҷай зимни банаворгирии ин филм буданд. Гӯё Каҷол ба шавҳараш манъ кардааст, ки бо шумо дар мавриди нақшофарии якҷоя дигар шартнома бандад.

— Овозаҳо ин як қисми зиндагии мо санъаткорон ба ҳисоб мераванд. Зеро гирди номи санъаткори асил ҳамеша овозаҳо паҳн мегарданд, вале аксаран онҳо ҷанбаи воқеӣ надоранд. Чунки байни Аҷай ва Каҷол муҳаббати самимӣ ва поктарин вуҷуд дорад, ба андешаи ман. Ва Каҷол он гуна инсоне нест, ки нисбати ман  чунин қарор барорад. ӯ дили бузург дорад.

— Дар кадом филм нақш офаридан бароятон хеле зиёд писанд буд?

— Ҳар як филм бароям мисли як фарзандонам азиз аст. Модар ҳеҷ гоҳ як фарзандашро аз дигараш беҳтар намедонад.

— Мегӯянд, ки шумо бештар бо ҳамроҳии модаратон зиндагӣ мекунед?

— Ин савол ҳамеша маро азият медиҳад. Бобби аксар вақт дар сафари корӣ аст . Вақте ӯ дар Мумбай аст, мо якҷояем. Аммо вақте ба сафар меравад,  дар  хонаи модарам меистем. Ин чӣ бадӣ дорад? Ман бо чунин зиндагӣ комилан хушбахтам ва шиквае надорам.

Издивоҷи Махима бо Бобби Мукхерҷи

Шумораи филмҳои Махима на он қадар зиёданд. Ҳамагӣ 34  филм.  Зеро ӯ дар як сол дар як ё ду филм нақш меофарад. Бисёр вақти хешро ӯ дар паҳлӯи маризону дардмандон ва мӯҳтоҷон мегузаронад. Беморони гирифтори саратонро дастгирӣ мекунад. Мехоҳад малҳаме бошад ба ҷисми хастаю дарманди эшон. ӯ бо аксари ҳунармандони машҳури Болливуд ҳамкорӣ кардааст.

Аз ҷумла Каҷол, Шилпа Шетти, Равина Тандон, Рекха, Прити Зинта, Хема Малини ва ғ. Инчунин орзу дорад бо ҳунарманди писандидааш Ҷухи Чавла нақш офарад.

Чанд сол қабл ӯ бо теннисбози машҳур Линдер Пас муносибати ошиқона дошт. Вале хиёнатҳои ҷавон боиси ҷудоияшон гашт. 19 марти соли 2007 дар Лас-Вегас маросими ҷашни арӯсии Махима бо меъмори шӯҳратманд Бобби Мукхерҷӣ баргузор гардид. Инчунин 23 марти ҳамон сол тӯйи анъанавии ҳиндувонаи эшон дар Ҳиндустон бо иштироки ёру дӯстон ва наздикон баргузор гардид. 10  июни ҳамон сол онҳо соҳиби духтарча гардиданд, ки айни замон ӯ панҷсола аст.

Бобби аз ҳамсари аввалаи худ Апарна Гандхи ду писар дорад.

Махима ҳеҷ гоҳ ба пояҳои баланди шӯҳрат баромаданро орзу намекард. Зеро ӯ фикр мекард, ки ҳеҷ чиз дар ин дунё абадӣ нест: на шӯҳрат, на мансаб, на зебоӣ ва на ҳаёти инсон. Ҳама чиз мисли оби равон даргузар аст, меандешид ӯ.

Аз ин рӯ дар ин умри кӯтоҳ зиндагие шоистае карда ба мардуми мӯҳтоҷу ниёзманд дасти мадад дароз карданро яке аз вазифаҳои неки инсонӣ меҳисобад. Шиори ӯ дар зиндагӣ танҳо некӣ ба дигарон аст, ки мехоҳад инсонҳои оянда касро бо як кори накӯяш ба хотир биёранд.

«ДИЛКУШО»

Хангоми истифода аз маводхои блог истинод ба мачаллаи «Дилкушо» хатми аст.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s